Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Аз мамлакати аграрӣ – индустриявӣ ба мамлакати индустриявӣ – аграрӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охиринашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табдил додани кишварамон аз мамлакати сохти иқтисодиаш аграрӣ – индустриявӣ ба мамлакати сохти иқтисодиаш индустриявӣ – аграрӣ ба вазорату идораҳо, ниҳодҳои дахлдор, олимон, иқтисодшиносон, мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёти воқеӣ, кишоварзону саноатчиён ва инчунин, ба соҳибкорон дастуру маслиҳатҳо ва фармоишҳои амиқ доданд. 


Вобаста ба ин, мехоҳем, пеш аз ҳама, ба мафҳумҳои «мамлакати сохти иқтисодиаш аграрӣ – индустриявӣ» ва «мамлакати сохти иқтисодиаш индустриявӣ-аграрӣ» равшанӣ андозем. Кишварҳо вобаста ба вазни қиёсии (ҳиссаи) соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар маҷмӯи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, асосан, ҳаҷми умумии нишондиҳандаи макроиқтисодии Маҷмӯи маҳсулоти умумӣ, ё Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сохтҳои гуногуни иқтисодӣ ҷудо мешаванд. Дар воқеият танҳо ду сохти иқтисодӣ вуҷуд дорад: сохти иқтисодии аграрӣ – индустриявӣ ва сохти иқтисодии индустриявӣ – аграрӣ. Кишваре, ки дар сохтори соҳавии ММУ-яш вазни қиёсии (ҳиссаи) маблағи маҳсулоти умумии аз соҳаи кишоварзӣ бадастовардааш нисбат ба дигар соҳаҳои иқтисодиёт зиёдтар бошаду баъди он дар ҷои дуюм тибқи ин нишондиҳанда соҳаи саноат мавқеъ ишғол карда бошад, он гоҳ ин кишвар мамлакати сохти иқтисодиаш аграрӣ – индустриявӣ (аграрӣ - саноатӣ) номида мешавад. Дар ҳолати баръакс, агар дар сохтори соҳавии ММУ-и кишвар вазни қиёсии маблағи маҳсулоти умумии аз соҳаи саноат бадастовардааш нисбат ба дигар соҳаҳои иқтисодиёт зиёдтар бошаду баъди он дар ҷои дуюм тибқи ин нишондиҳанда соҳаи кишоварзӣ мавқеъ ишғол карда бошад, он гоҳ ин кишвар мамлакати сохти иқтисодиаш индустриявӣ - аграрӣ мебошад. Дарвоқеъ, мамлакати сохти иқтисодиаш сирф саноатӣ, ё сирф кишоварзӣ вуҷуд надорад, зеро кишварҳое, ки асосан маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол менамоянд (асосан дар Африко ҷойгиранд), гарчанде ки дар онҳо соҳаҳои тараққикардаи саноат мавҷуд нестанд, ба ҳар ҳол як навъ соҳаҳои косибӣ ё азнавкоркарди маҳсулоти кишоварзӣ вуҷуд доранд. Ҳамчунин, дар кишварҳои мутараққии саноатии дар минтақаҳои яхбастаи доимӣ ҷойгирифта низ дар ҳолати мавҷуд набудани заминҳои корам, соҳаҳои чорводорӣ (гавазнпарварӣ), моҳидорӣ ва дар гармхонаҳо парвариши зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва гулҳо метавонанд ҷой дошта бошанд. 


Тоҷикистон мамлакати сохти иқтисодиаш аграрӣ – индустриявӣ маҳсуб меёбад, зеро дар сохтори соҳавии ММУ ҳиссаи маҳсулоти аз соҳаи кишоварзӣ ба даст овардашаванда нисбат ба дигар соҳаҳо зиёдтар буда, ҷои дуюмро тибқи нишондиҳандаи мазкур соҳаи саноат ишғол менамояд. Мисол, соли 2017 дар мамлакат маблағи ММД – и мамлакат аз тамоми соҳаҳои иқтисодиёти воқеӣ 61093,6 млн. сомониро ташкил медод, аз ин ҷумла 24576 млн. сомонӣ (40,2%) дар соҳаи кишоварзӣ ва 20029 млн.сомонӣ (32,8%) дар соҳаи саноат ба даст оварда шуда буд. Яъне, қисми асосии маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст. Ба кишвари сохти иқтисодиаш индустриявӣ – аграрӣ табдил додани Тоҷикистон маънои онро дорад, ки дар сохтори соҳавии ММД вазни қиёсии (ҳиссаи) соҳаи саноат аз соҳаи кишоварзӣ баландтар бошад. 


Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки минбаъд таваҷҷуҳи асосӣ бештар ба соҳаи саноат дода шавад. Соҳаи кишоварзӣ аз тамоми соҳаҳои дигари иқтисодиёти воқеӣ ва ҳатто аз соҳаи саноат ҳам болотар меистад, зеро маҳз дар ҳамин соҳа зиёда аз ¾ ҳиссаи он маводи озуқаворие, ки мардум истеъмол мекунанд, истеҳсол карда мешавад. Аммо талаботи замон, хусусиятҳои чуғрофӣ ва боигариҳои табиии фаровони кишварамон имрӯз зарурати раванди саноатикунониро асоснок менамоянд, ки аз инҳо иборатанд: 


1. Барои кишварамон имрӯз иқтисодиёти рушдёфтаи устувор ва рақобатпазир зарур аст, ки онро танҳо аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ наметавон таъмин намуд, зеро дар тамоми ҷаҳон кишоварзӣ соҳаи фоидаовар набуда, дар дотатсияи (кумаки) давлатӣ қарор дорад ва қодир нест, ки лоиҳаҳои калони аҳамияти муҳимдоштаро аз ҳисоби худаш маблағгузорӣ намояд. Таъйиноти асосии соҳаи мазкур, асосан, таъмин намудани аҳолӣ бо маводи озуқавории ҳаётан муҳим мебошад, на таъмини рушди иқтисодӣ. Барои мисол, дар мавриде, ки тирамоҳи соли гузашта(с. 2020) деҳқони сабзикор ҳар 1кг сабзии коштаашро ба яклухтфурӯшон бо нархи 40-50 дирамӣ фурӯхтааст, аз кадом рушди иқтисодӣ метавон сухан гуфт. 


2. Барои соҳаи кишоварзӣ воситаи асосии истеҳсолот замин маҳсуб меёбад. Ҳамаи воситаҳои дигари истеҳсолот ва қувваи корӣ маҳз ба замин равона карда мешаванд, то ки натиҷа, яъне ҳосил ба даст оварда шавад. Афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба гардиши хоҷагии қишлоқ воридсозии майдонҳои нави заминро талаб мекунад. Аммо дар сарзамини камзамини мо канӣ он заминҳо? Ба ҳамагӣ 7% масоҳати кишварамонро ишғол кардани ҳамвориҳо нигоҳ накарда, майдонҳои киштшаванда ҳамасола тамоюли пастравандаро доранд, зеро ба чораҳои сахттарини ҳуқуқии оид ба фурӯши замин андешидаю татбиқнамудаи давлат нигоҳ накарда, ҳамасола аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллӣ бо роҳҳои коррупсионӣ «обу лой» кардани заминҳои ҳосилхез дар авҷ аст. Барои мисол, тибқи маълумоти расмии хадамоти омори кишвар динамикаи майдонҳои кишт дар мамлакат чунин буд (ба ҳисоби ҳаз. га): соли 2005 - 901,1, соли 2008 – 888,9, соли 2014 – 850 ва соли 2017 – 837,2. Дар тӯли солҳои 2005 – 2017 майдонҳои кишт ҳамасола пай дар пай кам шуда, ҳамагӣ ба миқдори 63,9 ҳаз. га расидаанд. 


3. Тоҷикистон дорои боигариҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданоки зеризаминии фаровон мебошад, ки қисми зиёди онҳо ҳанӯз ҷустуҷӯ ва ё истихроҷу коркард карда нашудаанд. Бо роҳи ҷалби сармоягузориҳои худӣ ва хориҷӣ азхуднамоӣ ва истихроҷи канданиҳои зеризаминӣ ва дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондани саноати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатӣ метавонад суръати баланди рушди соҳаи саноатро таъмин намуда, ҳиссаи маҳсулоти онро дар сохтори соҳавии ММД нисбат ба дигар соҳаҳо, аз ҷумла нисбат ба соҳаи кишоварзӣ баланд бардорад ва сохти иқтисодии мамлакатро тағйир диҳад, яъне онро ба кишвари индустриявӣ – аграрӣ табдил диҳад. Барои ноил гаштан ба ин мақсад рушди саноати гидроэнергетикӣ яке аз нақшҳои ҳалкунандаро хоҳад бозид. 


Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори он кишварҳое мансуб аст, ки дар онҳо замин захираи гаронбаҳотарини табиӣ маҳсуб меёбад. Аммо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳаётан муҳими кишоварзӣ, ба монанди гӯшт, шир ва тухм мутобиқан ҳамагӣ аз 9,28 ва 5,5 % талаботи бозори истеъмолӣ зиёд нестанд. Ба дараҷаи меъёрҳои физиологӣ наздик овардани ҳаҷми истеъмоли маҳсулотҳои мазкур суръати хеле баланди истеҳсолоти ватании онҳоро тақозо дорад. 


Дар кишварҳои ҷаҳон рушди кишоварзӣ, асосан, бо ду роҳ таъмин карда мешавад: бо роҳи экстенсивӣ ва бо роҳи интенсивӣ. Кишварҳое, ки захираҳои беканори заминҳои киштшаванда доранд, бештар роҳи экстенсивиро, яъне ба гардиши кишоварзӣ ҳамроҳ кардани заминҳои нави бекорхобидаро пеш мегиранд. Аммо тавре ки дар боло гуфтем, барои кишвари мо ин роҳ мавриди истифода қарор гирифта наметавнад, зеро захираҳои замини мо натанҳо маҳдуданд, инчунин, тамоюли камшавандаро доранд. Аз ин рӯ, барои соҳаи кишоварзии кишвари мо роҳи асосии рушд, ин роҳи интенсивист, яъне ба ҳар як қитъаи мавҷудаи замини даристифодабуда ба таври илова равона кардани хароҷотҳои иловагии истеҳсолӣ дар намуди поруи маҳаллӣ, нуриҳои маъданӣ, сарфи иловагии меҳнат барои парвариши хуб ва ҳаматарафа ба раванди агротехникӣ илова кардани зинаҳои иловагии ба баландшавии ҳосилнокӣ таъсиррасонанда ва ғайра, ки натиҷааш ба даст овардани ҳосили иловагӣ аз ҳамон як воҳиди майдони кишт мебошад. 


Заминдории обёришаванда самти асосии интенсивикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад, ки мавҷудияти ду омилро тақозо дорад: мавҷудияти захираҳои заминҳои барои ин мақсадҳо коршоям ва будани захираҳои обӣ барои обёрикунии зироатҳои обӣ кофӣ, бидуни коҳиш додани манфиатҳои дигар истифодабарандагони об. Хусусияти заминдории обёришавандаи Тоҷикистон он аст, ки дар ҷое, ки захираҳои об фаровонанд, дар он ҷой захираҳои замини барои обёрӣ мувофиқ каманд (ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ ) ва баръакс дар мавзеъҳои дорои майдонҳои васеи тахту ҳамвори барои обёрӣ мувофиқ захираҳои об маҳдуд ва ё умуман мавҷуд нестанд (даштҳои ноҳияҳои Данғара, Ёвон аз вилояти Хатлон, даштҳои ноҳияҳои Деваштиҷ, Шаҳристон, Истаравшан аз вилояти Суғд). Азхуднамоии ин заминҳо хароҷоти калонро барои сохтани неругоҳҳои обкашӣ, шабакаҳои интиқоли об, кофтани чоҳҳо барои кашида гирифтани обҳои зеризаминӣ талаб менамоянд, ки иҷрои ин корҳо бе кумаку дастгирии молиявию техникии давлат имконнопазир мебошад. Истифодаи роҳи интенсивии рушди соҳаи кишоварзии кишвар имкон медиҳад, ки бо вуҷуди ҷой доштани тамоюли пастравандаи майдонҳои киштшаванда, талаботи аҳолии мамлакат ба маҳсулоти озуқавории истеҳсоли хоҷагии қишлоқ то ба андозае қонеъ гардонида шуда, ба меъёрҳои муқарраркардашудаи физиологӣ наздик оварда шавад. 


Албатта, иҷрои вазифаи дарпешгузоштаи Сарвари давлатамон ин кори яксолаву дусола нест. Ин ташаббус, кордонӣ, ҷидду ҷаҳд, бунёдкорӣ, дарёфти манбаъҳои сармоягузориҳо, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо барои рушди соҳаҳои афзалиятноки саноат ва давра ба давраю зина ба зина тезонидани суръати раванди мазкурро талаб менамояд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки мо дар ояндаи начандон дур дар баробари соҳаи кишоварзии гулгулшукуфта, инчунин, соҳиби соҳаи саноати то ба дараҷаи ба талаботи замон ҷавобгӯю рушдёфта гардем ва кишвари мо дар сафи мамолики сохти иқтисодиашон индустриявӣ-аграрӣ мавқеи устуворро ишғол намояд. 



Аслон Ҳомидов, н.и.и., дотсенти кафедраи суғуртаи ДДМИТ