Мақолаҳо
Аз иҷлосияи наҷотбахш то ташаббусҳои байналмилалӣ
Агар ба таърихи инсоният назар афканем, мебинем, ки пур аз муборизаҳои бардавому фидокориҳо баҳри расидан ба озодӣ будааст. Таърихи тоҷикон низ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки барои ҳимояи марзу буми хеш, барои ҳимояи истиқлолияти худ ин миллати тамаддунофар чӣ гуна ҷоннисориҳо намудааст. Танҳо ба ёд овардан кофист, ки солҳои аввали Истиқлол сарзамини мо дар чӣ ҳол қарор дошт. Баъзе қувваҳое буданд, ки таъсиси кишвари тозаистиқлолро бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳаргиз тарафдорӣ намекарданд. Онҳо бо ҳар роҳу восита мехостанд ноамниеро дар кишвари мо ба миён оранд. Маҳз ҳамин омилҳо ва дасисаю фиреби қувваҳои беруна сабаби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гардид, ки хисороти зиёди молию ҷонӣ ба бор овард.
Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, воқеан наҷотбахш буд. Зеро ин Иҷлосияи тақдирсоз ба арсаи сиёсат шахсеро муаррифӣ намуд, ки бо суханони тасаллобахшаш дар дили ҳазорон тоҷикон, ки тақдиру ояндаи хешро норӯшан медиданд, шуълаи умед ба зиндагии осударо барафрӯхт.
Албатта, дар замоне, ки нооромиҳои сиёсӣ, беҳокимиятӣ, қатлу куштор ва бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳои тундрав дар кишвар ҳукмфармо буд, аз минбари баланди сиёсӣ иброз доштани «Ман ба Шумо сулҳ меорам», ё ин ки «Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам», гуфтани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан самимӣ ва тақдирсоз буд. Зеро маҳз ин Иҷлосияи наҷотбахш дар минбаъда бо талошҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи пойдории сулҳи тоҷиконро гузошта, имконият фароҳам овард, ки таназзули иқтисодӣ боздошта шавад ва оғози навгониҳо дар доираи низоми нави иқтисодӣ роҳандозӣ гардад. Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати навини тоҷикон маҳсуб мешаванд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳои давлатдорӣ муваффақ буда, қадамҳои устувор барои пешрафти минбаъда гузошта истодааст.
Иброз доштан бамаврид аст, ки дар назди таърих 30 соли давлатдорӣ ниҳоят кӯтоҳ аст. Аммо новобаста аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона ва сулҳофаронаи Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурсати кӯтоҳи кишварсозӣ тавонист дар масири давлатдории навини тоҷикон Истиқлоли сартосариро таъмин намояд, пояҳои давлатдориро аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, солимию варзишӣ ва, дар маҷмуъ, тамоми бахшҳо устувор намуда, давра ба давра рушд диҳад.
Дар минбаъда истиқлолият чеҳраи фарҳангии миллатро возеҳ намуда, ҷилои тоза бахшид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар саросари ҷаҳон мешиносанд ва ташаббусҳои олии роҳбарияти онро дар ҳалли муаммоҳои обӣ, мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ аз қабили терроризм ва ифротгароӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд, ки аз марҳала ба марҳала баланд шудани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.
Ҳоло кишвари азизамон Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот бо иродаи устувори роҳбараш дар масири рушд қадамҳои устувор гузошта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуда истодааст, ки тоҷикон миллати тамаддунсоз, дорои таърихи бой ва созанда мебошанд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли комил ва Пешвои тамаддунофар доштанаш дар қатори кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ муаммоҳои глобалиро ҳаллу фасл намуда, пешниҳодҳои беназир дар самти бартараф намудани хатарҳои ҷаҳонӣ иброз доштааст, ки аз нуфузи баланд доштанаш дар арсаи ҷаҳон дарак медиҳад. Махсусан, дар самти ҳалли мушкилоти обии сайёра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳо ва пешниҳодҳои оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузург мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд.
Хуллас, Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ аз ин рӯйдоди таърихӣ 30 сол пур мешавад ва ҳамватанони азизамон дар фазои сулҳу субот ин санаи таърихиро ҷашн мегиранд, дар баробари Истиқлоли давлатӣ беназиртарин дастоварди тоҷикон дар асри ХХ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо ҷавонон бояд аз таърихи талхи солҳои 1992-юми қарни ХХ, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бениҳоят ҳассос ва мураккаб буд, сабақ гирифта, ба насли наврас моҳияти он ва ҷоннисориҳои абармардони замонро, ки барои ҳастии миллат фидокориҳои беназир намудаанд, таъкид намоем.
Хоҷазода Давронҷон, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