Мақолаҳо
Илҳом аз ҳисоботи солонаи ректор
Аз ҳисоботи солонаи киёи ректор Шукрулло Хайрзода банда барои худ чунин натиҷа ҳосил намудам: “Ҳар қадар ки суханҳои ӯро бишнавӣ, ҳар қадар суханҳои ӯ тӯл кашанд, дар худ ҳеч хастагиву мондагие эҳсос намекунӣ”. Ҳар сухани вай, бе муҳобо, бе зиёдатгуфторӣ, бе такаллуф, ҷуз он ки равшану фаҳмо ва содаву бемуболиғаанд, лаззатбахшу ғизодиҳанда низ ҳастанд. Дар айни шунидан ба худ мегуфтам: “Кош, ӯ бо ин ҷазабаи нутқу мояи гуфтор филолог мешуд, бо ҳусули таҷорибу гузашти айём хеле тараққӣ мекард ва дар ин айни ҷавонӣ донишманди хуби риштаи суханшиносӣ мешуд”.
Ин суханҳо нисбати муҳтарам ректор – ҳама аз рӯйи сидқанд ва ҳељ гуна сӯинияте дар худ надоранд ва орӣ аз ҳама гуна бофтҳову тофтҳоянд, вагарна ин ҷонибро бар такаллуфу хушомад чӣ кор, ки шукр аз хисоли манфури тамаллуқгӯиву ситоишгарии ҳадафмандона муарро ҳастам. Ҳар кас бар ин бовар надорад, худ биёяд ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, бипояд, кай ҷаласа ё маҷмае дар ин даргоҳи илму дониш барпо мегардад, иштирок намояд ва бишнавад, ки ректори он чӣ гуна сухан мегӯяд ва чӣ хел озодона, бе ғалабаи эҳсосот дар ҳар мавзӯъ изҳори ақида менамояд.
Чун аввалин рӯзе, ки қадам бар ин даргоҳи маърифат гузоштам, хеле маҳзун будам ва ба худ мегуфтам, ки тақдири ту аз ин баъд чӣ хоҳад шуд? О, ту докторӣ дифоъ кардӣ, бояд ба риштаи марбутаи худ ҷалб шавӣ, дар факултаи филологӣ таълим диҳӣ! Ростӣ, ин фикр то охирин рӯзҳои соли 2020, то шунидани ҳисоботи ректор маро азоб медод, дар тазйиқ меовард. Худро гоҳо тасаллӣ медодам, ки шояд ин таъсири бемориҳои лаин аст, ки аъсоби ҳазорон инсонҳоро заҳрогин намудааст, ё фишори машғалаҳои рӯзгор аст ва ё асароти хастагизойи илму таълиманд, ки мондаам карданд. Вале, ҳақиқат ин аст, ки ман бар асари суханрониҳои уммедворкунандаву равшанидиҳандаи киёи ректор аз имсол табдили фикр кардам: дуруст кардам, ки ба ин даргоҳ омадам ва шукр, ки ин даргоҳро пас аз сипаридани заҳматҳои зиёди илмӣ ва дарёфти унвони пуршарафи илмӣ макони доимии кору пайкори омӯзгории хеш ва маншаи ризқи оилаи худ интихоб намудам. Ин даргоҳ низ, бо ин ки ғайрифилологӣ аст ва пурра ба ихтисосҳои иқтисодӣ марбут аст, суханшиносону суханфаҳмони зиёде доранд, оғоз аз сарвари ин муассиса!
Ҳисоботи ректори донишгоҳ дар се самт: таълим, илм ва тарбия ҳамаи устодону омӯзгоронро қонеъ намуд ва кӯшишҳову талошҳои ҳайати муассисаро дар ҳитаи як соли мушкилу пурташвиши ду ҳазору бист инъикос намуд. Дар иртибот бар сохтмонҳои наву ҷории донишгоҳ низ ҳозирин ҳисоботи уммедворкунандае бишниданд. Бо анҷом ёфтани сохтмони бинои таълимии №5 ва ифтитоҳи он умед аст, ки оғӯши донишгоҳ барои қабули донишпарварону иштиёқмандони илм боз ҳам кушодатар мегардад ва сели ҳавохоҳон аз осмони умеду орзу бар ин покбуми маърифат аз ин ҳам бештар фурӯ хоҳад рехт. Ин ҳама, албатта, ба мӯҷиби саъю талошҳои ҷиддиву муҳтотона ва содиқонаи роҳбари муассиса аст, ки ҳадафҳои оливу пурсафои Пешвои азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти эъмору обод кардани Тоҷикистони муқаддасамон дар маҳдудаи як порчаи кӯчаки он – Донишгоҳи давлатии молияву иқтисод ба нуқтаи меҳвар пайванд месозад.
