Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ташаккули худшиносӣ ва Ваҳдати миллӣ дар таносуби шеър

Моҳияти ҳамагуна шеъри баландпарвози шоир барои хонандаи нуқтасанҷ, пеш аз ҳама, шинохти шахсият, маърифату маънавиёти хеш ва муаррифии Миллату Ватан дар фаҳму диди оламиён, ки асолату ҳайсияти тамаддунофарашро аз малики шоирон Абӯ Абдуллоҳи Рӯдакӣ то равшандилони шеъри муосири тоҷик: Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ширин Бунёд, Фарзона, Гулрухсор, Раънои Мубориз, Озарахш ва дигарон дар низоми шеър чун уқобони баландпарвоз болафшонӣ омӯхт. 
Адабиёт дар ҳама аҳдҳо ва давру замонҳо ҳамқадами ҳаёт аст ва дар саҳнаҳои он мафҳумҳои Истиқлолият ва Сулҳу Ваҳдат муродиф мебошанд ва дар оянда низ чунин ҳоҳад буд. Танҳо дар сурати пойдории сулҳу ваҳдати комил Истиқлолият побарҷо мемонад. Он ҳамчун пойдевор ба таҳким ва ташаккули адабиёт хизмат менамояд ва ба пайдо шудани асарҳои оламшумул замина мегузорад. 
Аз ин ҷост, ки адибон дар ин радиф бояд барои шукуфоии ин арзишҳо мубориз бошанд ва аз паи иҷрои ин вазифаи муқаддас ва рисолати худ дар назди башарият худро масъул ҳисобанд ва тантанаи арзишҳои умумибашариро ҷилваи тоза бахшанд. 
Тавре, ки огаҳӣ дорем, вазъи ноороми сиёсии ҷумҳурӣ, ки аз охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта сар шуда, баъд аз эъломи расмии Истқлолият низ дар солҳои 1991-1992 идома дошт, оқибат ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ овард ва шодиву хушҳолии миллати тоҷикро ба ғаму андӯҳ ва мусибату мотам бадал намуд. 
Устод Гулназар аз мушоҳидаи чакидани оби борон бар таҳигоҳи дасти гадо он рӯзҳои мудҳишро ба ёд оварда, бо алам меафзояд: 

Дар сари роҳ 

дар тиҳигоҳи кафи дасти гадо, 

Аз сари мижгони ман 

бо ашки хунин 

Тоҷикистон мечакид! 

Дар шеъри дигараш ӯ, бо нидои ҷовидона ва ҷавонмардона ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо як меҳрномаи баланди меҳанпарастӣ муроҷиат менамояд: 

Эй, халқи азизи ман, саломат бошӣ, 

Парвардаи номусу шарофат бошӣ. 

Аз ҷон гуфтам Суруди миллии туро, 

То ҷур бо ҳам бошиву Миллат бошӣ! 

Ин мисраъҳои ҷовидона, ки аз умқи зеҳни шоир рӯи коғаз омадаанд, дили аз санги хоро бударо дар замон мум мегардонанд ва ҳамагуна зиддият ва ноҳинҷориҳоро аз вуҷуди инсон пок месозанд. 
Даме, ки дар саропардаи Сулҳ ва Ваҳдати безавол, муҳаббат ба Миллат ва адабиёти оламшумули он боло мегирад, дар партави андешаҳои устод Гулназар шукӯҳи шеъри шоираи ҷавон Рудобаи Саидмукаррам сазовори ёдоварист, ки аз уфуқҳои нуронии Сулҳу Ваҳдати Тоҷикистони биҳиштосо ба марзи қалбҳо чун булбулони кӯҳсорони баланд садо меандозад: 

Мо Тоҷикем, вориси он қавми пурғурур, 

Бар дасти мост партави партавфишони нур. 

Як сарзамини меҳру саховат вуҷуди мост, 

Аз мо саломи меҳр расон то ба дури дур. 

Таҳлили ин мисраъҳои саршор моро ба назми устод Мирзо Турсунзода мепайвандад, ки дар шеъри “Ватан” соли 1974 ба ҷаҳониён муроҷиат намуда, бо як масъулияти баланди умумиинсонӣ хитоб карда буд: 

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре, 

Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре. 

