Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ваҳдат - пояи рушд

Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷеа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд. Яке аз мушкилоти фоҷиаовар дар он рӯзҳо, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд. 
Дар ин айём, фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани манзилҳои харобгашта ва иншооту биноҳои валангор бояд ба зиммаи роҳбари нави интихобшудаи давлат, яъне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта мешуд. 
Корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда буданд. Сатҳи баланди бекорӣ, таварруми бесобиқа, кам шудани ҳаҷми даромад, буҷети давлат, афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ дар он рӯзҳои сангин сурат гирифта буд. 
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар саросари ҷаҳон мешиносанд ва нуфузи Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот дар масири рушд буда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки тоҷикон миллати тамаддунсоз, дорои таърихи бой мебошанд. 
Дар солҳои минбаъда густариши раванди рақамикунонии иқтисодиёт, саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва инкишофи неруи инсонӣ баҳри таъмини рушди устувори кишвар яке аз вазифаҳои асосӣ қайд карда мешавад. 
Тибқи талаботи замони муосир, дар тамоми зинаҳои таҳсилот стандартҳои нави таълимии давлатӣ ҷорӣ карда шуда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ: русиву англисӣ ба роҳ монда шуд. Масъалаҳои рушди илми ватанӣ, хусусан, илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ба роҳ монда шудааст. 
Барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон шабакаи алоҳидаи телевизионии “Илм ва табиат” таъсис ёфта, озмунҳои ҷумҳурияии “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон гардида, барои ғолибон мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуд. 
Чунин раванд ба пешрафти ояндаи Тоҷикистон ва табдил ёфтани он ба кишвари санотиву аграрӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард. 
Тоҷикистонро танҳо кадрҳои пешрафтаву донишманд, соҳибмаърифату баландихтисос ва навовару ихтироъкор метавонанд идора намоянд. 
Ногуфта намонад, ки бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст. Ҷаҳолат ба инсон ҷуз бадбахтӣ чизе дигаре намеоварад. Илм, маориф ва техникаву технологияҳо ҳар қадар пеш раванд, давлат ҳамон қадар рушд ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар мегардад. 
Барои тарбияи наслҳои имрӯза, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо ҷашну чорабиниҳо, ба монанди 1100-солагии давлатдории Сомониён, 2700-солагии китоби “Авасто”, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150-солагии устод Рӯдакӣ, соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиш гузаронида шуд. 
Қабул гардидани Қонун ”Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва эълон шудани Рӯзи забони давлатӣ боз як қадами муҳиме буд барои пойдорӣ ва густариши забони адабии тоҷик ва фарҳанги миллӣ. Яке аз иқдомҳои саривақтии Роҳбари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намудани шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров буд. 
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастурҳои Роҳбари давлат, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, қарорҳои мушовараи Вазорати молия ва Вазорати маориф ва илм ташкил ва ба роҳ мондааст. Айни замон дар донишгоҳ 21 нафар доктори илм, 151 нафар номзади илм, 199 нафар муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмуъ, 371 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд. 
Боиси ифтихори мо устодон аст, ки донишҷӯёни мо талаботи асри навинро дарк карда метавонанд. Онҳо на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ низ илму дониш андӯхта, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои навтаринро аз худ менамоянд. Бояд онҳо талош варзанд, ки ба ин васила, барои ободонии Ватану миллат ва пешрафти давлат саҳми худро гузоранд. 


Музаффар Шукрихудоев, 
Шарофат Қайсова, ассистентони кафедраи забони русӣ