Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Иқтисоди рақамӣ ҳамчун фишанги асосӣ барои пешгирӣ намудан аз омилҳои коррупсионӣ

Ҷаҳони имрӯзаро падидаҳои нав фаро гирифтаанд, ки таҳти назар қарор додани онҳо барои пешравии давлату миллат ниҳоят муҳим мебошад. Яке аз ин падидаҳои нав иқтисоди рақамӣ мебошад, ки доир ба он дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 чунин ироа шудааст: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат менамояд ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд». 


Мавриди зикр аст, ки ҳангоми дуруст ба роҳ мондани механизми иқтисоди рақамӣ, якчанд бартариятҳоро мушоҳида кардан мумкин аст, аз ҷумла (идоракунии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сарфаи вақт, дастрасӣ ба иттилоот, шаффофият, мониторинг, коҳиш додани коррупсия ва диг.). Мубориза бар зидди коррупсия дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Мутаасифона, то имрӯз бар ҳеҷ як давлати дунё муяассар нашудааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад, вале аксари давлатҳои дунё тавонистаанд сатҳи ин падидаи номатлубро то ба ҳадде коҳиш диҳанд. 


Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки иқтисоди рақамӣ яке аз усулҳои асосӣ барои аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мегардад. 


Коррупсия-ришвахӯрӣ, рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, аз ин рӯ, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста гардонида, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум месозад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчанд ки пӯлодвор мустаҳкам бошад, батадриҷ, хароб менамояд. 


Аз ин лиҳоз, умедворем, ки ояндаи наздик дастаҷамъона барои пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ба воситаи иқтисодиёти рақамӣ дар кишвари азизамон камари ҳиммат баста, онро то дараҷае коҳиш диҳем. 



Ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Шералиев Ҷ.Д.