Агар ба умқи маънии ин шоҳбайти баландпарвоз назар афканем, дар партави оинасои он бо ҳарфҳои заррин шеъри ҷовидонаи аллома Саъдӣ, ки дар даромадгоҳи Созмони Миллали Муттаҳид ҳаккокӣ шудааст, ба ҷилва меояд: 

Бани одам аъзои якдигаранд, 

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. 

Чу узве ба дард оварад рӯзгор, 

Дигар узвҳоро намонад қарор. 

Дар ин нигоштаҳои пурсеҳр як мисраи шеъри дигари устод Мирзо Турсунзода қувваи ҷозиба ва хулосакунандаи баландмояи махсусеро дорост, ки бо як мухотаби тасхиркунанда: 

“Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун!” – 

аз дили поки васлгари қитъаҳо бо нидои ваҳофар дарак медиҳад. 
Устод то нафасҳои вопасини умр ба рағми ҷабру ситам, тороҷгарону ғосибон мубориза бурда, чун тарғибгари тавонои “ваҳдати халқи ҷаҳон” соҳиби шӯҳрат ва номи неку пайкори нек барои бахту саодати мардуми рӯи замин гардид. 
Агар ба рубоии машҳури ҳаким Умари Хайём: 

Эй дӯст, биё то ғами фардо нахӯрем, 

В-ин як дами нақдро ғанимат шуморем. 

Фардо, ки аз ин дайри кӯҳан даргузарем, 

Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем. 

диққат диҳем, фалсафа ва мантиқи ин рубоӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки агар инсон баъди мурдан барои сарҷаъм омадан дар он дунё офарида шуда бошад, пас чаро дар ҳамин дунёи нозанин сарҷаъм нашавад ва аз он лаззат набарад, армон нашиканад, ҳамзистии осоишта ва сайёраи нозанини худро бо номи Замин гулпӯш насозад? 
Дар такя ба худшиносии миллӣ ва Ваҳдати халқи ҷаҳон шоири номдори халқи қазоқ Олжас Сулаймонов Мӯъмин Қаноатро яке аз шоирони барҷастаи Осиёи Миёна хонда, меафзояд: “Шинохти шоир – шинохти халқи ӯст” амри маъруф аст, ки шоир сафири сарзамини хештан аст, намояндаи тамаддуни ҷаҳонист. 

- Тамаддуни ҷаҳонӣ чист? – агар ба худ суол гузорем, ҷавоб ҷустан бисёр аҷиб аст. 

- Агар тамаддун фазо бошад – фазои Сулҳ аст; агар тамаддун замин бошад – пойдевори Ваҳдат аст. 

Тамаддуне, ки дар кураи шеъри Рӯдакӣ гудохта, дар байтҳои Фирдавсӣ обу тоб ёфта, дар ёқути кабуди Хоҷа Ҳофиз ва лаъли Хайём ҷило ёфтааст, ин дурахши абадҷавлонро мо имрӯз дар симои Тоҷикистони навин бо сулҳу Ваҳдати пойдор ва бахти баланди мардуми таҳаммулпазиру саодатофар бо ифтихор мушоҳида менамоем. Агар ба шеъри “Тахти Ҷамшед”-и устод Мӯъмин Қаноат назар афканем, шоир вожаи “Пайғамбар”-ро чун пойдевори худшиносӣ ва ваҳдатофарӣ ба қалам додааст ва бисёр ширину шево сурудааст: 

Чу Пайғамбар ба базми шоҳи шоҳон мешавам ворид, 

Суруше мерасад бар гӯши ман аз нағмаи Ноҳид, 

Паризоде ба дастам мегузорад ҷоми марворид, 

Ҳамехоҳам бинӯшам ҷуръае аз лаҳзаи ҷовид. 

