Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Пешвои миллат рамзи озодии Тоҷикистон

Пешвои миллат - намунаи шахсияти боҷасорати миллӣ.
Чанд рӯз боз дар тамоми расонањои ватаниву хориљӣ номи Пешвои муаззами миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як шахсияти ботинан қаҳрамону ҷасур, миллатпарвари асил, шахсияти намунавии миллат сари забонҳост. Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо ғаюриву ҷасурии хеш на танҳо дар солҳои ҷанги ҳамватанӣ аз худ қаҳрамонӣ нишон диҳанд, балки имрӯз низ худро бо дастгирии муковимати Панҷшери Афғонистон барои озод шуданашон аз Толибони ғосиб чун Пешвои тоҷикони ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Аз ин сабаб метавон ӯро рамзи Истиқлоли давлати тоҷикон, озодии Тоҷикистони азиз номид. Қадрдонии ӯ аз Президенти собиқи Афғонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва собиқ вазири мудофиаи Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва ба онҳо пас аз маргашон додани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон, ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1, изҳор кардани он ки Тоҷикистон ҳеҷ гуна Ҳукумати ба воситаи ғасби як кишвар ба амал омадаро намешиносад, ҳуқуқи занон бояд эҳтиром карда шавад, ақаллиятҳои миллӣ бояд ҳатман дар давлати ояндаи Афғонистон ҷой дода шаванд, давлати нав бояд дар асоси раъйи мардуми Афғонистон ташкил карда шавад, яъне интихобот бояд баргузор шавад, номи худро чун як муборизи ҷасури роҳи озодии миллатҳо, занони асрҳо ғулом, ҳифзи мавқеи СММ, ҳифзи қонуни кишварҳо дар мубориза ба муқобили терроризм бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.
Ҳанӯз дар аввалин қадамҳои истиқлоли давлатӣ, ки кишвар даргири ҷанги ҳамватанӣ буд, Эмомалӣ Раҳмон худро чун ҷавони ояндадори миллат муаррифӣ намуданд. Мавқеи устувори инсонпарварӣ, ватандӯстӣ, адолатпарварӣ, давлатмеҳварӣ, таҳаммулпазирӣ ва миллатдӯстиашон сабаб шуд, ки аз байни чандин нафар он кас барои гузоштани номзадиашон барои мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд. Вазъият он қадар муташанниҷ буд, ки аз шахсони таҷрибадор касе ҷуръати ба ин вазифа гузоштани номзадии худро надоштанд. 
Соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқии қабули Конститутсияи нави замони соҳибистиқлолӣ ва интихоботи президентӣ аз тарафи тамоми мардум Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. 
Кору рафтори Эмомалӣ Раҳмон барои дигарон чун намунаи миллатпарвариву фарҳангдӯстӣ баҳогузорӣ мешавад ва шахсияти ӯ чун шахси сулҳпарвару ватандӯст маъруф аст. Яъне ҳаёту фаъолияти чунин шахсиятҳо на танҳо барои мардуми худ намунаанд, балки ҳар қадами онҳо аз мавқеъҳои гуногуни дӯстону душманон баҳогузорӣ карда мешаванд, ҳар амали онҳо барои нақди корҳои давлат ва ҷомеа истифода шуда, симои ин гуна шахсиятҳо абадӣ дар хотираи таърихии халқ боқӣ мемонад.
Пешвои миллат, шахси калидии давлат - Президенти он аз тарафи халқ интихоб шудаанд. Шахсияти ӯ муттаҳидкунандаи миллат аст. Рамзи истиқлолияту озодии давлат аст. Ҳар суханаш вазну тамкини заминро дорад. Ҳоло мавқеи сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои минтақа ва ҷаҳон раҳнамунсоз аст, ки боиси ифтихори ҳар шаҳрванди кишвар ва тоҷикони ҷаҳон аст. Аз байн бурдани парокандагии фикрии имрӯза, ки дар байни мардум паҳн гаштааст ва вазифаи мо зиёиён аз байн бурдани он аст, яке аз ҳадафҳои ҷиддии ӯ мебошад. Яъне, ягонагии давлату халқ шиори давлати мост ва Президенти кишвар бо сафарҳояшон ба маҳалҳо инро исбот кардаанд ва мекунанд. Дар замони Шӯравӣ мо барои ҳифзи давлати худ аз ҷон фидо кардан наметарсидем. Имрӯз низ ба чунин рӯҳия зарурат дорем. Барои ба мақсади олӣ расиданамон ҳамаи шароитҳо фароҳаманд. Тамоми кишварро рӯҳияи ватандӯстӣ фаро гирифтааст. 18 ҳазор сохтмонҳои ҷашнӣ ба гуфтан осон аст. Дар ҳама гӯшаву канори ватан оҳанги ободкориву созандагӣ тантана дорад.
