Мақолаҳо
Боарзиштарин дастовард
Дастоварди арзишманди кишвари мо соҳибшавӣ ба истиқлоли давлатӣ мебошад, ки он сабаби пешравӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат гардид. Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи Истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ аст. Истиқлол комёбии бебаҳои миллати тоҷик мебошад, ки маҳз бо шарофати он Тоҷикистони ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Баробари дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати нави комилҳуқуқ ба арсаи сиёсати ҷаҳон қадам гузошт.
Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон қомат рост кард ва бо бунёдкорию созандагиҳо рӯ ба фардои умед овард. Кори тамоми соҳаҳои кишвар дар ин айём тадриҷан ва муваффақона пеш рафт, истеҳсолот афзуда, иқтисодиёти мамлакат оҳиста-оҳиста рушд кард.
Мамлакати мо, тавре дар назар аст, ба модели инноватсионии рушди иқтисодитёт хоҳад гузашт. Амалишавии мақсадҳои иқтисодии ҷамъият бо рушди инноватсионӣ алоқаманд мебошад, ки асоси онро раванди доимӣ ва мақсадноки ҷустуҷӯ, омадасозӣ ва татбиқи навовариҳо ташкил медиҳад ва он имкон медиҳад, ки натанҳо самараноки истеҳсолоти ҷамъиятӣ баланд гардонида шавад, балки ба таври принсипиалӣ роҳҳои рушди онро тағйир диҳад.
Таҷрибаи як қатор мамлакатҳо нишон медиҳад, ки ислоҳоти ба низоми рушди соҳаи навоварӣ равонашуда неруи иқтисодиро ҳатто дар даврони буҳрон низ метавонад мустаҳкам намояд.
Яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ буда, рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад. Дар натиҷаи тадбирҳои то имрӯз андешидашудаи тараққиёти воқеии маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, дар даҳ соли охир ду баробар зиёд шудааст ва ҳоло ба ҳисоби миёна 23 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон ва таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ сохта истодааст. Маҳз дар натиҷаи тадбирҳои амалигрдида мавқеи Тоҷикистон беҳтар шуда, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар давоми солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.
Қобили зикр аст, ки дар замони истиқлол илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардиданд. Зеро ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузорад.
Дар соҳаи маориф низ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасад. Тайи понздаҳ соли охир дар соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷиддӣ ба амал омад. Дар ин самт Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои иттилоотии нав дар ҷараёни таълим, истифодаи усулҳои замонавӣ ва дигар шаклҳои нави таълим барномаҳои махсус қабул кард, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифтаи дониши хонандагон ва талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим ҳамчун дастоварди шоистаи давраи истиқлол дар соҳаи маориф ба имзо расид. Созишнома дар бораи эътирофи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба шумор меравад. Ҳуҷҷати мазкур ба муҳассилини мактабҳои олии кишвар имкон медиҳад, ки дар давлатҳои Аврупо низ фаъолияти таълимии худро идома диҳад ва ё таҷриба омӯхта, донишу маҳорат ва малакаашро ташаккул диҳад.
Тадбирҳои то ба имрӯз тадбиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ гардида, ба амалишавии афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, саводнокию маърифат, давомнокии умр ва дар маҷмӯъ, ба пешравии ҷомеа болоравии сатҳи зеҳнии он ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳолӣ таъсири мусбат мегузорад.
Аз соли 2004 то инҷониб дар соҳаи маориф ислоҳот ва навсозӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот идома дорад. Ҳадафи ин раванди созанда аз он иборат аст, ки бояд механизми рушди устувори низоми маориф фароҳам оварда шавад ва ба талаботи асри XXI мутобиқ намудани он, таъмин кардани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва қонеъ гардонидани талаботи давлат ва ҷомеа мусоидат намояд.
Солҳои охир ҷиҳати гуманитарикунонии таълим дар низоми таҳсилот низ тадбирҳои назаррас амалӣ гардидаанд ва ба омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ диққати бештар ва ба фанҳои риёзӣ ва табиӣ афзалият дода шуд. Ин иқдом боис шуд, ки шароити кор ва сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот торафт беҳтар гардад. Дарвоқеъ, донистани забонҳои хориҷӣ ба ташаккули тавсеаи мафкура ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад ва ба онҳо барои аз худкунии техникаю технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ роҳи васеъ мекушояд.
Таҷрибаи таърихӣ собит кардааст, ки инсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруву захираи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад. Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осуда бошад, бояд тарзе амалу рафтор намоем, ки фарзандонамон соҳибмаърифату соҳибкасб шуда, ҳамқадами замон ба пеш раванд.
Бояд гуфт, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон хоҳад гузашт. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандустӣ дар шароити имрӯза аҳамияти калонро касб мекунад. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз устодони макотиби олӣ, тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст. Воқеан, истиқлол ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, ватан, миллат, забон ва фарҳанги милли хешро азизу гиромӣ доранд.
Инак 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлол ва ободии Ватани азизамон рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқу давлат софдилона иҷро намоем.
Иди Истиқлоли давлатӣ муборак!
Амрулло Нурализода, н.и.и., дотсент, декани факултети молия ва қарз