Мо ҳама зодаи як сайёра, як хоки мубораку муқаддас бо номи Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди ин диёри кӯҳанбунёдем. Вожаи “мардум” маънои “иттиҳод”-ро дорад, ки онро дар шеъри “Ватан” устод Қутбӣ Киром хеле боҳарорат ба қалам додааст: 

Ҳар мурғи шоҳсори ӯ монанди файласуф, 

Аз боби баргу бори ӯ хонад ба ман китоб. 

Умри абад гирифтааст аз нахли иттиҳод, 

Аз барги сабзу шохаҳо, бо решаи дар об. 

Шахсияти шоир аз рӯи мушоҳидаҳо дар масири худшиносӣ чеҳраи ормонии ӯст. Агар ба паҳнои назаргоҳи устоди ширинкаломи назми муосири тоҷик Раҳмат Назрӣ назар афканем, пас мушоҳиди он мешавем, ки дар ашъори гаронарзишаш натанҳо дарди як миллат, балки Ваҳдат ва Худшиносии инсониятро дар мақоми баланд гузошта, ба миллатгароӣ зарбаи ҷонкоҳ мезанад ва онро ба қолаби назм ҳам даровардааст: 

Зиёиёни торикӣ, азизон, 

Ба ҳам ҷӯед наздикӣ, азизон. 

Аз ин туркиву тоҷикӣ, азизон, 

Намерӯяд ягон некӣ, азизон. 

Маънии фалсафии ибораи “ваҳдати миллӣ” дар шеър аз хуб ба хубтар шитофтан аст. Танҳо камолот дар радифи худшиносӣ, зеҳнияти баланд, муҳаббат ба Ватан ва ормонҳои миллӣ, илтифот ба арзишҳои умумибашарӣ ва шарофати Инсон метавонад ин ибораи муқаддасро аз таҳаввулотҳо ва тундбодҳои таърих нигоҳ дорад ва мактаби муҳаббатро барои тарбияи наврасон ва алалхусус, донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳуриӣ қудрату тавони нав бахшад. 
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҳаёти инсонро дар ҳамоҳангӣ бо андешаҳои дар боло зикршуда омезиш дода, онро дар тарозуи адлу инсоф санҷида, меафзояд: 

Гирдоби талаб васею дур аст, 

Дарёи улум дуру ғур аст. 

Қонеъ нашавӣ ба ҳар чи ёбӣ, 

Аз хуб ба хубтар шитобӣ. 

Дар мисраи охирини ин каломи мавзун “аз хуб ба хубтар шитофтан” аз нигоҳи мо маънии ташаккули шахсияти инсон ва худшиносии ӯро дорад, чунки нузули ин арзиши воло ба ҳаёт салтанати ваҳдати халқи ҷаҳонро дар муқаддастарин сайёра, бо исми поки Замин таъмин месозад. 
Илми назм дар тамоми давру замонҳо барои баланд бурдани мавқеи худшиносии инсон ва таъмини Сулҳу Ваҳдат дар фазои поку беолоиши ормонҳо хизмат намудааст. 
Дар ҳамоҳангӣ бо ин андешаи аз назари мо баландмазмун, мо бояд ба хотири осоиштагӣ ва ободии Тоҷикистони азиз дар якоякӣ ғуломи Сулҳу Ваҳдат, якдилӣ ва яктанӣ бо руҳияи баланди хештаншиносӣ бошем, чуноне, ки устод Рӯдакӣ мефармояд: 

Ту Рӯдакӣ, агар ба ғуломӣ қабул кунӣ, 

Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро. 

Дар паёмади андешаҳои дар боло зикршуда перомуни тантанаи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, маърифатгароӣ, ваҳдатафрӯзӣ ва дигар ҷанбаҳои пурарзиши тафаккури инсонӣ бояд қайд намоем, ки дар Тоҷикистони муосир барои фароҳам овардани фазои ягонаи мусоид дар партави ташаккул ва тақвияти ин арзишҳо аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устодони каломи бадеъ дар ҷодаи ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар байни наврасон ва донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ самаранок истифода намудан ба мақсад мувофиқ мебошад. 


Наврузова Г.Т., н.и.п., дотсенти кафедраи забони русии ДДМИТ 
Махшулов Ҷ.. муаллими калони кафедраи забони русии ДДМИТ