Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат

Ҳамасола ироа гардидани Паём аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гувоҳи расидан ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад. 
Дар Паёми навбатӣ аз тарафи Пешвои миллат тамоми самтҳои фаъолияти ҷумҳурӣ натиҷагирӣ ва баррасӣ гардиданд: саноат, молия, соҳаи аграрӣ, соҳаи хизматрасонӣ, маориф, робитаҳои берунии иқтисодӣ ва ғайра. 
Инҷо мехостам баъзе нуқтаҳои асосиеро, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ироа гардид, таҳлил намоем. 
Соли сипаригардида кулли мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифта, кишвари азизи мо ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гардид. 
Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст. 
Дар даҳсолаи дуюми давраи истиқлол рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, давлат ба расидани ҳадафҳои олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонид. 
Дар даҳ соли охир, яъне солҳои 2010-2021 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тақрибан 31,5%, буҷети давлатӣ аз 7 миллиард сомонӣ то 28 миллиард сомонӣ, яъне 75 баробар зиёд гардиданд. Ва ё маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 82,2 миллиард сомонии соли 2020 дар соли 2021 95 миллиард сомониро ташкил дода, 15,5% зиёд гашт. 
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2283 корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта ҳиссаи он дар ММД соли 2021 тақрибан 17% ташкил дод. Ва ё агар дар Ҷумҳурӣ соли 2011 дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, саноат 4,3 млрд. сомониро ташкил диҳад, пас соли 2021 ба 16,6 млрд. сомонӣ расид, ки (12,3 млрд. сомонӣ зиёд ё 386%). Воқеан соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳимро мебозад. Бо ин мақсад дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, солҳои 2022-2026 яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.
Дар натиҷаи амалинамоии ин тадбирҳо соли 2021 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тақрибан 108%, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ 128% ва савдои хориҷӣ 108% иҷро гардиданд. 
Маҳз ин марҳилаи панҷсола имкон медиҳад, ки дар мамлакат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ пайдо гардида, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш ёбанд. 
Нуқтаи муҳими дигари дар Паём ироагардида барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 20 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз зиёд гардида, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз зиёд карда мешавад. 
Ҳамаи ин дастгирии Ҳукумати мамлакат аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати иҷтимоӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст. 
Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар марҳилаи минбаъдаи рушди иқтисод “таъмини бехатарии озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат” вазифаи афзалиятноки давлат ба шумор меравад. Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати тақрибан 847 ҳазор гектар ба роҳ монда шудааст. 
Бо назардошти самаранок истифодабарии заминҳои кишоварзӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне тақрибан 4 баробар афзоиш ёфт. Ва ё ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа соли 2020 нисбат ба соли 2000 тақрибан 75 маротиба зиёд гардид. Ҳамзамон, боиси қайд аст, ки ҳоло дар мамлакат зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд. 
Аз ин нишондиҳандаҳо хулоса намудан мумкин аст, ки соҳаи аграрӣ, алалхусус фаъолияти субектҳои хоҷагидори соҳа дар таъмини бехатарии озуқаворӣ нақши муҳимро ишғол менамоянд. 
Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ дар ояндаи наздик, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшида истодааст. 
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обию энергетикӣ буда, аз ин ҷиҳат дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Аз 115,6 км3 ҳавзаи Баҳри Арал 64 км3-и он (55,4%) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва айни замон, танҳо 12,52 %, ё ин, ки ҳамагӣ 14,58 км3-и ҳаҷми он барои манфиатҳои кишвар истифода бурда мешавад. 
Соли 2021 ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА-1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500-киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст. Ва ё 75% инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардиданд. Дар натиҷа, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд шуданд. 
Умуман, аз соли 2011 дар мамлакат системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки имрӯз устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид. 
Ҳамин тариқ, бо боварии том метавон қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи рушди иқтисодиётро дар заминаи иқтисодиёти сабз ба роҳ мондааст. 
Соҳаҳои маориф ва тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва калидӣ арзёбӣ гардида, ҷузъи таркибии сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Масалан, соли 2020 157 муассисаи таълимӣ барои 63 ҳазор хонанда ва 108 муассисаи тиббӣ сохта мавриди истифода қарор гирифт. Дар бист соли охир ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид. 
Нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии соҳавӣ аз он дарак медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд ёфта, ба амалигардии ҳадафҳои миллӣ ноил гардида истодааст. 
Ҳамин тавр, ниёгони мо борҳо шакли ташкили иҷтимоии беназирро эҷод намуда буданд, ки он шакли санҷидашударо имрӯз мо меомӯзем ва пайваста бо тақозои замони муосир татбиқ менамоем. Воқеан ҳам, ҳамон расму қоидаҳо умри ҷовидон дораду нигоҳ дошта мешавад, агар рақобатпазир бошанд. Ифтихор бояд кард, ки кулли арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоиро, ки ориётаборон эҷод намуда буданд, дорои сифатҳои умумибашарӣ буда, ба мазмуни ҷомеаи дунявӣ комилан рост меояд ва заминаҳои бунёдии он ҳам мебошад. Илова бар ин, тавре таърих шаҳодат медиҳад, ҳамон ҷомеаи инсонӣ ва қавму миллатҳо зинда мондаанд, ки агар механизми иттиҳодгардии онҳо фаъол кор кардаасту дар атрофи ягон ғояи асил гирд омадаанд. Имрӯз мардуми кишварамон дар атрофи ғояи ваҳдати миллӣ гирд омадаанд ва онро дар арзу тӯл густариш дода истодаанд, то ин ки мазмуни воқеии онро ғанӣ гардонида, ба манфиатҳои миллӣ роҳандозӣ намоянд. 


С. Мирсаидов, д.и.и., профессори ДДМИТ