Мақолаҳо

Шифоҳӣ ва ё тестӣ, кадомаш беҳтар?
Тавре пештар хабар дода будем, шуруъ аз нимсолаи дувуми соли хониши 2021-2022 имтиҳонҳои ниҳоӣ дар шуъбаҳои рӯзонаи ДДМИТ вобаста ба талаботи барномаи таълимӣ дар шакли шифоҳӣ ва тестӣ баргузор мешаванд. Аз ҷумла, имтиҳонҳои 60% фанҳои таълими равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тариқи шифоҳӣ ва 40% имтиҳони фанҳои таълимӣ тариқи тестӣ баргузор карда мешаванд. Мо баъди мушоҳида аз рафти имтиҳонҳои шифоҳӣ ва тестӣ бо чанд нафар донишҷӯ вохӯрдем, ки дар бораи бартарияти онҳо чунин ақида доштанд.
Имтиҳони шифоҳӣ донишро сайқал медиҳад
Меҳрона Одинашоева, донишҷӯи курси якуми факултети молия ва қарз: Ман шод аз он ҳастам, ки имсол як қисми имтиҳонҳоро чун солҳои пеш ба шакли шифоҳӣ месупорем. Мо тавассути ин шакл метавонем саволҳое, ки устод рӯ ба рӯ ба мо пешниҳод мекунад, дар доираи малакаву таҷриба ва донишҳои андӯхтаамон ҷавоб дода баҳоҳои худро гирем. Тавассути имтиҳони шифоҳӣ ҳар як донишҷӯ маҷбур мешавад, ки китоб хонад, мавқеи худро дар ҷодаи аз худ намудани донишҳои андӯхтаи замонавӣ муайян намояд. Бартарияти имтиҳонҳои шифоҳӣ боз дар он аст, ки он метавонад донишро сайқал дода, мавқеи шахсро дар ҷомеа муайян намояд.
Илму дониш бо баҳс пойдор аст
Меҳрона Солеҳова, донишҷӯи курси якуми факултети молия ва қарз: Пеш бо таваккалӣ зер кардани тугмачаи компютер имтиҳон месупоридем ҳоло бошад, бо тайёрии хубу дониши андӯхтаамон. Илму дониш ҳамеша бо баҳс пойдор аст. Дар имтиҳоноти шакли тестӣ баҳс карда намешавад, вале имтиҳонҳои шакли шифоҳӣ ба ин чиз имконият медиҳад. Аз ин мебарояд, ки гузаронидани як қисми имтиҳонҳо ба шакли шифоҳӣ ба манфиати донишҷӯ мебошад. Ман, ки ҳанӯз донишҷӯи курси аввалам ин чизро ба хубӣ дарк менамоям.
Фарқият дида намешавад
Марҷона Раҷабова, донишҷӯи курси сеюми факултети ҳисобдорӣ ва омор Имтиҳони шифоҳӣ аз ҷониби комиссияи таъсисдодаи факултети марбута дар худи факултет қабул карда, ведемости он ҳамон рӯз ба МТ ирсол ва ба системаи иттилоотӣ ворид карда мешавад. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи имтиҳони шифоҳӣ ин ба таври хаттӣ баён намудани фикру ақидаи худи донишҷӯ мебошад ва баҳри сайқал додани донишу малакаи донишҷӯён як имконияти хубро фароҳам меоварад. Бартарияти имтиҳони тестӣ дар он зоҳир мегашт, ки донишҷӯ баъд аз супоридани имтиҳон ба зудӣ аз баҳои гирифтаи худ ба воситаи сомонаи расмиаш огаҳӣ меёфт, аммо дар раванди имтиҳоноти шифоҳӣ бошад, аз натиҷаи имтиҳон дарҳол бохабар намешавад. Хулоса, ба фикри ман дар раванди ин ду навъ имтиҳон фарқияти калоне дида намешавад.
Дар имтиҳони шифоҳӣ донишҷӯ озод аст
Насриддинов Шоҳрух, донишҷӯи курси дувуми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ: Ҳама гуна шакли супоридани имтиҳонҳо барои донишҷӯён манфиати ба худ хосро дорад. Пеш аз супоридани санҷишу имтиҳонҳо ҳамеша донишҷӯён тайёрии ҷиддӣ мебинанд аз лексияҳои устодон, китобҳои дарсӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои тахассусӣ ва сайтҳои интернетӣ баръало истифода мебаранд. Ба андешаи ман супоридани имтиҳон дар шакли шифоҳӣ ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки андешаи худро ба савол баён кунад.
Ақли сар аз чашм болотар аст
Эмомзода Ҷовидон, донишҷӯи курси дувуми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ: Усули шифоҳии имтиҳон фикрронии донишҷӯро зиёд мекунад, баёни андешаашро бештар менамояд. Бартарии супоридани имтиҳонҳо дар шакли шифоҳӣ бештар аст, зеро он донишҷӯро барои мутолиа намудани адабиёти гуногун водор месозад. Дар имтиҳони шакли тестӣ, агар нақши асосиро чашм бозад, дар имтиҳони шакли шифоҳӣ нақши асосиро ақл мебозад.
Масъули бахш Тағоймурод Эшзода