Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Сада - ҷашни аҷдодӣ ва таърихӣ

Ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Садаро гузаштагонамон "Ҷашнҳои чоргона" номидаанд. Ин идҳои суннатии халқҳои Шарқ ва хоси эронинажодон аст ва ҳар яке дар заминаи воқеаҳои нотакрор пайдо гашта, хусусиятҳои фарқкунанда ва хоси худро доранд. Ҷашни Сада чун дигар идҳо яке аз ҷашнҳои басо қадимаи мардуми форсзабон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзиҳо, рақсу таронаҳо, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Дар осори илмию фарҳангии абармардони форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Наршахӣ, Байҳақӣ ва чанде дигарон оид ба ин иду ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд. 
Дар "Ғиёс-ул-луғот" омадааст: "Сада дар забони форсӣ номи ҷашнест аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман рост меояд". Дар китоби дигаре бар замми такрори гуфтаҳои боло ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми моҳи баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд. Зеро ба гуфтаи Берунӣ, форсиёни қадим шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд. Аз сабаби солҳои кабисаро ба эътибор нагирифтани аҷдодони қадимаамон ҳар сол моҳҳо ва пасу пеш омадани онҳо аз 4 то 10 рӯз фарқ мекард ва рӯзи даҳуми моҳи баҳман ва панҷоҳ шабу рӯз пеш аз Наврӯз омадани Сада гувоҳи он аст, ки иди Сада пас аз 29 январ ҷашн гирифта мешудааст. Аз рӯи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза) ин сана ба 29 январ - рӯзи аввали чиллаи хурди зимистон рост меояд. 
Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар ин ҳангом асбобу олот ва дигар техникаи кишоварзӣ таъмир гардида, ба мавсим тайёр карда мешавад. Дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералию органикӣ захира мегардад. Яхобмонии баъзе қитъаҳо ба роҳ монда мешавад. Хулоса, дар Сада деҳқон ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мегирад. 
Абулқосим Фирдавсӣ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин - Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода, чунин менависад: "Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш пайи шикор ба кӯҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандаи дарозу сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фаввора мезад. Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта ба сари мор заданӣ мешавад, вале мор сӯйи дигаре меҷаҳад ва ба санги дигаре бархурда оташ падид меояд. 
Сипоҳиёни ҳайрон бо нигоҳҳои савол ба шоҳ менигаристанд. Ҳушанг аз онҳо бештар ҳайрон гашта бошад ҳам, ғурур, шаҳомати шоҳонаи худро нигоҳ медошт. Шоҳ бо инояти фарри яздонӣ дар умқи дилаш дарк мекард, ки дар ҳаёти ӯ ва умуман, дар таърихи инсоният воқеаи муҳиме рӯй дод. Аммо ҳанӯз то ба охир дарк карда наметавонист, ки чӣ ҳодисае. 
Мор кушта нашуд, вале сирри оташ кушода шуд. Ҳушанг ва ёронаш дар ҳайрат монданд. Ӯ гуфт: "Ин шуоъ фурӯғи худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд табаррук донем ва парастем». Ҳамин тавр, ин маросим ҳар сол дар ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешуд, ки баъдтар ба анъана табдил ёфт ва ҷашни Сада ном гирифт. 
Ана ҳамин тавр, бо ҳукми тасодуф ва алоқамандию таъсиррасонии ҷисмҳо, бо инояти Офаридгор оташ пайдо гашт. Ҳушанг чанд рӯзро бо оташбозӣ гузаронид. Махсусан, шабҳои торик бо ҳамроҳонаш ба ин кор машғул мешуд. Сангро бо санг зада шарора пайдо карданро омӯхтанд, аз он чӣ гуна оташ гиронданро аз худ намуданд. Чӯбҳои хушкро болои оташ гузошта, чанд муддат нигаҳ дошта тавонистанро аз бар карданд ва ниҳоят шоҳ ва шариконаш дарк намуданд, ки оташ дар сардӣ инсонро гарм мекунад, аз хунукӣ эмин нигаҳ медорад ва мору паранда, деву дад ва парию аҷина аз он ҳамчун аз аҷал метарсанд. Ҳушанг дарк намуд, ки оташ барояш кашф гардид ва ба ин муносибат атрофиёнашро ҷамъ оварда, ҷашн орост ва номи онро Сада гузошт. Ҳушанг шукри Яздонро ба ҷо оварда, ҳамон шаб оташи калоне афрӯхт ва ба атрофиёнаш эълон кард, ки ин фурӯғи яздонист ва агар касе хирадманд аст, онро бояд парастад. Ба ин муносибат Фирдавсӣ гуфтааст: 
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор, 
Паси ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр. 
