Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Технологияҳои рақамӣ – шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар бораи ба Ҳукумати электронӣ ва гузаштан ба низоми электрониву рақамӣ таваҷҷуҳи асосӣ равона намуданд. Ин Паём чун дастуру рӯйимизии ҳар як корманди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мо, омӯзгорони ин муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат, онро бо майли тамом ва бодиққат гӯш намудем, то оянда дар асоси ин дастуру супоришҳо кору фаъолият намуда, дар пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиби худро гузорем. 
Бо мақсади таҳкими асосҳои интистутсионалии иқтисоди рақамӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъатбахши раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ», инчунин баҳри ташаккул ва тақвияти соҳаи рақамикунонӣ низ андешаронӣ намудаанд. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки иқтисоди рақамӣ шакли нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ буда, ба натиҷаҳои иқтисодиёти кишоварзӣ, саноатӣ ва барои ба сатҳи нав баровардани онҳо кумак мерасонад. Дар ин баробар, он ба рафъи маҳдудиятҳои имкониятҳои ҷисмонии инсон, яъне бо истифодаи технологияи иттилоотӣ қувваи инсонӣ ва фаъолияти он пурзӯртар мегардад. Истифодаи босифати технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ қувваи пешбарандаи афзоиши самаранок ва оптимизатсияи тамоми низомҳои иқтисодӣ мебошад. 
Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири буҳрони молиявӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорони инноватсионӣ, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, гузариш ба иқтисоди рақамӣ талошҳои зиёд варзида истодааст. 
Дар ин самт, пеш аз ҳама, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатманд лозим меояд. Барои беҳтаргардонии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат мебошад, имкониятҳои бештар ва шароити хуби корӣ пешниҳод намудан лозим аст. 
Низоми электрониву рақамӣ дар баъзе аз субъектони бахши давлатӣ мавҷуд буда, барои пешрафти фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории он кумак мерасонад, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электоронӣ ҷавогӯ мебошад. Вобаста ба ин масъала, Президенти мамлакат таъкид карданд: «Бо мақсади танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти назоратӣ супориш дода мешавад, ки барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектони дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ чораҳои бетаъхир андешанд». 
Хуллас, ҳадафи асосии мамлакат баланд бардоштани сатҳи маърифати иқтисодии мардум ва беҳтарнамоии иҷтимоии аҳолӣ, инчунин ҷавобгӯ будани иқтисодиёти кишвар ба талаботи ҷаҳонӣ аст. Аз ин рӯ, мо бояд дар даврони пешрафти техникаву технологияҳо пояҳои моддиву техникии субъектони иқтисодии ҷумҳуриро пурра таъмин намоем. 


Ҳусейн Носирзода, сармутахассиси Маркази такмили ихтисоси ДДМИТ, ассисетенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