Дар суханронии киёи ректор як нукта бандаро сахт муассир сохт ва гирифтори тазйиқи виҷдонӣ намуд: “Донишгоҳ хонаи дуюми шумо не, хонаи якуми шумост, зеро дар ин ҷо кор мекунед ва маош гирифта, ризқу рӯзии аҳли оилаатонро фароҳам месозед. Агар инсон дар ҷое кору фаъолият накунад, ризқи фарзандони худро чӣ гуна ба даст меорад? Бинобар ин, ҳар як корманди донишгоҳ бояд дар таблиғу ташвиқи ин даргоҳи маърифат кӯшише ба харҷ диҳад”. Ростӣ, ин суханон зойидаи ҳикмату мантиқанд. Дар ҳақиқат, агар мо дар ин муассиса фаъолият накунем, чӣ гуна рӯз хоҳем гузаронид? Охир, ин боргоҳи пок сабаби ризқу рӯзии мо нест? Пас, мо бояд дар таблиғу ташвиқи ин макони илму маърифат ҷиддан саъю талош варзем ва барои ҷалби ҳаводорону доништалабон кӯшо бошем! Охир, ин таблиғу ташвиқи маърифат аст, на ягон чизи дигар. Охир, ҳар қадар донишҷӯён бисёр бошанд, ин ба манфиати ҷумҳурии азизамон аст-ку! Маърифатнокии ҷомеа ва махсусан насли ҷавони он аз аҳдофи якумдараҷаи давлату ҳукумати мо аст ва риштаи пайванди он аз андешаҳои хирадмандонаи сиёсатсолори кулли тоҷикон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.
Дар ниҳояти баромади хеш муҳтарам ректор бо хабари хуши худ ҳама устодону кормандони донишгоҳро хурсанд намуд: оғоз аз 1-уми январи соли нав маоши ҳама кормандони донишгоҳ аз ҳисоби махсуси муассиса 15% афзуда хоҳад шуд. Бо шунидани ин хабари хуш ҳамаи ҳозирин аз ҷой бархоста, дуру дароз даст аз қарсак барнадоштанд, ки ин гувоҳӣ аз хушнудиву сурури беҳадди онон медод.
Намедонам, барои чӣ буд, бо шунидани ин хабари хуш дар хаёлам ин байти шиквоияи Хоҷа Ҳофиз омад:
Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.
Ва ман дар ҳамон ҳолати хушнудиву қарсакзании ҳозирин дар хаёли худ байти мазкурро бадоҳатан табдили маънӣ намудам:
Сухандониву хушхонӣ чи хуш варзанд дар ин ҷо,
Биё, ҷоно, ки мо худро ба донишгаҳ дарандозем.
Ва ба худ гуфтам: Хоҷа шояд бо каромати хеш ин суханро дар дили ман андохт. Агар ман дар табдили мазмуни байти вай бебокӣ карда бошам, ӯ маро бубахшад, аз равони поки ӯ узр мепурсам; чун ин амал аз ғалабаи эҳсосот аз ман сар зад, аз ғалабаи хушнудӣ, умеди бештар ба фардои дурахшонтари устодон ва оилаи онон! Ин хабар озарахше шуд, ки қалби ҳамаи ҳозиринро равшантару гармтар намуд. Ҳар чи буд, набуд, сабаби пайдоиши ин сухан хабари пурхайри Хайрзода буд, ки ояндааш ин роҳбари ҷавони хирадманд ва наздикбину дурандешро бахайр бодо!
Ниҳоятан, аз ин ҷаласаи фархундафарҷом барои худ чунин натиҷа баргирифтам: ман чун як узви бочизу ночизи ҳайати ин даргоҳи муқаддас агар худро нисбат ба фардои он бетараф биангорам, камоли бевиҷдониву инсоф ва куфрони неъмат хоҳад буд. Ва бетарафӣ ба тақдири як даргоҳи маърифат – ин бетарафӣ ба ҷомеа ва кишвари азизамон низ хоҳад буд! Бинобар ин, ҳазар аз бетарафӣ!
Озод Саидҷаъфаров, профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