Мақолаҳо
Иқтисоди пешрафта – кафили ҳаёти шоиста
Пурарзиштарин дастоварди кишвари мо соҳиб шудан ба истиқлоли давлатӣ мебошад, ки он ба пешравӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат боис гардид. Тӯли 30 сол аст, ки дар кишвари азизи мо фазои сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва, аз ҳама муҳим, Истиқлол ҳукмрон аст. Албатта, ҳамаи ин осон ба даст наомадааст. Дар ҳамон шароити тақдирсоз баҳри ҳарчи зудтар аз нав барқарор кардани ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нигоҳ доштани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат роҳбарони ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони намоёни давлатӣ, илму маданият ва собиқадорони ҷангу меҳнатро зери ливои Ваҳдати миллӣ баҳри эҳёи Тоҷикистони азиз сарҷамъ намуданд, ки дар натиҷа истиқрори сулҳ заминаи ваҳдати миллиро фароҳам овард. Аммо барои он ки ин сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба таври воқеӣ устувор гардад, бояд омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба таври зарурӣ корбаст шаванд.
Хушбахтона, роҳбари Ҳукумати Тоҷикистон, марди асилу хирадманд ва олитабор, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги бародаркуш хотима дода, муҳоҷиронро ба Ватан баргардониданд. Дар як муддати кӯтоҳ Ҳукумат тавонист ба ободиву созандагӣ рӯй оварад. Дар ин муддат, яъне тӯли солҳои истиқлол Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ҳамчун кишвари боамну таҷрибаи сулҳи беназирдошта шинохта шуд. Ғайр аз ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои расидан ба зиндагии шоиста як қатор ҳадафҳоро пеш гузоштааст, ки то имрӯз аксари онҳо амалӣ гашта истодаанд ва дар бунёдгузориву шукуфоии мамлакат назаррасанд.
Фаромӯш набояд кард, ки баъди дастёбӣ ба Истиқлол то Ваҳдати миллӣ мардуми мо ба душвориҳои зиёде дучор шуданд. 30 соли Истиқлол низ аз мушкилот орӣ набуд, аммо бо сарварии марди хирадманд Эмомалӣ Раҳмон мо имрӯз то андозае пояи Истиқлолро мустаҳкам ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари башардӯсту сулҳпарвар муаррифӣ кардем.
Гузаштан аз соҳаи аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ, таҳкими истиқлоли энергетикӣ, таъмини озуқаворӣ ва як қатор ташаббусҳои созандаи дар ҷомеаи ҷаҳонӣ арзишманд аз қабили эълон кардани соли 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар арсаи ҷаҳонӣ шоистаи таҳсин гардид. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле зиёд буда, имрӯз онро бо ҳидояту пешниҳодҳои созандаи Сарвари давлат чун кишвари сулҳдӯсту беназир мешиносанд.
Аз ҳамин нуктаи назар, Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба роҳ монда, дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Гарчанде дар ибтидои соҳибистиқлолӣ ҷанги дохилӣ ба рушди сиёсати берунаи Тоҷикистон монеа гардида бошад ҳам, вале зарурати ба роҳ мондани гуфтушуниду ҳамкориҳо бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани сулҳи тоҷикон ба ташаккули мактаби нави сиёсати хориҷии кишвар мусоидат намуд.
Яке аз омилҳои асосии эълом доштани сиёсати «дарҳои кушода» равандҳои ҷаҳонианд, ки дарки амиқи пайванди манфиатҳои миллии ҷумҳуриро бо тақозои ҷаҳони муосир ва ширкати фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ ҳидоят намуд. Ҷиҳати дигари ин масъала ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ворид гаштани Тоҷикистон аст, ки барои рушди ҳамаҷиҳатаи иқтисоди мамлакат мусоидат мекунад. Ин, пеш аз ҳама, ба он рабт дорад, ки Тоҷикистон манбаи ашёи хом буда, он имконият дорад, ки ба кишвари саноатӣ табдил ёбад.
Дар Тоҷикистон ками кам 600 кони маъдан муайян шудааст, аммо то имрӯз коркарди онҳо ба таври кофӣ сурат нагирифтааст. Бинобар ҳамин ҳам, Пешвои миллат саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ эълон намуданд.
Солҳои 90-уми асри гузашта дар саноати масолеҳи сохтмонӣ 30 корхона ва ташкилоти хизматрасонии соҳа арзи вуҷуд дошта, соли 2021 бошад, шумораи онҳо ба 530 адад расид. Аз ин нишондод 25 корхона танҳо соли 2019 таъсис ёфта, аз ҳисоби онҳо 661 ҷойи корӣ ташкил ва ба маблағи 82,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Сарфи назар аз паҳншавии пандемияи коронавирус, соли 2020 дар соҳа 13 корхонаю коргоҳҳои нав фаъолият намуда, ба миқдори 1,8 млн. сомонӣ маҳсулот тавлид шуд.
Тибқи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ бунёди коргоҳҳои ғанисозӣ ва металлургӣ ба нақша гирифта шуда, дурнамои истеҳсоли маҳсулот то соли 2025 қариб 20 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки барои таъмини озуқаворӣ ва арзон гаштани сифати молу маҳсулот мусоидат мекунад.
Як ҳадафи дигари стратегии Ҳукумати мамлакат ин таъмини аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул мебошад. Мақсад аз чунин иқдом паст намудани сатҳи бекорӣ ва зиндагии хуб барои аҳолӣ мебошад.
Ҳоло аксар мардуми кишвар хуб дарк кардаанд, ки бе давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ тавоно ва ниҳодҳои он амнияти ҷомеа ва тараққиёти мунтазами соҳаҳои асосии онро таъмин кардан имконнопазир аст. Тазаккур бояд дод, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ баробари рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ барои минбаъд дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба комёбиҳои бузург ноил шудан имконияти васеъ пайдо мекунад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ теъдоди корхонаҳои саноатиро зиёд намуда, бо мақсади қонеъ гардонидани ниёзи аҳолӣ молу маҳсулоти хушсифат пешниҳод намоем ва тамоми имконияту неруи хешро истифода бурда, баҳри боло бурдани дараҷаи маърифату шуури миллӣ, фарҳанг, тақвияти ваҳдату якдигарфаҳмии мардуми сарзаминамон ва беҳтар намудани шароити иқтисодию иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушди кишварамон талош варзем.
Сатторов Бобоҷон, декани факултети иқтисод ва бизнес