Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Конститутсия санади тақдирсози миллати тоҷик

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад, чунки дар ин давра бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин санади тақдирсоз барои шаҳрвандони кишвари азизамон туҳфаи аз ҳама волотарин ба шумор меравад. 


Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз 5 маротиба - солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои пешин куллан фарқ дорад, зеро меъёрҳои он ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. 


Мусаллам аст, ки санаи 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки иҷрои он барои ҳама давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣ мебошад. 


Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ карда шудааст. Давлат тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст. 


Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баландтар ва Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, Сарвари давлат соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».

 
Қайд кардан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои ҳаёти шаҳрвандонро дар бар гирифта, барои шоиста зиндагӣ намудани шаҳрвандон мусоидат менамояд. Дар моддаи 41-и Конститутсия омадааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. 


Айни замон дар қаламрави кишвар 3920 адад муассисаҳои таҳcилоти миёнаи умумӣ, 41 адад муассисаи таҳсилоти олии касбӣ баҳри фарогирии таълиму тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудаанд. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд карданд, дар қаламрави кишвар 2 211020 нафар толибилм ва 245 000 нафар донишҷӯ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, зиёда аз 40 000 нафар магистранту донишҷӯён - шаҳрвандони кишварамон дар хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд. 


Инчунин, Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». 


Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Чӣ хеле дар боло қайд карда шуд, ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард. 


Қобили зикр аст, ки ин санади тақдирсоз баҳри баландбардории сатҳи зиндагии шоистаи ҷомеа кумаки худро расонида истодааст. 


Муҳаммадӣ Ашуров, мудири кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