Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Имконияти рушд барои соҳибкорон ва таҳкими иқтидори содиротӣ

Дар Тоҷикистон як бонк барои кумак ба тиҷорат ва рушди содирот боз шудааст. Сухан дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки саноатӣ ва содиротии Тоҷикистон" ("Саноатсодиротбонк") дар заминаи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" меравад. Бонк бо қарори Ҳукумати мамлакат барои дастгирии тиҷорати хурд ва миёна, алалхусус истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон кушода шудааст. Сармояи он 50 миллион сомонӣ ё 5 миллион долларро ташкил медиҳад. Манбаи маблағгузорӣ Вазорати молия ва буҷаи кишвар мебошад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013 таҳти №34 Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 
Санаи 23-уми октябри соли 2020 КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” соҳиби иҷозатномаи БМТ гардид, ки масъулияти бонк назди мизоҷонаш зиёдтар шуда, моро барои хизмати софдилона ва одилона даъват менамояд. КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” таҳти шиори “Ҳадафи мо муваффақияти Шумо” фаъолияти худро оғоз намуда, мавқеашро ҳамчун бонки давлатӣ дар бозори байнибонкӣ устувор менамояд. Мусаллам аст, ки идеяи изҳоршуда, бешубҳа, ташаббуси дуруст ва серталаб аст. Дар ҳақиқат, саноатчиёну истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишвар ба захираҳои қарзии дарозмуддат ва қобили қабул ниёз доранд. 
Умуман, таъсиси бонкҳо барои дастгирии саноат ва рушд кайҳо дар ҷаҳон амалӣ шудааст. Аз ин рӯ, омӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ муфид аст, чунки мо бояд дар раванди омӯзиши таҷриба ба камбудиҳо роҳ надиҳем, алалхусус ба хатоҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон. 
Пас, рӯ ба таҷрибаи байналмилалӣ меорем:
 Бонкҳои миллии рушд дар охири солҳои 50-уми асри гузашта ташкил шудан гирифтанд. Дар ҳоли ҳозир, тақрибан 65 чунин бонкҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Аврупо, Африқо, Осиё ва алахусус, дар Амрикои Лотинӣ фаъолият мекунанд. 
Ба ин мисол, Бонки рушди Чин, Бонки рушди саноатии Покистон, Ҳиндустон, Бразилия, Канада ва Олмон дохил мешаванд. Ин бонкҳои рушд аксар вақт бо мақсади дастгирии давлатӣ ба соҳаҳои инноватсионӣ ва ояндадори иқтисодиёт ё дастгирии лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳолатҳое таъсис дода мешаванд, ки бонкҳои тиҷоратӣ захираҳои кофӣ надоранд ё ба маблағгузорӣ манфиатдор нестанд. Бонкҳои рушд дар мубориза бо табиати даврии низоми молиявии хусусӣ, ки (алалхусус, дар давраи буҳронҳо) қарзҳои дарозмуддат камтар медиҳанд ва бештар ба қарзҳои тиҷоратии кутоҳмуддат ва дорои хавфи камтар нигаронида шудаанд, кумак мерасонанд. Бахши хусусӣ низ аксар вақт наметавонад барои ширкатҳои хурди инноватсионӣ ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ маблағгузории кофӣ ҷудо кунад. Он, инчунин, дастгирии сармоягузории кофиро ба инноватсия, рушди саноат ва пешбурди содирот, қарздиҳӣ ба истеҳсолкунандагони хурд ва лоиҳаҳои экологӣ, ки фавран барои фарогир ва устувор кардани иқтисодиёт заруранд, дастгирӣ намекунад. 
Буҳрони молиявӣ баъзе ҳукуматҳои Аврупо, Африқо ва Осиёро водор кард, ки бонкҳои нави давлатии рушд таъсис диҳанд ё бонкҳои мавҷударо рушд диҳанд. Дар натиҷа, дар соли 2015 дороиҳои умумии чунин бонкҳо (БМР) тақрибан ба 5 триллион доллар расид. Имрӯз, онҳо ҷузъи муҳими бахшҳои молиявии аксар кишварҳои тараққикарда ва давлатҳои бо сатҳи даромади миёна, бахусус дар Чин, Олмон, Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ мебошанд. Гузашта аз ин, БМР (бонкҳои миллии рушд) метавонанд ба давлатҳое монанди Тоҷикистон, ки иқтисодиёташ дар ҳоли рушд аст, таъсири калон расонад. Аз ин рӯ, тахмин меравад, ки давлатҳое, ки БМР доранд, бояд ба васеъ кардани нақшаҳои худ ҳаракат намоянд ва барои кишварҳое, ки ташкил накарданд, ин масъаларо омӯзанд. Ин ба ташкили системаи молиявие, ки талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳоро қонеъ намояд, мусоидат кунад. 
Таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бонкҳои муваффақи рушд бояд хуб идора карда шаванд, пурра муассисаҳои хуби шаффоф дорои шӯрои директорони мустақил дошта бошанд, таҳлили қавии қарзҳо, кадрҳои баландихтисос ва кормандонашон бонкирҳои мутахассис бошанд, ки вазифаҳои худро бояд хуб иҷро кунанд. 
Чунин бонкҳо бояд таъсири худро ба рушд бидуни таҳриф, монополия ва консентратсия дар бозор баланд бардоранд ва танҳо барои ширкатҳои интихобкарда қарз диҳанд. Ғайр аз ин, бонкҳои рушд бояд сармояи худро зиёд кунанд, зеро саҳмҳои ҳукумат одатан нокифоя мебошанд. Гарчанде ки ҳукуматҳо сармояи пардохташудаи худро пешниҳод мекунанд, аксар вақт ин нокофӣ аст ва аз ин рӯ, бонкҳои рушд бояд тавонанд дар бозорҳои миллӣ ва байналмилалии сармоя маблағҳои пулӣ ҷалб кунанд. 
Гузашта аз ин, қарзҳои ин бонкҳо низ бояд аз ҷониби бахши хусусӣ маблағгузорӣ карда шаванд, ки ин махсусан, барои ҳукуматҳое, ки ҳангоми буҳрони иқтисодӣ ва маҳдудиятҳои буҷа дучор меоянд, муфид аст. Инчунин, таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ ба як қатор мушкилот ва камбудиҳо ишора мекунад, хусусан дар робита бо идоракунии корпоративии бонкҳои давлатии рушд, ки бояд ба назар гирифта шавад ва пешгирӣ карда шавад, ки аз сустидоракунии корпоративӣ бонкҳоро то ба мушкилоти молиявӣ оварда мерасонад. 
Аксар вақт, фаъолияти бонкҳои рушд ба хавфҳои гуногун дучор меоянд: қарзӣ, сиёсӣ, коррупсия ва ғайра. Аз ин рӯ, сатҳи баланди идоракунии корпоративӣ бояд хусусияти муҳимтарини онҳо бошад. Вобаста ба ин, бояд ба се масъалаи марбут ба баланд бардоштани самаранокии бонкҳои рушд таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад: 
Якум, афзалиятҳои сармоягузориро бо назардошти воқеиятҳои ҷадид аз нав дида баромадан лозим аст. Такмили инфрасохтор ё лоиҳаҳои инфиродии саноатӣ, албатта, ҷанбаи муҳим аст, аммо бидуни сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ ва афзоиши рақобатпазирӣ, роҳ ёфтан ба сатҳи муназзами нави рушди кишвар ва тавсеаи содирот мушкил аст. 
Дувум, меъёрҳои самаранокии бонкҳо ва сифати баҳодиҳии лоиҳаҳои содиротии сармоягузорӣ ҳанӯз ҳам муҳиманд, ки аксар вақт беҳбудиро талаб мекунад. Ин ба бозгашти сусти қарз, афзоиши муҳлатҳо ва бад шудани сифати портфели қарзӣ оварда мерасонад. 
Таъсиси бонки дастгирии саноат ва пешбурди содирот, албатта, барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст. Аммо, омӯхтан ва ба назар гирифтани таҷрибаи мусбат ва манфии ҷаҳонӣ низ ба қадри кофӣ муҳим аст. 
Ин имкон медиҳад, ки дар оянда, аз як тараф, кафолати захираҳои имтиёзнок таъмин карда шавад, принсипҳои идоракунии корпоративӣ, касбият дар самти баҳодиҳии қарзӣ ва пардохти манбаъҳо риоя карда шаванд. 
Аз тарафи дигар, ин имкон медиҳад, ки имкониятҳои коррупсия тавассути назорат ва аудити мустақил, назорати пурзӯр аз ҷониби танзимкунанда, инчунин, раванди возеҳи интихоби рақобатпазир дархостҳо ва лоиҳаҳо дар асоси меъёрҳои шаффоф ва возеҳ кам карда шаванд. 


Бахтиёр Қурбонов, магистри курси 1-уми ихтисоси кори бонкии ДДМИТ