Ҳол он ки, дар муқоиса бо он чи ки дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, нисбат ба он чи ҳоло сохта мешавад, аз рӯйи ҳаҷму сифат ва ҳадафнокии худ беназир аст. Аслан, ҳамаи он сохтмону роҳҳову нақбҳои он замон нисбат ба ободкориҳои имрӯза як кори кӯдакона ба назар мерасанд. Вале барои он давра дар нисбати Афғонистону Эрону Покистону Ҳиндустон он дастовардҳо як инқилоб, як дигаргунсозии бузурги иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Роғуни имрӯз, нақбҳои пайвандкунандаи миллат, бозорҳои назди сарҳадӣ, роҳҳои Тоҷикистонро ба чор сӯи олам убуркунанда, шаҳри гулпӯш, хонаҳои муосири баландошёна, албатта, набуданд, вале он чи буд дар Шарқ ва дар Осиё камназир буд. Ва пешво ё доҳии пролетариати ҷаҳон, бобои камбағалон низ доштему мардум ӯро роҳнамои худ медонист ва ба ҳеҷ афсонаву устураҳои хурофотӣ бовар намекард. Имрӯз низ мардум ба раҳнамову Пешво зарурат доранд. Дар омади гап, дини мубини ислом низ ба шарофати эътиқоди мардум ба пайғомбари худашон тавсеа ёфт ва қисме аз ҷаҳонро гирифт. Яъне зарурати сарвари ҷомеа, пешво ва пешбари ҷомеа ҳодисаи имрӯз нест. Ин падида заминаҳои иҷтимоӣ ва таърихӣ дорад. Ҳамаи ҷамъиятҳо ба сарвари сиёсӣ зарурат доранд ва набудани он ба хараҷу мараҷ ва бебандубориҳои ҷомеа сабаб мешавад. Дар чанд соли охир мо ин ҳодисаро дар Афғонистон, Ироқ, Ливия дидем ва маҳз ҳамин зарурати таърихӣ шахсияти Пешвои муаззами миллати моро ташаккул додааст. Ба ақидаи як файласуф, шахсиятҳоро халқ тарбия мекунад ва баъд шахсиятҳо миллатҳоро месозанд. Дар мисоли қаҳрамонони миллатамон устодони бузурги мо академикҳо Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода баринҳоро дида метавонем.
Ин њама омилҳои номбаршуда тавонистанд чунин як шахсиятеро дар заминаи фарҳанги мардумии мо ташаккул диҳанд, ки имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳам камназир аст. Ин фарҳанг зодаи мардуми дар як шароити вазнини ҷуғрофию иқтисодӣ ташаккулёфта мебошад, ки ба ҳар вазнинӣ тоб меорад, вале аз андешаи хеш, аз мақсади хеш, аз ормонҳои худ даст намекашад ва баъди чандин насл бошад ҳам, рӯзе он ормонро амалӣ месозад.
Ин ҷо ҷойи шарҳи васеъ нест, бинобар ин мо ба мақсади асосӣ, яъне шарҳи он масъала, ки чаро сарварони сиёсӣ пайдо мешаванду кадом омилҳо онҳоро самт медиҳанду кадом бодҳо онҳоро савқ мепардозем. Фақат онро бояд таъқид намоем, ки Пешвои муаззами миллати фарҳангпарвару ҷасуру навгарои мо низ зода ва парвардаи замони худ аст, ки дар бахши оянда шарҳ хоҳем дод.


2. Шахсияти давлатмеҳвар ва ватанпарвари нотакрор


Қасам ба бораи санге, ки Қасри миллат шуд,
Қасам ба мавҷи хати парчами парафшонаш.
Қасам ба ҳиммати марди бузурги ҷонбаркаф,
Ки ҷамъ кард ба тадбир халқи сарсонаш…
Муқаддас аст замине, ки модари таърих,
Ба шир ном ниҳодаст Тоҷикистонаш!


