Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ҳизби наҳзати исломӣ-мухолифи носолим

Аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муътадил рушд карда, ба ҳадафҳои олии худ расида истодааст. Аксарияти мутлақи аҳолӣ атрофи адешаҳои созандаи Пешвои миллат муттаҳиданд ва ҳар як фарди солимфикри ҷомеа кӯшиш менамояд саҳми худро дар пешрафии мамлакат гузорад. 
Маълум аст, ки тамоми аҳли ҷомеаро дар атрофи як андеша ё як нафар муттаҳид кардан ғайриимкон аст. Чунки ҳастанд афроде, ки роҳи алтернативии рушди ҷомеаро пеш гирифтан мехоҳанд ва ин ҳолат табиӣ мебошад. Бо назардошти чунин ҳолат дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногунандешӣ кафолат дода шудааст ва шаҳрвандон озодона аз он истифода мекунанд. Далели ин гуфтаҳо амал намудани 7 ҳизби сиёсии мустақил дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳар яки онҳо варианти худро оиди рушди давлат пешниҳод мекунанд. Аксари ин ҳизбҳо дар парлумони ҷумҳурӣ вакилони худро доранд, ки ин ҳолат таҷассуми олии гуногунандешӣ дар Тоҷикистон аст. 
Аммо на ҳама ҳизбу ҳаракатҳо аз ин шароитҳои қонунӣ истифода мебаранд. Баъзеи онҳо роҳи фаъолияти ғайриқонуниро касб карда, мехоҳанд асосҳои сохтори конститутсионии давлатро халалдор кунанд. Тавре Абдуллоҳи Раҳнамо дар китоби худ «Дидгоҳи давлатмеҳвар» дар гуфтори ёздаҳум қайд мекунад, оппозитсияи солим ин нерӯи сиёсиест, ки бо эҳсоси масъулият дар баробари сарнавишти ҷомеа, давлат ва миллат ва бо мақсади созандаи беҳбуди вазъияти мавҷуда барои татбиқӣ ҳадафҳои барномавии худ мкбориза мебарад. Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки неруҳои мухолифи солим қувваҳои созанда буда, хоси ҳамаи ҷомеаҳоянд. Лекин агар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ дар доираи қонун фаъолият накунанд, фаъолияти онҳо аз рӯи қонун манъ карда мешавад. Неруҳои мухолиф бояд таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ бошанд, на манфиатҳои неруҳои хориҷӣ. 
Яке аз чуин ташкилотҳое, ки фаъолияташ бинобар сабаби содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин қатъ гардид, ин ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Ҳамагон шоҳидем, ки ТЭТ ҲНИТ солҳои навадуми қарни гузашта ба чи ҷиноятҳо даст зада буду кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Новобаста аз он ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИТ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мамнуъ эълон гардид ва аксари ҷинояткорони ин ташкилоти террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ҳанӯз ҳам боқимондаҳои онҳо, ки нафасҳои оҳирини худро дар озодӣ кашида истодаанд, бо ёрии баъзе кишварҳо фаъолити тахрибкоронаи худро идома дода истодаанд. Ин хоинон бояд дониста бошанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ муваффақ намешаванд. Чунки шаҳрвандони Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромӣ ва ҳаёти осоишта дигар намегузоранд, ки қувваҳои аҳриманӣ бо дастгирии роҳбарони хориҷии худ ба фазои орому босуботи Тоҷикистон ворид шаванд ва ҳаёти мардумро халалдор кунанд. Тавре А.Раҳнамо дар китоби болозикри худ қайд менамояд, баъзе нерӯҳои сиёсӣ танҳо бо кофиру мунофиқ ва мушрику маҷус номидани ҳарифҳои худ фаъолият мекунанду халос. Мафкураи онҳо қудрати таҳлили воқеиро надорад. Андешаҳои А.Раҳнамо пурра қобили қабул буда, табиати аҳриманӣ ва ҳадафҳои нопоки наҳзатиҳоро ошкор мекунад. 
Бо таҳлилҳои хому бесоси худ роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ худ ва ҳизби террористиашро дар маърази ом доимо шарманда мекунад. Ин миллатфурӯш на ин ки «холҳои сиёсӣ» ба даст намеовард, балки обрӯи бе ин ҳам пасти худро боз ҳам пасттар мекунад. Ӯро бо суханҳои ҳакимонаи «Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад» шабоҳат додан мумкин аст. Чун қоида М.Кабирӣ ба танқидҳо ва туҳматҳои беасосу осмонӣ такя карда, аз рӯи принсипи «занакҳои лаби об мегӯянд» кор мекунад, ки натиҷааш боз ҳам зиёдтар шудани нафрати халқи Тоҷикистон нисбати ин ватанфурӯш ва маҳзабфурӯш мегардад. Обрӯву эътибори ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзат бошад, торафт паст шуда итодааст ва чеҳраи воқеии ифротгароии онҳо маълуми ҷаҳониён шуда истодааст. Моҳи ноябри соли 2018 телевизиони муштараки радиои «Озодӣ» ва «Садои Амрико» - «Настоящее Время» бори аввал ба таври ошкор ҳизби экстремистиву террористии наҳзати исломро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кард. Чунин эътирофҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳбарони ин ташкилотро ором гузошта наметавонад. Аз ин сабаб онҳо ин гуна суҳбатҳои мустақим тариқи интернет ташкил мекунанд, то диққати ҳамагонро аз асли матлаб, яъне табиати ҷинояакоронаи худ дур кунанд.