Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Аз найрангҳои наҳзатиён бояд огоҳ бошем

Дар замони муосир ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои ғаразноки худро бо ҳар роҳу васила амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари мутахассиони ин соҳа экстремизм бештар аз ҳама дар ҷанбаи вобаста ба ақидаҳои динӣ пайдо ва рушд мекунад. Сабабҳои асосии пайдоиш ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан ба маврид аст ва мо баъзе сабабҳо ва омилҳои асосии пайдоиши онро номбар мекунем. 
Файласуфи машҳури англис Энтони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри хатару таваккал зиндагӣ дорем». Ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавии тамаддунҳо олами моро тағйир дода, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто холати аз байн рафтани онро ба вуҷуд меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ гардад. Омили дигаре, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Ин раванд бешак зидди динни муқаддасе мебошад, ки пайравонаш имрӯз тақрибан якуним миллиард одамонро дар сайёра ташкил медиҳанд ва он кору кирдоре, ки бо ташкилотҳои террористии ба ном Давлати исломӣ, Толибон, Ал-Қоида ва Ҳизби наҳзати исломӣ ба амал меоранд, асосҳои ҷомеаи демократию шаҳрвандиро коста гардонидааст. 
Аз дигар сӯ, баъзе мусалмонони гумроҳу ноогоҳу «зархарид» ба монанди гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ роҳбарони ғоявии онҳо номи мубораки Исломро барои ҳадафҳои нопоки сиёсии худ истифода бурда, шаъну шарафи ин дини ҷаҳониро паст карданӣ мешаванд. Тайи ду-се соли охир он қадар ин гурӯҳҳои иғвоангез исломи покро бадному нохушоянд намуданд, ки садсолаҳо ягон душмани дину мазҳаби мо чунин корҳоро ба анҷом нарасонида буд. Гузашта аз ин, дар китоби Қуръон омадааст, ки вазифаи шумо танҳо одамонро ба роҳи ҳақ даъват кардан асту бас. Роҳбарону идеологҳои даҷҷолсирати Давлати исломӣ ва ТЭТ ҲНИ, ки даъвои мусалмони воқеӣ будан мекунанд, то кунун ягон нафарашон худро қурбон накардаанду намекунанд. 
Борҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бояд бошанд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта шуд: «Терроризм ва экстремизм имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст» Ё дар ҷои дигар қайд шудааст: «Баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ, ҳатто террористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии дигар кишварҳо, аз падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва умуман аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ хоҳиш мекунам, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд». Пас мебояд мо - насли озоди даврони истиқлолият дар фикри донишандузӣ, ободӣ ва пешравии кишвари азизамон бошем. Нагузорем, ки душманони миллат ба роҳе ё баҳоне ба дастовардҳои бузургамон назари бад зоҳир намоянд. Шукри ин давлату миллат ва таърихи куҳанбунёди он намуда, дар эҳёи анаъанҳою суннатҳои миллати худ ҳиссагузор бошем ва барои таъмини рушди устувори кишвар ва зиндагии шоистаи мардуми он бошем.