Дар ин шеъри шоири муосири миллати мо Абдуллоҳи Раҳнамо ба Эмомалӣ Раҳмон ишора рафтааст, ки аз созандагию ободкориаш аз некукориву пешоҳангиаш мардум ба ваҷд омада ба худи ӯ, кору бори ӯ, ҳиммати бузургаш, Парчами баланди барафроштааш, Қасри миллати сохтааш, сангҳои дар сохтмони ин қаср истифодабурдааш қасам мехӯранд, ҷон бар каф барои ин ватан мубориза бурданҳояшро ба ёд меоранд ва худ низ чунин шахсият буданро орзу мекунанд.
Агар дастовардҳои ӯро канори ҳам гузорем, метавон гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд, зерсохторҳои зарурии Ваҳдати миллӣ барқарор гардиданд, сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд. Ҳамаи ин натиҷаи бурдборӣ, ҷасурӣ, ирода ва зиракии сиёсӣ, хирадмандӣ, дурандешӣ, халқпарварӣ, ватандӯстӣ ва ҷоннисории ин абармарди дунёи сиёсат, шахсияти нотакрор ва боҳиммату саховатманд Эмомалӣ Раҳмон буд, ки чун Сарвари сиёсии миллат ташаккул ёфтааст ва миллатро, давлатро, кишварро аз нав бозсозӣ кардан дорад.
Дар китобе зери унвони ”Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ” сиёсатшиноси шинохтаи кишвар Абдуллоҳи Раҳнамо менависад: ”Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд”. Дар бораи президенти мардумӣ будани Эмомалӣ Раҳмон чандин китобу мақолаҳо ба нашр расидаанд, ки хонандаи закӣ метавонад онҳоро ёфта хонад. Моҳияти мардумӣ будани Президенти Тоҷиикистон дар он аст, ки он кас манфиатҳои мардум ва давлатро як медонад, ҳифзи онҳоро вазифаи худ ва ҳар шаҳрванд медонанд, доимо ба назди мардум мераванд, бо мардум суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд, аз дарди дили мардум огоҳ мешаванд.
3. Шоҳкориҳои Сарвари давлат
Ҳамаи шоҳону роҳбарони давлат аз худ нишоне мемонанд, албатта, ва он чиз ё сохтмони мондагор солҳо номи ин шахсиятро ба хотири ҳар миллат меорад. Вале дар нисбати Эмомалӣ Раҳмон ин сухан боз даҳҳо бор ҷилоноктар аст, чунки ҳарчи Эмомалӣ Рањмон барои миллаташ мондаанд як шоҳкорӣ аст. Бузургтарин ва мондагортарин дастовардҳои Эмомалӣ Раҳмонро мехоҳам ба ёд биёрам, вале мебинам, ки баъди чанд дақиқа ё соат боз чанд шоҳкориҳои ӯ ба ёдам меоянд. Ва, албатта, хонанда низ дар чунин ҳолат меафтаду баъди хондани мақола савол мегузорад, ки чаро муаллиф баъзе корҳои Пешвои муаззами миллатро фаромӯш карда бошад? Мо ба он чӣ имрӯз ба ёдамон омад, иктифо мекунему боқимондаро ба аҳли ҷомеа вогузор мекунем, чунки барои шахсе роҳ муҳим асту барои дигаре нақб, барои яке неругоҳи барқӣ муҳим асту барои дигаре мактабу табобатхона ва ғайра.
