Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Истиқлоли давлатӣ - кафили хушбахтии ҷомеа

31 сол муқаддам миллати тоҷик ба истиқлоли ҳақиқӣ ноил гардид. 9 сентябри соли 1991 рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Акнун ҳар сол имрӯз дар кишвари мо ҳамчун рӯзи муқаддаси миллат бо шукӯҳу тантанаи хосе таҷлил мешавад. 
Тоҷикистон дар нахустин солҳои истиқлол бо озмоишҳои азиме рӯ ба рӯ омад. Ҷанги бемаъниву нобихрадонае, ки ба халқи мо таҳмил шуд, дар худ хавфу хатари фурӯпошии миллати тоҷикро нуҳуфта дошт. Вале хирадварзӣ, солимандешӣ ва ифтихори миллӣ, ки мероси гаронбаҳое аз ниёгони мост, оташи ҷанги бародаркуширо хомӯш сохтанд ва миллатро аз порашавии ҳалокатбор наҷот доданд. Халқи тоҷик бо бартарафсозии сахтиҳо ва маҳрумиятҳо роҳи сулҳ ва ризоияти миллиро интихоб кард, то аз истиқлоли миллӣ, якпорчагии марзӣ ва ваҳдати миллӣ дифоъ намояд ва пояҳои давлати миллиро пойдорӣ бубахшад. 
Сулҳ ва ваҳдати миллӣ заминаи файзборе барои рушди неруҳои пешрави созанда гардид. Агар ниёгони мо ҳазору сад сол муқаддам ба олам намунаи сохтори давлатии комилро пешниҳод карда бошанд, пас давлати феълии Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ фарҳанги сулҳофаринии воломақомро кашф намуд. Созмонҳои байналмилалии бонуфуз ба ин таҷрибаи нодири сулҳофарӣ баҳои баланд доданд ва онро ба ҳайси сармашқ ҷиҳати ҳаллу фасли кашокашҳои шаҳрвандӣ дар минтақаҳои мухталифи дунё ба кор мебаранд. 
Яке аз шартҳои бунёдии пойдории давлати соҳибистиқлол рушди босуботи иқтисодии он мебошад. Бо рушди иқтисодии кишвар кори эҷодгаронаи муваффақиятомез, афзоиши дараҷаи некуаҳолии мардум, таҳкими мудирияти давлатӣ, дифоъ аз арзишҳои фарҳангӣ ва касби обрӯю эътибор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ иртиботи қавӣ доранд. 
Дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба таҳқиқи барномаи ояндадори рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пардохт, ки эҳё ва коркарди соҳаҳои саноат, энергетика, бунёди роҳҳо, пулҳо ва нақбҳои мошингардро бо тамоми иқтидор дар бар мегирад. 
Аз рӯи таҳқиқи коршиносон, дар дунё захираи манобеи табиии сӯхт ва монанди инҳо рӯз ба рӯз коҳиш меёбад. Аммо Тоҷикистон дорои захираҳои азими энергияи об буда, қодир аст неруи барқи арзон ва аз нигоҳи иқтисодӣ даромаднок ва аз нигоҳи экологӣ поку бехавфро содир кунад. Аз ин лиҳоз, мо ояндаи иқтисодии кишвари худро дар рушди соҳаи энергетика мебинем. Сохтан ва ба истифода додани неругоҳҳои барқӣ-обие чун Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва иншооти бузурги аср - Роғун имконият фароҳам меоваранд, ки корхонаҳои саноатӣ бо тамоми тавонмандӣ фаъол бошанд. 
Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем. 
Моро лозим аст, ки дар ҳама ҳолат ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба хабарҳои дурӯғу иғвоангез, ки аз тарафи аъзои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву бегона паҳн карда мешаванд, бовар накунем. Зарур аст, ки ба хотири ободу зебо гардонидани кишвар ва некуаҳволии халқамон бо ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳии миллӣ талош намоем. 


Ашуров Муҳаммадӣ, н.и.и., мудири кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