Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ҷорисозии технологияҳои рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вобаста ба тағйирёбии вазъият дар кураи Замин, дар солҳои 2019 – 2020, яъне дар натиҷаи пайдоиши бемории сироятии “Коронавирус” - СOVID -19 ва босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. 
Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодааст. 
Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо давлати моро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат бо таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба “иқтисоди сабз” тақвият бахшида, аз имкониятҳои мусоид истифода барад. 
Яъне, дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем. 
Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар соли 2021 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида, дар ин замина, иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7% ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад. 
Бо вуҷуди ин, масъалаҳои гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ, аз ҷумла низоми хариди электронии давлатӣ, ҷорисозии технологияҳои муосири рақамӣ дар тамоми соҳаҳои фаъоли ҷамъиятӣ бояд ба роҳ монда шавад. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон оид ба рушди технологияҳои инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ ба Ҳукумати кишвар чунин супориш доданд: “Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд”. 
Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷаҳон зери таъсири технологияҳои рақамӣ босуръат тағйир ёфта истодааст, ки паҳншавии босуръати онҳо дар иқтисоди ҷаҳонӣ аён аст. Воситаҳои нави рақамӣ аз ҷиҳати хосият ва қобилиятҳои худ ғайриодиянд, онҳо як системаи мураккабро ташкил медиҳанд, ки бо он инсон натанҳо воқеияти иқтисодӣ ва иҷтимоии атрофро тағйир медиҳад, балки онро идора карда метавонад. 
Аксарияти аҳолии ҷумҳурии мо зарурати азхудкунии салоҳиятнокии рақамиро эътироф менамоянд, вале сатҳи истифодаи компютерҳои шахсӣ ва шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионии интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бештари кишварҳои дигари ИДМ хеле паст буда, фарқияти ҷиддии малакаи рақамӣ дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ мавҷуд аст. 
Имкониятҳои рақамикунонии тамоми соҳаҳои фаъоли ҷамъиятӣ барои дар оянда гузаштан ба як шароити муҳими замонавӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои шаффоф арзёбӣ карда мешавад. 
Дар натиҷаи ба вуҷуд омадани бемории сироятии “Коронавирус” дар ҷаҳон, иқтисоди рақамӣ ҳамчун муҳаррики фаъол ба натиҷаҳои рушди худ омада расид, ки тамоми хизматрасониҳои саривақтӣ барои ҷамъиятро ин система ба танзим даровард. 
Ҷаҳони имрӯза иқтисоди рақамиро нисбат ба дигар омилҳои бахши иқтисодӣ афзалтар медонад, ки ин ҳамчун як падидаи рушди устуворӣ ба назар гирифта мешавад. 
Ҷорисозии технологияҳои муосири рақамӣ дар худ тамоми имкониятҳои замонавиро дар бар гирифта, барои тамоми истифодабарандагон ҳамчун муаммои замонавӣ боқӣ хоҳад монд. 


Давлаталӣ Қурбонализода, магистранти курси 1, ихтисоси молия ва қарз