Албатта, аз шоҳкориҳои иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангиашон бигзарем, шоҳкории бузургтарини Сарвари давлат НОБ-и Роғун аст, ки барои тамоми миллат болу пар аст. Пайванди нақбии ду қисми ҷумҳурии азизамон аст Пайваст кардани хати барқи Ҷанубу Шимол аст, роҳи беҳтаре ба Бадахшон аст Дигар ҳарчи ҳаст аз роҳу нақбу заминҳои корам мардум хуб медонанд. Аз лиҳози сиёсӣ ва рамзҳои давлатӣ Парчами давлати мо баландтарин дар олам асту Нишони мо зеботарин, Қасри миллат баъди Қасри сафеди ИМА аз беҳтарин қасрҳои давлатӣ шудаву, Бинои Парламент ва Ҳукумати Тоҷикистон бо меъмории миллӣ сохта хоҳад шуд. Артиши Тоҷикистон соҳиби таҷрибаи ҷангӣ асту аввалин бор дар таърихи давлатдории мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои ҳифзи сарҳадот бо мардум дар ҳаҷми 230 ҳазор лашкари ҷангӣ ҷамъ омаданд ва низоми ҳарбии муосири Тоҷикистонро ба ҷаҳониён бо сарварии Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ муаррифӣ карданд. Мо бо ҳеҷ кишваре уқда надорем ва ҷанг нахоҳем кард, вале омодаем, ки дандони ҳар гуна душмани Тоҷикистонро бишканем. Наврӯзгоҳамон беназир асту Кохи Наврӯзамон аз муъҷизаи нестандарҷаҳони санъати асри ХХ1. Нақбҳо аз пойтахти кишвар ба чанд тарафи кишвар асту роҳҳоямон ҳозиразамон, Академияҳои соҳавӣ дорему Пажӯҳишгоҳҳои нави муосир ва ғайраҳо. Ҳар нафаре метавонад ба ман эрод гирад, ки инро номбар кардиву онро не... Бале, хонандаи закӣ ҳақ аст. Ман наметавонам ҳамаи қаҳрамониҳои Қаҳрамони Тоҷикистонро номбар кунам, чуноне ки дигар қаҳрамонњоро ҳам. Чун ӯ моҳиятан қаҳрамон асту ҳар қадамашу амалаш қаҳрамонӣ. Шояд ҳаминро дар назар дошта, Президенти вақти Афғонистон шахсан ба ману устод Муъминшоҳ Қаноат, ки дар меҳмонияш будем, гуфт: ”Эмомалиро чун фарзандам дӯст медорам. Агар Шумо дар атрофи ӯ муттаҳид бошед, Шуморо ҳеҷ офате таҳдид нахоҳад кард. Ин гапро ба мулло Нурӣ (Саид Абдуллоҳ Нурӣ, пешвои мухолифини тоҷик дар солҳои 90-уми асри ХХ) ҳам гуфта будам. Ва ӯ бо ин фикри ман розӣ шуда буд”(аз хотираҳои муаллиф).
Президенти Федератсияи Россия В.В.Путин дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст: ”Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучоргашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад”.
Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ҳанӯз соли 1995 дар қарияи Ҷангалаки Панҷшер дар бораи Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: ”Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун шумо тасаввур кунед, ки шумо чӣ гуна пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон дили бузурги инсонӣ доранд, ки дар он ҳама меғунҷад. Ӯ садҳо ҳазор тоҷикро ба ватан баргардонид. Магар ин тавоноиву қудратмандии инсон нест. Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо шумо, балки тамоми тоҷикони дунё дӯст медоранд. Худо шоҳид аст, ки ин мард бо ин ақлу заковате, ки дорад, дунёро тасхир мегардонад!”
Дар тӯли сӣ соли истиқлолияти давлатӣ кишвари мо зери роҳбарии ин шахсияти мардумӣ, фарзанди барӯманди халқи тоҷик дар роҳи бунёди давлати миллӣ, ҷомеаи демокративу шаҳрвандӣ, озодандешу фарҳангпарвар қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Пули миллии хешро таҳия намуда, ба мардум пешниҳод намуд. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ ба вуҷуд овард, вазоратҳо ва идораҳои ҳифзи амнияти миллату давлатро устувор намуд, узви чандин созмонҳои байналмилалӣ гардид. Мо соҳиби зеботарин қасрҳо, театрҳо, варзишгоҳҳо, Муҷтамаъҳои Дӯсти, Истиқлол ва Озодӣ гаштем. Дар тамоми марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳои калонтарин майдони Парчам ва Нишони миллӣ сохта шуданд.
Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов чунин омадааст: «Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимиву қалбии маро бипазиред. Баъд аз интихоби таърихии роҳи бунёди давлати мустақил, мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо тавонист, ки дар фосилаи кӯтоҳи замонӣ ба ҳадафҳои стратегии пешорӯ доштааш ноил гардад.
Тоҷикистони имрӯза соҳиби истиқлолияти энергетикӣ буда, мушкилоти коммуникатсиониро муваффақона пушти сар намудааст ва бо боварӣ масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмуъ, рушди иҷтимоиву иқтисодиро ҳал карда истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати муассиси Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар силсилаи сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазовореро ба даст оварда, ба омили муассири таъмини амнияту субот, мутаносибӣ ва рушди устувори макроминтақаи худ табдил ёфтааст.
