Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Кӯшишҳои содиқонаи Пешвои миллат дар иртибот бо илм ва таълим

Дар таърихи 21-уми декабри соли 2022, яъне дар мунтаҳои охирин моҳи соли гузашта Пешвои азизи мо Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи хешро дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ маърузи кулли мардуми Тоҷикистон гардониданд. Дар ҳақиқат, дар ин Паём самтҳои бунёдии сиёсати давлати тоҷикон дар муддати як соли сипаришуда ба таври басо равшан ироа гардида, роҳҳои тарҳрезии сиёсати минбаъдаи давлат барои солҳои пасин аз ҷониби Пешвои азизамон дар фарогӯши сомиин расонида шуданд. Паёми навро метавон дарвозаи бузурги тиллоӣ дар баробари сарнавишти миллати тоҷик эътироф кард, ки тавассути роҳнамои ростини миллат ва фарзанди ҷоннисори модари тоҷик кушода шуда, тамоми афроди кишварро садои вурудшавӣ медиҳад, то бад-ин роҳ ояндаи дурахшон ва саодатманди худро ба даст оварад. Паёми Пешвои миллат ҳидояти мардуми ҷумҳурӣ дар роҳи мустақиму пуршарафи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва чароғи пурламъаву тиранашаванда дар рӯшанибахшии сарнавишти кулли афроди ҷомеаи кишвар ба ҳисоб хоҳад рафт. 
Ҷойи басо хушнудист, ки нашрияи донишгоҳии мо – «Молия ва иқтисод» ин Паёми хуҷастафолро дар аввалин шумораи навбатии пас аз баргузории суханронии муҳтарам Президент ба пуррагӣ ба табъ расонида, манзури кулли устодону донишҷӯёни донишгоҳ гардонид. Дар ин самт, пеш аз ҳама, кӯшишҳои ректори донишгоҳ муҳтарам Шукрулло Хайрзода ва баъдан масъулини нашрияи мазкурро метавон қадр кард. 
Дар Паёми навини хеш муҳтарам Пешво дар баробари таваҷҷуҳ ба аҳдофи бунёдиву стратегии миллӣ, амсоли: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат, васеъ намудани шуғли пурмаҳсул, ҳамчунин, дар хусуси дигар масоили аввалдараҷаи марбут бар ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф изҳори назар намуда, хатсайри рушду инкишофи гузаштаи мактабу маориф ва мутаносибан ба ин, як соли сипаришудаи соҳаи мазкурро маърузи шунавандагон гардониданд. Чунончи дар Паём қайд шудааст, ҷиҳати рушди соҳаи маориф якҷо бо соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз буҷаи давлатӣ 97 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин аз мароқи вижаи муҳтарам Президенти кишвар нисбат ба ду соҳаи калидитарини ҳаёти ҷомеа – маориф ва тандурустӣ шаҳодат медиҳад. 
Ин ҷойи басо хушнудист, ки дар се даҳсолаи даврони истиқлол дар Тоҷикистон 3240 муассисаи нави таълимӣ (ҷуз аз муассисаҳое, ки аз нав тармиму бозсозӣ шудаанд!) барои анқариб якуним миллион хонанда сохта шуданд, ки ба муҷиби тазоюди макотиби нав теъдоди хонандагон ба 2 миллиону 200 ҳазор афзуда шуд. Ин вазъ, албатта, хушоянд буда, ояндаи накуро дар пай дорад, зеро рӯй овардани ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба мактабу дарс, яке аз авомили беҳбуд дар самтҳои гуногун, вижаро, дар самти ахлоқ ва истиқрори равонии ҷомеа ба ҳисоб хоҳад рафт. 
Бар мабнои паёмҳои хуҷастаи Паёми Пешво дар даврони истиқлол теъдоди макотиби тип ё усули нав, монанди литсейҳо, гимназияҳо, дабиристонҳои президентӣ, мактабҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ баҳри хонандагони лаёқатманд 173 ададро сипарида, ҳамчунин, муассисаҳои таҳсилотии томактабӣ ва умумии хусусӣ бар 196 адад расидааст. Ҷиҳати хушоянди масъала дар ин маврид он аст, ки сафи хонандагони дорои лаёқати вижа ва ҳатто, метавон гуфт хориқулода, дар фазои таҳсилотии кишвар фузуда, таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон бар фарочанг овардани ҷавҳари дониш рӯз ба рӯз бештар шуда истодааст. Чунончи дар Паём омадааст, теъдоди ҳамчунин хонандагон имрӯзон дар муассисаҳои фавқуззикр бар 150 ҳазор мерасад, ки ин нишондиҳандаи бас хуб аст. Ин ҳазорон нафар соҳибдонишону фарҳангниюшони наврасу ҷавон, ки ҳама фарзандони худи моянд ва ҳамагӣ зодагони кишварамон мебошанд, таъминкунандаи ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва такягоҳи устувори мо хоҳанд гашт. 
Дар иртибот бо макотиби олӣ, чунонки дар Паёми Пешвои азизамон омада, то бад-ин рӯзон 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бунёд гардида, теъдоди ҷамъии онҳо бар 41 адад фузунӣ ёфтааст. Дар ин макотиби олӣ имрӯз 245 ҳазор (!) ҷавонон таҳсил мекунанд, ки башорати таъмини зиёиёну донишпажӯҳон - аз як сӯ ва омодашавии анбӯҳи соҳибкасбону мутахассисонро - аз сӯйи дигар, бар мо медиҳанд. Ин оморнигарии муҳтарам Пешво танҳо ба донишҷӯёне бастагӣ дорад, ки дар андаруни кишварамон таҳсил менамоянд, то чӣ расад бар ҷавононе, ки дар бурунмарзи Тоҷикистон ҷиҳати ҳусули донишу касб фиристода шудаанд ва теъдоди онон танҳо дар соли 2021 ба беш аз 5 ҳазор расида, дар оморнигошти ниҳоӣ миқдори умумии пасошӯравии онон беш аз 42 ҳазор нафарро убур намуда, дар 25 давлати хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 
Паёми навини Пешвои содиқи мо дар иртибот бо мактабу маориф ба ҳайси раҳнамои илму дониш ва ахтари фурӯзони фарҷоми накуи мардум мебошад, ки дар фурӯравии жарфи он ҳар зиёӣ ҳадди бас назарраси пешрафти соҳаи илму таҳсил ва мактабу маорифро дар фазои пасошӯравии ҷомеаи Тоҷикистон эҳсос хоҳад кард. Мо зиёиён бояд ин пешрафтҳои мактабу маорифро, ки давлату кишвари мо дар 30 соли ахир муваффақ гардидааст, арҷ ниҳем ва минбаъд дар такя бар сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти омӯзгории худро идома диҳем ва дар рушду инкишофи соҳаи маориф ҳар як саҳми шахсии худро бар ҷой гузорем.


Саидҷаъфаров Озод Шоҳвалиевич