Дар ин ривоят муҳимтар аз ҳама он аст, ки аҷдодони гузаштаи мо рӯзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузурге табдил додаанд. 
Ҷашни Сада то даври қабули дини мубини ислом дар Эронзамин васеъ ҷорӣ буд ва пас оҳиста-оҳиста таназзул ёфта, дар замони салтанати Ғазнавиён (962-1187) аз байн меравад. Ҳокимону шоҳон меоянду мераванд, аммо суннатҳои дар дили халқ ҷойгирифта ҳеҷ гоҳ аз байн намераванд. Он анъанаҳо ва расму русум аз насл ба насл мегузарад ва пасомадагон мероси гузаштагони худро пос медоранд. Ҳаргиз суннатҳои иди Сада низ аз дили мардум зудуда нагашта буд ва онро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегирифтанд. Дар кишвари мо ин ид бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардид. Мо солҳои тӯлонӣ ба иди Сада аҳамият намедодем. Аз унсурҳои ин ид дар байни аҳолӣ танҳо гоҳ-гоҳ оташафрӯхтанро ва ҳамчун нишонаҳои хурофот аловгардонии келину домод, оташпариҳо дар шомгоҳи рӯзи чоршанбе бо мақсади аз худ дур кардани қувваҳои бадӣ, аласкунӣ ва ё чароғмониҳо дар мазористону ҳангоми мушкилкушокунӣ ё оши бибиҳо боқӣ мондааст. Аммо ҳамаи ин анъанаҳои хурофотиянд, ки аксари онҳо бо иди Сада алоқаи нисбӣ доранд. Танҳо оташ ва муносибати пурмеҳри одамон ба он аз иди кӯҳан нишонаанд. 
Хуллас, тибқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ ва навиштаҳои уламою удабои маъруф Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷойи олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард, ки ба туфайли он барзгарон (кишоварзон)-и олам ранҷи заҳмати хешро афзун гардондаанд. 
Имрӯз, ки ҷашни Сада қонунан аз нав эҳё шудааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ ҷашн гирем ва ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ алоқаманд донистани он мутлақо хатост. Ин идест, ки аҷдодони дуру наздикамон ба шукронаи пайдо гаштани оташ меоростанд ва бояд барои гиромидошти оташ - муъҷизаи худодод, яке аз чор унсури офаранда (дар қатори обу хоку бод) ин иди бузург қайд карда шавад. Аз бархӯрдани ду санг пайдо гаштани оташ ин қонуни табиат аст ва Офаридгор дар ҳамон даври қадим дар шоҳидии Ҳушанг бо туфайли ба сӯйи мор санг андохтани ӯ барои инсоният онро офаридааст. 
Баъзе аз одобу русум дар миллатҳои бостонӣ чунон реша давондааст, ки бо дигаргуниҳои бузурги иҷтимоӣ низ аз байн нарафта, ҳамеша пойдор мондааст. Сарчашмаи бисёре аз ҷашнҳои бузургро, ки миёни миллатҳои гуногун имрӯз ҳаст, дар замонҳои пеш аз таърих метавон ҷустуҷӯ кард. Иллати барпо доштани ин ҷашнҳо аксаран аз ёд рафтаанд. Форсизабонон дар миёни миллатҳои дигар худ бад-ин сифат мумтозанд, ки хусусиятҳои миллии худро беҳтар ва бештар нигоҳ доштаанд ва бисёре аз одобу русуме, ки имрӯз миёни мо маъмул ва ҷорӣ аст, аз гузаштаҳои дуру дароз ҳикоят мекунад. 
Имрӯз моро зарур аст, ки чунин ҷашнҳои суннатию аҷдодии худро аз нав эҳё намоем ва тавассути нигаҳдошти чунин анъанаҳои аҷдодӣ мо метавонем фарҳанги миллии худро нигоҳ дорем. Зеро мо айни ҳол дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва дар ин раванд, воридшавии фарҳанги бегона ба фарҳанги мо хеле дар авҷ аст. Иди Сада - нахустин муждаи Баҳор мубораку фархунда бод! 


Парвиз Бобохонзода, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