Вазъияти мураккаби муосир зарурати ҳамкории ҳамоҳангшудаву васеъро ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатароти нав бори дигар тасдиқ намуд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, вобаста ба саҳми худ дар Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷиҳати дастгирии сулҳу тараққиёти минтақа нақши муҳим мебозад. Иҷозат диҳед, бо истифода аз имкони бадастомада, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии қавӣ ва дар фаъолиятатон муваффақиятҳои беандоза ва ба мардуми бародари тоҷик накуаҳволиву шукуфоӣ орзу намоям». Имсол Душанбе маркази фарҳангии давлатҳои муштаракулманофеъ асту Тоҷикистон ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ раисӣ мекунад. Ин эњтирому ин дастовардҳои сатҳи байналхалқиро метавон арзиши бебаҳои таърихи миллат ҳисоб кард.
4. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат
Барои тарбияи як нафар агар дар сатҳи деҳа ё ноҳия зарурат пайдо шуда бошад, на танҳо падару модару аҳли оила, балки сокинони ин ноҳия низ саҳмгузор мешаванд. Ҳамин тариқ, барои ташаккули шахсияти миллӣ - Эмомалӣ Раҳмон тамоми неруҳои ақлии ҷомеа саҳмгузоранд ва андешаи аксарияти мутлақи мардум барои ташаккули як шахсияти олӣ, як шахсияти боэҳтиром, як шахсияти фаъол, миллатпарвар, ватанпараст равона гашта буд. Натиҷаи меҳнату заҳмати мардуми дилсӯзу љонсипор буд, ки Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди ҷасуру қаҳрамонаш тарбия ёфт ва беҳтарин хислатҳои миллатро дар худ таҷассум намуд. Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба боварии халқ сазовор шавад ва орзуҳои халқро дар худ таљассум намояд. Бинобар ин, гарчанде зарурати доштани пешво барои коршиносон нав набуд, вале Пешвои миллат интихоб намудан кори мардум, ташаббус ва пешниҳоди халқ буд. Аввалин бор ин андеша бо шаҳодати собиқ Раиси Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ишкошим ва баъдан дар Исфара аз тарафи собиқадорони меҳнат пешниҳод гаштааст.
Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсии кишвар дар солҳои охир ба ҳисоб меравад. Ин қонун дар низоми сиёсии Тоҷикистон ва, умуман, дар таърихи давлатдории миллии мо ниҳоди комилан нав, яъне ниҳоди Пешвои миллатро ворид намуд, ки он ҳамчун кафили сулҳу ваҳдат, суботу амният ва ҳифзи давлатдории миллии мо фаъолият хоҳад намуд. Ҷойи зикр аст, ки ниҳоди Пешвои миллат дар Тоҷикистон ба таври бисёр табиӣ ва дар тӯли беш аз ду даҳсола дар атрофи фаъолият ва корномаи шахсияти таърихӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, ҳанӯз пеш аз қабули қонуни мазкур ба як воқеияти табиӣ ва таърихӣ табдил шуда буд. Мардуми Тоҷикистон шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ба тадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва ҳамчун Пешвои воқеии худ пазируфта, ин мафҳум ва ин мақом дар зеҳни ҷомеа пухта расида буд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт.
Муҳимтарин хусусияти шахсияти сиёсии Сарвари давлат дар он буд, ки дар симояш тамоми рӯҳия ва хусусиятҳои беҳтарини халқи тоҷик ифода ёфта, ӯ дар муҳити мардумӣ ҳамчун падидаи худӣ, ҳамчун бахше аз зиндагии худи мардум, ҳамчун «порае аз пайкари халқ» пазируфта шуд. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби пешво ё лидери ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ ва таърихии давлатдории мо, яъне масъалаи доштани лидери сиёсии миллат, пешвои эътирофшудаи давлатӣ ё ташаккули давлатмард ҳалли муносиби худро пайдо намуд. Ин дастоварди бунёдии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. 
