Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Пешравии Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддинро ором намегузорад

Давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо як суръати баланд тараққӣ карда истодааст. Мо - мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он ҳастем, ки давлати дар байни оташи ҷангу харобазор қарор доштаро, ки умуман ба сулҳ ва осоиштагии он боварии касе намеомад, ин марди абарқудрат роҳбарии онро дар чунин вазъияти душвору вазнин ба уҳда гирифта, таъмини амният ва сулҳро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ваъда карда, онро дар амал татбиқ гардонид. 
Сулҳу осоиштагӣ ва пешравии давлати мо имрӯз аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва умуман тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ таъмин мебошад. Бояд дарк намуд, ки ин гуна пешравиҳо бо меҳнат ва заҳмати гарони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат таъмин гардонида шудаанд. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки Сарвари давлати мо тавофи хонаи Каъба карда, вориди хонаи Худо шудааст, ки ин аз фазилати бениҳоят баланди он кас дарак медиҳад. Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шукрона кунанд, ки Худованд чунин Сарвари оқилу фарзона ба Ватани мо насиб гардондааст. Ва ҳар касе, ки осоиштагӣ, сулҳу ваҳдати ягонагӣ ва пешравиҳои ҷамъиятии ин давлатро эътироф намекунад бе ягон мубоҳиса ҳамчун фарди носипос ва бехираду хоин бояд муаррифӣ карда шавад. 
Мутаассифона, нафароне низ вуҷуд доранд, ки барои манфиати хеш шуда, мехоҳанд Ватани худро бифурӯшанд, ки онҳо ҳамчун хоини миллат эътирофшуда мебошанд ва амали чунин нафарон метавонад бисёр харобӣ ва умуман боиси сар задани ҷангу хунрезиҳои зиёд шавад. Аксарияти ин нафарон дар зери ниқоби Ислом, бо гирифтани ёрии моддиву маънавӣ аз хориҷи кишвар мехоҳанд дар давлати тинҷу осоиштаи мо ҷангу хунрезӣ эҷод намоянд.Яке аз чунин ашхос Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки шарафу номуси худро ба ивази пулу мол фурӯхта, дар хориҷи кишвар фаъолияти тахрибкорона бурда истодааст. Ин нафар, ки бо ҳамҷинсгароии худ миёни қумондонҳои афғон маъруф аст, мехоҳад бо истифода аз арзишҳои дини мубини ислом ба ҳадафҳои нопоки худ расад, ки аз ин амали бешарафтаре нест. Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ суханони нодурусти ин ватанфурӯшу танфурушро мушоҳида намудан мумкин аст, ки бо суханони иғвоангез ва таҳқиркунанда мехоҳад ба ҳар гуна восита ба вазъи муносибатҳои шаҳрвандӣ нисбати сиёсати давлат халал расонанд. 
Дар яке аз баромадҳои худ дар Созмони миллали муттаҳид Пешвои миллат баҳри ҳифзи Исломи асил чунин суханҳои таърихиро гуфта буданд: «Терроризм ва экстремизм миллат, дин ва нажод надорад». Яъне аз ин суханони пурмазмун ба хулосае омадан мумкин аст, ки нафароне, ки даст ба ин гуна ҷиноятҳо задаанд, новобаста аз табақаи ҷамъиятиашон дар назди қонун ҷавобгар буда, ягон василаи дин, мазҳаб ва нажод ба онҳо баҳона шуда наметавонад. Ҳар як фарди бо ору номус бояд дар рафъи омилҳои террористӣ ва экстремистӣ саҳми худро то андозае гузорад. 
Давлати азизи мо, ки бо як суръати баланд ва руҳияи болида рӯ ба тараққӣ овардааст, мо шаҳрвандони ин мамлакат бояд бо як самимияти хоса дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гулгуншукуфоии ин диёри зебоманзари худ камари ҳиммат баста, ба давлату миллати хеш софдилона хидмат кунем. Танҳо мавқеи фаъоли сиёсии ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад тинҷию осудагиро дар ҷомеаи мо ҳифз кунад ва барои пешрафти осоиштаи кишвар замина муҳайё созад.