Мақолаҳо
Парчам - рамзи худшиносии миллат
Парчам рамзи хоссаи соҳибистиқлолӣ, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат буда, ҳанӯз аз замонҳои қадим нишони шукӯҳу ифтихор ва нангу номус ба ҳисоб меравад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд. Давлатдории тоҷикон таърихи қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз дар замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард ва он «Дирафши Ковиёнӣ» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул шуда буд.
Воқеан, дар бораи Дирафши Ковиёнӣ «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳам маълумот медиҳад. Дар ин асар омадааст, ки Коваи оҳангар дар вақти мубориза бар зидди қувваи бадӣ - Заҳҳок ғолиб омада, пешбанди чармини худро ба ҳайси дирафш - парчам истифода карда, онро баланд мебардорад ва бо ин амал ғолиб шуданашро ба халқ нишон медиҳад. Аз ин ҷост, ки варзишгарон дар баробари ғолибият дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами миллиашонро баланд мебардоранд.
Хушбахтона, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ нишони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ буда, давлат тавассути он дар чаҳон муаррифӣ мешавад.
Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати мутамаддину бомаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллату Ватан ва ҳидоятгару раҳнамои мардум ба сӯи шукуфоӣ ва зиндагии босаодат мебошад. Он ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, мардонагию матиниродагӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.
Имрӯз Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум баҳри ободии кишвар, ҳаммароми «Дирафши Ковиёнӣ»-и аҷдодиамон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳии родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Он тасвири рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам акс ёфтаанд, мазмуни зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд ва ҳар кас метавонад онро вобаста ба фаҳмиши худ шарҳ диҳад. Аммо мазмуни ҳақиқиаш - ранги сурх дар парчам муборизаю фидокории халқ барои озодию истиқлол, ранги сафед - бахти сафед ва покизагӣ, ранги сабз - саъю кӯшиш ва меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан мебошад. Тасвири тоҷ ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора - ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон ва ҳафт рӯзро маънидод мекунад. Умуман, рақами ҳафт дар мардуми тоҷик азизу муқаддас дониста мешавад.
Робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла равобити дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо кишварҳои зиёди хориҷӣ густариш ёфтанд. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки ин мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми тоҷикон мебошад.
Парчами давлатӣ, дар ҳақиқат, нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллист. Он беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон маҳсуб меёбад.
Хулоса, моро мебояд, ки аз Парчами миллӣ ифтихор дошта бошему эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории аҷдодӣ ба ҷо орем. Инчунин, вазифадорем, ки қадру манзалат ва нақшу эътибори Парчами миллиро ба фарзандони худ ва наврасону ҷавонон талқин намоем.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».
Нурализода Амрулло Назрулло, дотсент, декани факултети молия ва қарз