Доштани пешвои сиёсии миллат ва роҳбари эътирофшудаи давлатӣ аслан дар замони ҳозира зарурати таърихӣ мебошад, чунки миллатҳои рӯ ба инкишофе, ки роҳнамои давлатӣ ва миллӣ надоранд, одатан, номуваффақанд. Афғонистону Ироқу Ливия ва чандин кишвари дигар намунаи равшани ин падида мебошанд. Дар ин масъала сиёсатшиноси тоҷик А.Раҳнамо чунин таъқид кардааст: “Якум, масъалаи лидери миллиро набояд бо падидаҳои манфие чун шахсиятпарастӣ, авторитаризм, мадҳу ситоиши роҳбар канори ҳам гузошт. Лидери миллӣ шахсиятест, ки маҳз бо ифои нақши воқеии сарнавиштсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи умумимиллӣ гашта, масъалаи пешвоии ӯ ба таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул мегардад. Лидери миллӣ ба таври сунъӣ ё бо мадҳу сано сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва азхудгузаштагии шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст.
Дуюм, таҳлили ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нишон медиҳад, ки дар он солҳо ҷомеаи мо илова бар мушкилоти дигар, бо буҳрони амиқи набудани лидери умумимиллӣ низ рӯбарӯ гашта буд. Ҳар як гурӯҳи аҳолӣ аз пайи лидерони ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динӣ ва маҳаллии худ рафта, дар айни замон, ин «пешвоён» ҳамдигарро, умуман, эътироф намекарданд. Ҳамин тавр, ҷомеа ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафт ва фоҷиаи миллӣ пеш омад. Бинобар ин, агар дар он марҳала шахсияти дар сатҳи умумимиллӣ эътирофшудае вуҷуд медошт, ки бо тамоми ҷасорат ва иродаи қавӣ зимоми идораи мамлакатро ба дӯш мегирифт ва ҳамчун кафили ҳифзи давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ тамоми неруҳои сиёсиро дар атрофи худ ҷамъ меовард, шояд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта мешуд. Ин аст, ки дар баъзе марҳалаҳои таърихӣ ҳузури лидери миллӣ барои миллат ва давлат ба як масъалаи сарнавиштсоз табдил мешавад”. Албатта, ин суханҳои А.Раҳнамо љамъбасти таҷрибаи таърихии миллати мо мебошанд.
Сеюм, набояд чунин пиндошт, ки масъалаи пешвои миллӣ як масъалаи куҳна буда, ба ҷомеаҳои анъанавӣ ва ғайридемократии асрҳои гузашта дахл дорад. Зеро аз назари илми сиёсат, зуҳури лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ як зарурати бисёр ҷиддии давлатдорӣ ва давлатсозӣ буда, на танҳо дар гузаштаи дур, балки дар таърихи ҷаҳони муосир низ ҳастию бунёди аксари давлатҳои пешрафтаву демократии ҷаҳон ба номи шахсиятҳои алоҳидаи рамзӣ ва калидӣ вобаста аст. Чунин шахсиятҳо дар марҳалаҳои ҳассостарини таърихи давлатҳои худ зуҳур карда, на танҳо масъалаи буду набуд, балки роҳи минбаъдаи рушди ин кишварҳоро муайян намудаанд.
Чорум, бисёр муҳим аст, ки масъалаи лидери сиёсии миллат ва ташаккули давлатмард бо масъалаи вуҷуди шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва маънавии миллӣ омехта карда нашавад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, ки дар илму фарҳанг, донишу хирад ва ахлоқу одоб на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибору эътироф ёфтаанд. Аммо садсолаҳои набудани давлати миллии худӣ имкон намедод, ки мо дорои лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ, яъне дорои давлатмард бошем, зеро ташаккули чунин падида маҳз дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир аст. Пас, худи ташаккули шахсияти давлатдор, ба майдон омадани давлатмард ва зуҳури лидери давлатию сиёсии миллат барои таърихи садсолаҳои охири мо падидаи комилан нав буда, сатҳи сифатан нав ё марҳалаи соҳибдавлатии рушди миллатро ифода мекунад.
Панҷум, яке аз муҳимтарин нақшҳои лидери миллӣ ва пешвои давлатӣ дар сарнавишти давлатҳо аз он иборат аст, ки чунин шахсиятҳо бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд ва интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам меоваранд. 
Хушбахтона, имрӯз зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад.
