Мақолаҳо
Бонкдорӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти давлат
Нақши бонкҳои ватанӣ дар пешравии иқтисодиёти мамлакат хеле назаррас мебошанд. Онҳо вазифаи миёнаравиро иҷро мекунанд. Бонкҳо аз субъекти хоҷагидорӣ маблағҳоро ҳамчун пасандоз қабул карда, қарз пешниҳод менамоянд.
Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар аз санаи 26-уми январи соли 2021 баён гардид, дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 ду фоиз зиёд мебошад. Пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар дар соли 2020 17,2 фоиз афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил карданд, ки ин гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва эътимоди мардум нисбат ба ташкилоти қарзӣ мебошад.
Дарвоқеъ, барои ҷалби зиёди пасандоз аввал боварии мардумро ба бонкҳои ватанӣ бояд зиёд кард. Дар вақти зиёд шудани пасандозгузорон бояд воҳимаро аз байн бурд, зеро хабару овозаҳои гуногун метавонад бонкро шикаст диҳад. Бонкҳо фоизи қарзиашонро паст кунанд, то мизоҷи бонк тавонад қарзи гирифтаашро сари вақт баргардонад. Дар натиҷа, бонкҳо амалиёташонро хуб ба роҳ монда, ба иқтисодиёт таъсироти худро расонида, ба болоравии иқтисодиёт саҳми худро мегузоранд.
Дар соли гузашта аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019 4,6 % зиёд мебошад. Маълум гардидааст, ки нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми сусти идоракунии корпоративӣ, зиёд будани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумлаи камбудиҳое мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд. Яке аз сабабҳои ба ин камбудиҳо дучор шудани ташкилоти қарзӣ, ин нодуруст идора кардани ташкилоти қарзӣ аз ҷониби кормандони соҳа, надоштани малакаи касбии бонкӣ, дуруст ҷо ба ҷо накардани кадрҳо дар бонк, баланд будани фоизи қарз дар бонкҳо мебошад, ки мизоҷон имконияти бозпас гардонидани қарзро пайдо намекунанд. Онҳо дар таърихи бюрои қарзии бонк дар рӯйхати сиёҳ қарор мегиранд. Барои ба ин камбудиҳо рӯ ба рӯ нашудан бонк бояд фоизи қарзиро паст ва имтиёзҳои қарзиро зиёд кунад, то мизоҷон зиёд гардад.
Тавре дар боло қайд кардем, бонкҳо дар пешравии иқтисодиёт нақши калидӣ мебозанд. Онҳо ба субъекти хоҷагидорӣ ва соҳибкорон қарзҳои фоизашон нисбатан сабук пешниҳод менамоянд, то ки онҳо тавонанд фаъолияти соҳибкориашонро ба роҳ монда, ба иқтисодиёти мамлакат таъсироти мусбии худро расонанд. Метавон гуфт, ки бонкдорӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти давлат ба ҳисоб меравад.
Дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт. Ин болоравии маблағҳои буҷетиро муайян мекунад.
Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина, муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум муайян гардидаст.
Валишер Тоҳиров, магистранти курси 1, ихтисоси аудит ва ревизия