Мақолаҳо
Муҳаббати устод - чароғе дар замири шогирд
«Зиндагӣ ба маънии томаш дамидани субҳидамро мемонад, агар чеҳраи устод ин рӯшноиро дар худ таҷассум накунад, дарс ба торикистон табдил меёбад», - гуфтааст педагоги машҳури муосири рус Ш. А. Амонашвили.
Акнун мо ба шарҳи ин гуфтаҳои ҳикматомез дар ҳамоҳангӣ бо фаъолияти пурмашаққат, вале бисёр ширину гуворо ва соҳибсамараи кори муаллимӣ мегузарем. Рӯшноӣ дар дарси устод оғоз дораду анљом не, яъне ин рӯшноӣ аз нуқтаи муайяни тулӯи нур ба як ситораи рахшони дунёи меҳру муҳаббат табдил меёбад ва фазояш дар синаи устод қарор дорад. Ин нурафшонӣ ҳам меҳр аст, ҳам эъҷодкорӣ ҳасту ҳам навоварӣ, ҳам ранҷ асту ҳам роҳат, ҳам кор асту ҳам пайкор. Қайд кардан ҷоиз аст аст, ки донишҷӯи имрӯза - донишҷӯи замони худ аст. Бинобар ҳамин, устодро зарур аст, ки фаъолияти худро дар асоси барномаҳои таълимӣ, бо назардошти хусусиятҳои зеҳнӣ ва равонии шогирдони имрӯза роҳандозӣ намояд, акси ҳол дар ин ҷода устод ба ҳадафҳои ниҳоии худ расида наметавонад, ба ибораи дигар, ҳама ҷидду ҷаҳди устод ба шӯразори беҳосил табдил хоҳад ёфт.
Дар шароити Тоҷикистони кунунӣ омӯзиши фанни забони русӣ рӯз то рӯз ба мушкилоти нав рӯ ба рӯ шуда истодааст. Аз як тараф, агар самараи кор ба дониш, малака ва маҳорати устод вобастагӣ дошта бошад, аз тарафи дигар, баҳодиҳии шогирд низ пазируфта шавад ва дар навбати худ, ӯ низ ҳавасманд ва ҳаводори пешравӣ бошад, ба илм қадамҳои нахустини худро устувор гузорад, яъне сазовори боварии устод гардад ва мавқеи худро дар дунёи илму адаб дар пайвастагӣ бо дарси устод муайян карда тавонад. Аз таҷриба чунин бармеояд, ки ин кор агар дар сухан гуфтан бошад, дар амал он қадар қувваи зиёдеро аз устод мегирад, ки он имкони ба ягон андоза чен карданро надорад.
Дарс бояд воқеияти илмӣ ва тарбиявии худро доро бошад. Пеш аз ҳама, оғози он ба масъулияти шогирдон вобастагӣ дорад ва идора кардани синфхона дар маҳаки тарбиявӣ шарти асосии пешравии кор мебошад. Баъзан ҳолатҳои беэътибории донишҷӯён ба дарсҳо ба самараи умумии кор таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ин масир ҳам шогирдони фаъол аз моҷарои муайяни кор мебароянд ва ҳам устод дар худ аз тарзи равиши кор дилхастагиеро дар худ эҳсос менамояд. Бинобар ин, шарти асосии пешбурди кор - дуруст идора кардани донишҷӯён бо назардошти ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт мебошад. Баъзе устодон ин омилро сарфи назар мекунанд ва на танҳо барои худ, балки шогирдон низ монеаҳо эљод менамоянд.
Дигар паҳлуи кор дар дарсҳои забони русӣ дар таҷрибаи ман кушодани имкониятҳои ботинии донишҷӯён мебошад. То даме, ки мо ба дунёи дили донишҷӯён ворид нашавем, онҳоро наомӯзем, барои худ дурнамои фаъолияти ояндаро тарҳрезӣ карда наметавонем ва аз натиҷагирию хулосабарориҳо маҳрум мемонем.
Бинобар ин, ин ҷанбаи кор хеле зарур ва рӯзмарра маҳсуб меёбад. Баҳо додан ба фаъолияти донишҷӯ ва дар ин замина ҳавасманд гардондани онҳо яке аз василаҳои пешбурди кори омӯзгор дар масири таълиму тарбия ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоям, ки ҳар як омӯзгор дар фаъолияти худ ба ин паҳлӯи кор худро омода созад. Омодагии худро ба манфиати донишҷӯён бояд равона сохт. Дар дарсҳои кушод академияи воқеӣ ба чашм мерасад. Дар ин гуна дарсҳо бештар дунёи ботинии шогирдони худро бояд бедор созем, ҷиҳатҳои мусбиву манфии онҳоро муайян созем ва дар навбати худ, аз фаъолияти эҷодкорона онҳоро воқиф гардонда, ҳавасманд созем. Ин намуди кор беҳтарин шакли фаъолият дар ҳаёти омӯзгор мебошад.
Дар охир бояд қайд кард, ки омӯзгор - эҷодкор аст ва дар ҳамин замина ӯ метавонад пайваста бо нақшаҳои таълимӣ дарсҳои худро ҷолибу рангин созад.
Давлатова Рухшона, устоди кафедраи забони русӣ