Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Мубориза бо душманони миллат – ҳадафи аҳли ҷомеа

Имрӯз тафаккури танги ифротӣ ва фаъолияти харобиовари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ, ватани мо ва зиндагии ободу осудаи моро ҳадафи худ қарор додаанд. Ин аст, ки мубориза бо ин «вабои аср» як ҳаракати умумимиллӣ буда, бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯст, новобаста аз касбу кор, синну сол ва аз мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин мубориза саҳми худро гузорад. 


Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои минтақаро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддию маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин тафаккур ва ин қувва бошад. 


Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёнӣ динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳҳои террористии ба ном «давлати исломӣ» ва ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлат, миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Албатта, ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва баору номус дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он мубориза мебарад. Вале дар масъалаи гурӯҳҳои ифротию террористӣ бояд гуфт, ки хатари он натанҳо ба Ҳукумат ва сохтори сиёсӣ, балки бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст. Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол шуда, ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил карда шаванд ва ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бечунучаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. 


Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, дар низомномаҳо ва дар маводи таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст. Масалан, харитаи ифротгароёнаи «Ҳизби таҳрир» солҳоест, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи «бунёди хилофати ягонаи исломӣ»-ро таблиғу ташвиқ менамояд, ки дар он давлатҳои мустақили минтақаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, фақат ҳамчун ноҳияҳои хурди таркиби ин «хилофат» пешбинӣ шудаанд. 


Созмони даҳшатангез ва ифротгарои бо ном «давлати исломӣ» (ДИИШ) бошад, харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад, агар ба ин харита нигарем, дар он ягон давлати мустақил вуҷуд надошта, тамоми минтақаҳо ва давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон, аз ҷумла давлати мустақили мо ҳамчун вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ин хилофат пешбинӣ ва нишон дода шудаанд. 
Ҳамин тавр, ҳаракати имрӯзаи ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротии динӣ бар зидди мавҷудият ва истиқлолияти давлатҳои мустақил мебошад. Пас метавон гуфт, ки ифротгароии нави динӣ як роҳи нави ишғолгарӣ, як тарҳи нав ва бисёр нозуки истеъмор ва истилогарӣ мебошад, ки, пеш аз ҳама, ба истиқлолият ва мавҷудияти кишварҳои мусулмонӣ таҳдид мекунад. Гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ бошанд, ҳамчун як асбоби (инструмент) татбиқи ин сиёсати ишғолгарон ва бозичаи арзону муносибе дар дасти бозингарони бузурги геополитикӣ мебошанд. Дарки ин нуктаи муҳим ва дарки кӣ будану чӣ мақсад доштани ин гурӯҳҳо бояд муносибати ҳар як мусулмон ва ҳар як шаҳрвандро нисбат ба онҳо муайян кунад. 


Суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо як арзиши калидӣ аст. Махсусан, амнияти сарҳади давлатии мо дар самти ҷануб, ки бо минтақаҳои буҳронӣ ҳамсоя аст, барои таъмини суботу амнияти кишвар аҳамияти ҳаётӣ дорад. Аммо дар нигоҳи ҷиддитар имрӯз сарҳади ҷанубии Тоҷикистон маънои бисёр васеътар аз сарҳади байнидавлатӣ миёни ду кишварро дорад. Имрӯз сарҳади ҷанубии Тоҷикистон дар асл сарҳади байни ду тарзи ҷаҳонбинӣ, сарҳади байни ду сатҳи зиндагӣ, сарҳади байни ду тарзи давлатдорӣ ва ғайра мебошад. Имрӯз ин марз ба марзи байни минтақаи субот ва ҳавзаи бесуботӣ, ба марзи байни минтақаи эътидол ва ҳавзаи ифротгароӣ, ба марзи байни ҳамзистию таҳаммулпазирӣ ва низои мазҳабӣ, ба марзи байни низомҳои давлатии дунявӣ ва низомҳои давлатии идеологӣ табдил ёфтааст. 


Ҳамон гунае ки дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми кишвар дар муқобили даҳшати фашизм ба муборизаи фикрию ҷисмонӣ бархоста буд, имрӯз низ бояд тамоми мардуми Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили ин таҳдид муттаҳид гарданд. 


Иқбол Ҷобиров, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