Мақолаҳо
Парчами миллӣ
Парчами миллӣ, яке аз рамзҳои давлатӣ, матое иборат аз се ранг (сурх, сафед ва сабз), аммо ифодагари як ҷаҳон обрӯю ҳайсият, мақому манзалат ва нишонаи ватандорию ватанпарастии ҳар як пиру барнои диёр мебошад. Парчами миллӣ яке аз муқаддасоти миллист ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасот вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бомаърифату ватандӯст ба шумор меравад. Маҳз ин парчам боис гаштааст, ки мо, мардуми тоҷик аз як гиребон сар бароварда, зери ҷилва ва партавфишонии басо зебояш муттаҳид гашта, дар ватани хеш орому осуда нафаси озод кашем. Парчами давлатӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ рамзи давлату давлатдорӣ ва пояи устуворӣ маҳсуб мешавад. Аҷдодон ва гузаштагони мо мардуми парчамбардор буданд ва пайдоиши парчами мо низ таърихи пурғановатеро дар худ ниҳон сохтааст.
Зиёда аз 200 мамлакати рӯйи замин дорои парчами ягонаи худ мебошанд ва ҳамаи ин парчамҳо дорои мазмун ва моҳияти хоси худ ҳастанд. Ҳама он рангҳое, ки дар парчамҳо инъикос мешаванд, бо сабаб ва мазмунҳои гуногун рӯйи онҳо акс мегарданд. Ҳамин тавр, парчами мо низ. Рангҳои сурх, сафед ва сабз аз ҷумлаи рангҳое ҳастанд, ки дар он инъикос гаштаанд ва ҳар кадом мисле, ки дар боло қайд кардем, ҳақиқатан, бо таърихи дуру дароз рӯйи ин матоъ оварда шудаанд. Ранги мобайнӣ – сафед, ки дар парчам қисмати калонтарро соҳиб гаштааст – рамзи покӣ, бегуноҳӣ, тозагии орзуҳо ва хаёлҳо, ҷустуҷӯи зебоии ботинӣ ва, аз ҳама муҳимаш, ранги шири сафеди модарон, аз ҳама шахсияти заҳматкаш ва боқадру қимати ҷомеаамон. Ранги сурх, ки ба ҳамагон маълум аст, рамзест аз ҷоннисориҳои шахсони барӯманде, ки барои ҳимояи марзу буми миллати тоҷик ва гум накардани вожаи “Тоҷик” аз забони оммаи халқ, омода буданд ҷони худро ва ҳатто тамоми дору надори худро фидои халқи хеш созанд. Бисёр кӯшишҳо ба харҷ дода шуд, ки имрӯз ин давлат бо номи “Давлати соҳибистиқлол” шинохта мешавад. Парчамаш дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихори бузург ва ҳисси бениҳоят баланд партавфишонӣ мекунад. Бигузор, ин як порча матоъ барои ҳамеша ифодагари сари баланди мо мардуми ватандӯст ва сарбаланди Тоҷикистони азиз бошад ва ҳамеша мисли имрӯз бовиқор худро такон бидиҳад:
Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷу ҳиммат гаштааст.
Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан бо рамзҳои давлатӣ на танҳо бо Парчам, ҳамчунин, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия, асъори миллӣ ва ғайра рамзҳои барои таҳким намудани давлати устувор – муҳим аз ҳама, ифодаи муҳаббат доштан ба Ватан аст. Ҳамчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар шахси ватандӯст ва маҳз ҳамон нафароне, ки дар дилу дидаашон меҳри ватандорӣ ҷӯш мезанад, парафшонии ливои миллӣ ба онҳо эҳсоси худшиносию арҷгузорист. Парчами мо ҳамеша нангу номуси мо, нишона аз ҳувияти басо баланди мо, рамзи истиқлолият ва доро будан ба чунин як давлати ором ва ба ҳам муттаҳид, пеш аз ҳама, рамзи ҳаёти осоишта ва ваҳдати ҷовидонаву пойдори мост. Доштани давлат ва мавҷудияти қавм, халқият, миллат бидуни парчам тасаввурнопазир мегардад, чунки парчам новобаста аз чӣ хел буданаш, дар пойдор будани давлату давлатдорӣ ва ҳукумати пуриқтидор бозидани нақши ҳалкунандаеро дорост. Мо якҷоя, бо як овоз садо медиҳем, ки “Мардуми кишвари мо парчами худро муқаддас шумурда, сипосу эҳтироми онро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор дода, номдор кардани ин марзу бумро дар арсаи байналмилалӣ қарзи шаҳрвандии хеш мешуморанд ва муттаҳидона барои боз ҳам обод гардонидани ин сарзамини пурфайз сар аз як гиребон мебароранду камари ҳиммати худро мустаҳкамтар мебанданд”.
Мо бо ту меравем то қуллаи мурод,
Маро чу роҳнамо ҳафт ахтари ту бод.
Дилноза Мадализода, донишҷӯи курси дуюми факултети молия ва қарз