Мақолаҳо
Паём машъалест барои хурду бузурги миллат
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати бузурги барномавии солона, ки фарогири тамоми масоили сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар эътироф гардидааст. Инчунин, инъикоскунандаи фикру андешаҳои наҷибона ва хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Паём машъалест, ки хурду бузурги миллати тоҷикро тӯли як сол роҳнамоӣ карда, ба сӯи ояндаи нурафшон ҳидоят мекунад. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қабл аз оғози соли нави 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гашта, дар маҷмуъ барои аҳолии кишвар Паёми нерубахшу умедворкунанда аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар Паёми хеш таъкид бар он мекунанд, ки мо бояд барои беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои бошандагони Тоҷикистон, аз тамоми имконияту шароитҳо истифода барем. Агар ба муҳтавои Паём эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахш барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд. Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама масъалаҳои зиёд намудани захираҳои дохилии молиявӣ, дар сатҳи устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, сиёсати андозу буҷет, рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ мебшад.
Воқеан ҳам, пешравии тамоми соҳаҳо ва беҳшавии зисту зиндагонии мардум аз шароити мусоиди иқтисодӣ вобаста аст. Бинобар ин, нуқтаи муҳими Паёми имсоларо зиёд намудани нафақа ба андозаи 20 ва 50 фоиз ва стипендия ба андозаи 30 фоиз ташкил мекунад, ки аз ҷониби мардум ҳамовозии кулл пайдо кард. Инчунин, зимни суханронӣ Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки шумораи донишҷӯён ва мутахассисоне, ки барои таҳсил ва такмили ихтисос ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар фиристода мешаванд, зиёд карда шавад, ки ин ҳам барои обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон чораҳои айни муддао мебошад.
Аз ҳар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди шукуфоӣ, пешрафту таъмини зиндагии шоиставу босаодати мардум ба назар мерасад, ки ин ҳама аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дарак медиҳад.
Халикова Нигора, донишҷӯи курси 4, ихтисоси иқтисодиёти молия ва бонкии факултети молия ва қарз