Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Нақши Паёми Пешвои миллат дар самти дастгирии занони соҳибкор

Аз нуктаи назари амалӣ дар иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум, соҳибкорӣ фаъолияти мустақилона ва ба таваккали шахсӣ асосёфтаест, ки бо мақсади гирифтани фоида аз истифодаи молу мулк, истеҳсолу фурӯши молу хизматрасонӣ амал менамояд. Дар ин масъала мавқеи занон бориз буда, ҳиссаи онҳо дар маҷмуи умумии шумораи соҳибкорон зиёд мебошад. Ғайр аз ин, имрӯз нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Айни замон дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Дар ҳамин замина, бахши фаъолияти занони соҳибкор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол буда, дар рушди соҳибкорӣ ва, умуман, иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас доранд. Ҳоло дар кишар аз 323 ҳазор субъектҳои кишоварзӣ 75 ҳазор ё 23,3 фоизи онро соҳибкории занона ташкил медиҳад. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки соҳибкории занона дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозад.
Соҳибкории занона хусусиятҳои хоси худро доро буда, занҳо нисбатан дар ташаббус нишон додан фаъол мебошанд. Агар онҳо ба натиҷабахшии коре боварӣ ҳосил кунанд, то ба мақсад расидан онро пайгирӣ менамоянд. Дар ҳамин замина, табиати занон низ аз мардон фарқ мекунад. Онҳо ба таваккалу эҳсосот камтар дода шуда, дуру дароз таҳти стресс қарор доштанро намепазиранд. Ин аст, ки бонувон бештар дар соҳаи соҳибкории хурду миёна, хусусан дар соҳаҳои савдо, тандурустӣ, маориф, тарбияи насли наврас, хизматрасонии маишӣ (кошонаҳои ҳусн, хӯроки умумӣ ва ғ.) фаъолият мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз душвориҳои корӣ ва таъсири ҳар гуна омилҳо ба фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ дар соҳаи кишоварзӣ саҳми занон дар тақвият ва рушди иқтисодиёти кишвар ва фароҳам овардани шароити корӣ назаррас мебошад. Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.
Ғайр аз ин, ҳиссаи ташкилотҳои қарзӣ дар дастгирии занони соҳибкор назаррас буда, ба такмили заминаҳои рушди салоҳияти онҳо диққати махсус дода мешавад ва соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. 
Бо ҳамин мақсад, дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш ва дастур доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии занони соҳибкор, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.
Ҳамин тариқ, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баланд бардоштани нақши бонувон барои таъмини молиявии оилаҳои онҳо, ҳамчунин, барои таъмини рушди иқтисодиёт, рушди бахшҳои воқеӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ, беҳгардонии таносуби мусбии кормандону ғайрикормандон, баланд бардоштани сатҳи маърифати оилаҳо ва таъмини рушди иқтисодиёти кишвар назаррас мебошад.


Гуландом Латипова, Азима Раҳимова, устодони кафедраи фаъолияти бонкӣ