Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Аккредитатсия Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Тарки одат-амри маҳол (андешаҳо атрофи хоинони миллат)

Возеҳ аст, ки зиндагии шоистаи одамон ҳамеша ба сулҳу субот дар ҷомеа вобастагӣ дорад. Бо расидан ба истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ, ки моҳияти ин ду чизро барои мардуми тамоми дунё неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин маҳсуб меёбанд, Ҳукумати Тоҷикистон низ ҳадафи асосии сиёсати давлатдориро ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум ва таъмину ҳифзи оромӣ ва суботи ҷомеаи кишвар равона намуд, то дар раванди ҷаҳонишавӣ кишвари мо аз ҳар гуна хатарҳои барои пояи давлатдорӣ ва ба миллат осебовар ҳифз гардад. 
Ҳоло яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар Ватани азизамон- Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, роҳи рушди минбаъдаи худро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нави давлатдорӣ бунёд гардид. 
Вале мутаассифона ҳастанд афроде, ки дастовардҳои давлати моро дидан наметавонанд ва бар зидди сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мо ҳастанд. Бояд зикр намуд, ки хоинони миллат бо мақсади аз байн бурдани арзишҳо ва симои миллии мо, тавассути бегонапарастоне, чун аъзоёни ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ, паймони миллӣ ва ашхоси алоҳида мехоҳанд амнияти моро хароб ва шаҳрвандони моро гумроҳ намоянд. 
Хоинон бо ақидаҳои разилонаи худ кӯшиш мекунанд, ки вазъи имрӯзаи Тоҷикистонро бад нишон диҳанд ва бо гуфтаҳояшон фикр намуданд, ки мардуми тоҷик онҳоро бовар мекунанд. Аммо ҳаргиз мардуми шарафманди тоҷик нафаронеро, ки гузаштаашон пур аз фитнаву ғаразу хиёнату қатлу куштор аст, бовар нахоҳанд кард. ТЭТ ҲНИ ва дигар ташкилотҳои террористӣ аз замони таъсисёбиашон дар Тоҷикистон ягон кори хуб ва хайр накарда буданд. Агар мо ба гузаштаи ин ҳизбу ҳаркатҳои террориристӣ назар афканем, мебинем, ки тамоми амалҳояшон пур аз дурӯғу найранг ва гаравгонгириву ҳаққи мардумхурӣ аст. Онҳо аз номи дини мубини ислом ҳарф мезаданд, вале амалашон аз дин берун буд ва ҳаст. Роҳбарони ин ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, махсусан Кабирӣ, М.Садриддин, Ш.Гадоев ва ҳаммаслаконашон дини мубини исломро таҳрифкорӣ сохта, онро ба андешаҳои шахсӣ ва ғаразноки худ олуда месозанд ва ақидаҳои разилонаи худро дар зеҳни ҷавонони мо мехоҳанд ҷойгир кунанд. Бо вуҷуди ин ҳама разилӣ боз ин беномусон дар хориҷи кишвар мехоҳанд дар бораи вазъи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ҳарф зананд. Магар ин хоинон дар фикри пешравии Тоҷикистонанд? Магар мо кӣ будани онҳоро намедонем? Ҳаргиз ин хоинон барои пешравии миллат ҳарф намезананд. Онҳо танҳо хиёнат карданро медонанду бас. 
Агар мо дастовардҳои даврони истиқлолро ба таври воқеъбинона назар кунем, имрӯз метавон гуфт, ки саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободии Ватану миллат, эҳёи таъриху фарҳанг беандоза аст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва рисолати таърихии худро дар назди халқи худ иҷро карда, Тоҷикистони азизи моро ба як давлати мустақил, устувор ва пешрафта дар арсаи ҷаҳонӣ табдил додааст. 
Ба ҳамаи мо мақсади ин душманони миллатфурӯш мисли об рӯшан аст, ки мехоҳад барои рушди монеа эҷод кунад. Аз ин рӯ мо мардуми тоҷикро зарур аст, ки ҳушёру зирак бошем ва ҳаргиз нагузорем, хоине ё нохалафе ин тинҷиву осудагии моро вайрон кунаду ин миллати баҳамомадаро парешон намоянд. Пас моро мебояд дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем ва ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатамон бирасем, ин заҳматҳоро нодида нагирем ва барои ободиву пешравии ҷомеа саҳмгузор бошем.