Зуҳур ва ташаккули пешвои миллӣ ё лидери сиёсии миллат як дастоварди бунёдии давлат ва миллати мо мебошад, чунки таърихи аксари кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ як зарурати асосии марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тамоми таърихи минбаъдаи давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад [5.12-15]. Бале, чӣ хеле ки дар қисми назариявии мақола овардем, пешвоёни миллӣ љамъбасткунанда ва такондиҳандаи таъриханд. Шахсиятҳоеанд, ки сараву носараро дар таърихи миллат ҷудо мекунанд, Миллатро меполоянд ва гаҳварҳою марворидҳои дар селоби таърих гумгаштаро чида-чида ҷило медиҳанду хасу хошокро як сӯ меафкананд. Миллат зери роҳбарии онҳо ҷилои нав пайдо мекунаду неруи нав мегирад ва бо қадамҳои устувор ба пеш гом мениҳад.
5.Қаҳрамони миллати сарбаланд
Дар бораи далериву љасоратмандӣ ва боғайративу қаҳрамониҳои Эмомалӣ Раҳмон садҳо китобу мақола ва достону қасидаву ғазал мавҷуд аст, ки овардани номҳояшон ҳам боз як китоби ҳазорсаҳифагӣ хоҳад шуд. Дар дафтари хотироти ман шояд аз сад зиёд дастоварду қаҳрамониҳои Эмомалӣ Раҳмон сабт шудаанд, чун 25 сол дар сохторҳои давлативу ҳизбиву илмӣ-тадқиқотӣ бо ӯ ҳамкорӣ доштам, вале чун ин навиштаи мо мадҳия нест, аз овардани андешаҳои хеш канорагирӣ мекунем ва навиштаи худро бо андешаҳои назарияпардозони сиёсати имрӯзаи давлат ва миллат оро медиҳем. Мо барои каме ворид сохтани хонанда аз як китоби шоир ва сиёсатшиноси варзидаи тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо, ки дар вақташ дар Эрон таҳсил кардаву бо мухолифини њукумат солҳо ҳамкорӣ доштаасту аз бурду бохти онҳо огоҳ аст ва бо ҷасорати хоси як шоири миллат ба сӯи фалсафаи озодиву ободии кишвар ва миллатпарвариву давлатмеҳварӣ баргаштааст, чанд ҷумлае иқтибос меорем. Абдулоҳи Раҳнамо дар китоби худ “Пешвои миллат” нигоштааст: “Аз нигоҳи илми сиёсат ва аз назари фанни давлатдорӣ ҳамаи ин чӣ маъно дорад? Ин ҳақиқати инкорнопазир ба он маъност, ки: Якум: Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди ватан, миллат ва таърих ба ҷой овард. Яъне, он вазифаҳои таърихие, ки дар назди ӯ, ҳамчун Сарвари давлати тоҷикон гузошта шуда буд, ҷомаи амал пӯшиданд. Дуюм: Ин дастовардҳо ба он маъност, ки зери сарварии ӯ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва устувор ба як воқеияти инкорнопазири таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфт [5]. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон имрӯз аз зинаи давлатҳои ноком ба комгор, аз кишвари номутараққӣ, ба кишвари рӯ ба тараққӣ, аз кишварҳои ношинохта ба кишвари асосии сайёҳӣ, аз кишвари камбарқ ба кишвари аз лиҳози энергетикӣ мустақил ва содироткунандаи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҷаҳон, аз кишвари дар худ маҳдуди кӯҳӣ ва аз баҳр дур ба кишвари транзитӣ, аз давлати акнун мустақилшуда ба кишвари узви созмонҳои бузурги байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз давлати дар ҳошия қарордошта ба давлати пешниҳодкунандаи ташаббусҳои сатҳи байналхалқӣ, лидери байналмилалӣ дар соҳаи ташаббусҳои масоили обӣ ва ғайраҳо табдил ёфтааст.
Ба назари мо, ин дастовардҳои бунёдӣ ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надоранд. Ва маҳз ин дастовардҳои умумитаърихӣ ва садҳо дастовардҳои дигари таърихӣ чун сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сохтмони НОБ-и Роғун, эҳёи калонтарин неругоҳҳои Тоҷикистон Норак, Қайроққум, Сарбанд, Варзоб ба мақсадҳои стратегӣ расонидани Тоҷикистон - берун рафтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, наздик шудан ба таъмини амнияти ғизоӣ ва саноатикунонии кишвар, сохтмони роҳҳо ва нақбҳои замонавӣ дар кишвар, пайвастани қисмҳои аз ҳам ҷудои ватанамон, ба вуҷуд овардани ҳазорҳо гектар боғҳои интенсивӣ, оғоз кардани азнавсозии пойтахти кишвар ва марказҳои вилояту шаҳру ноҳияву ҷамоатҳо, нишон додани ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, муқовимат бо коррупсия, муборизаи шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, дастгирии доимии байналмилалии кишвари ҷангзадаи Афғонистон ва ғайраҳо ӯро, дар ҳақиқат, ба як муборизи роҳи озодӣ ва сулҳу амният дар сатҳи ҷаҳонӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллати мо, бори сеюм таъсиргузортарин мусулмони сатҳи ҷаҳонӣ дар қатори 500 мусулмони кишварҳои мусулмоннишин ворид гашт, дар Макка дар Хонаи Худо ду бор бо Хидматгузори Ҳарамайн намоз гузошт, ки ба кам касон насиб мекунад ва ҳеҷ нафаре, ҳатто аз рӯҳониёни забардасти минтақа дар Осиёи Марказӣ то ба ин ҳадди камол ва эътирофи динӣ, миллӣ ва байналмилалӣ нарасидааст. Дар соҳаи дини хеш низ аз он шахсонест, ки дини мубини исломро дар сатҳи олӣ ҳифз кардаву исломро аз терроризм ҷудо донистааст. Маҳз ин андешаи методологии Президенти мо ба обрӯйи дини ислом обрӯй меафзояд, на ғоратгариву одамкушии гурӯҳҳои террористӣ, ки бо даҳшатафкании худ исломро чун дини террористӣ ва зидди тамаддуни башарӣ ҷилва медиҳанд.
Шоираи ширинзабону ватанпарвари мо Адибаи Хуҷандӣ худ гурӯҳе созмон додаву дар атрофи худ зиёда аз 50 000 дӯстдорону пайравони миллатро ҷалб намудаасту рӯзу шаб бо кӯрони таъриху иблисони ҷомеа дар набард аст, то ин ки онҳоро ба роҳи рости худшиносиву ватандӯстӣ баргардонад. Чанд вақт пеш дар фейсбук мақолае гузошта буд, ки чунин сатрҳо дорад: ”Эмомалӣ Раҳмон маҷмуаи силсилаи қаҳрамониҳои доим аст. Касе, ки умраш сарфи туҳмату буҳтон мекунад, ба ҷое намерасад. Дар назди халқ азиз буданро Худованд ба ҳар кас лоиқ намебинад. Худованд азизеро, ки аз дигарон бо тарҷеҳ халқ кардааст, ҳамеша дар назди халқ шоистаи эҳтиром меофарад ва ин эҳтирому муҳаббатро он азиз бо хидмату шоистагӣ ва бо сифатҳои олии инсонӣ ба даст меорад, эҳтирому қадршиносии мардум ҳадяи ҷовидона мебошанд. Миллат ҳамеша шукргузори ин фарзанди қаҳрамони худ аст. Ҳосидонаш дона донаву дӯстдорону дуогӯёнаш миллионҳоянд. Худованд ин намунаи қаҳрамонӣ, ин намунаи ватандорӣ, намунаи фарҳангдӯстиву илму адабпарварӣ ва сифатҳои олии инсонӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳифз кунад”. Албатта, ба дуои ин шоираи мардумӣ, модар ва хоҳари меҳрубону зеборӯю, зебоандеш, хушсухану дурандеш пайваста мо ҳам орзуи онро дорем, ки миллати мо соҳиби ҳарчи бештари чунин намунаҳои шахсиятҳои миллӣ бошад. Сафи гурезаву муҳоҷиру беватанҳо камтару сафи ҷавонмардони баору номус бештар гардад.
Хулоса, шахсияти Пешвои миллат бо ҳама мураккабиҳояш, зебоиҳояш, хирадмандиҳояш, ки дар ин мақола имконияти шарҳи васеъ додани онҳоро надорем, мардумӣ буда, дар деги ҳаёти ин миллат бо камиву костӣ, бо пешрафту дастовардҳояш ҷӯшида, ба сатҳи миллӣ расидааст ва метавонад дар қатори пешвоёни маънавию фарҳангӣ, қаҳрамонҳои ватанпарвару меъморони ин миллати куҳанбунёд ҷой ва мақоми хешро дошта бошад ва барои наслҳои оянда ҳамчун як намунаи барҷастаи шахсиятҳои миллӣ боқӣ монад.


Сайфулло Сафар Саъдуллозода - раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, 

н.и.ф., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