Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Об - сарчашмаи рушди устувор

Истифодаи самараноки захираҳои обӣ, бахусус обҳои шифобахш имрӯзҳо яке аз проблемаи муҳим, рӯзмарра ва дар айни замон ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Ин, албатта, беҳуда нест, зеро ки имрӯзҳо натанҳо норасоии захираҳои об дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ баръало ба чашм мерасад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки шароитҳои табиӣ ва иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои шароити мусоид ва захираҳои лозимӣ барои оқилона истифода бурдани захираҳои об дар кулли соҳаҳои иқтисоди миллиро доро мебошад. 
Бояд қайд намуд, ки аз рӯи маълумоти гуногун миқдори захираҳои об дар ҳудуди 0,25-0,5% тамоми гидросфераи сайёраи Замин тағйир ёфта меистад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон дар асри ХХI ба проблемаҳои тозае рӯ ба рӯ хоҳад омад, ки он падидаи табиӣ мебошад. Яке аз мушкилот ин аст, ки дар баъзе манотиқи дунё одамон ба камбудии оби ошомиданӣ дучор мегарданд. Аллакай ин масъала бахше аз кишварҳоро ба ташвиш овардааст ва миқёси он васеъ шуда истодааст. 
Захираҳои обро одамон барои таъмини ҳаёти худ, яъне барои нӯшидан ва талаботи фардии худ истифода мебаранд. Олими амрикоӣ Хамонд ҳисоб карда баромадааст, ки мувофиқан ба афзоиши ҳаҷми ҳозираи аҳолии кураи замин ва рафти тараққиёти саноату истеҳсоли кишоварзӣ зиёдшавии талаботи ҳарсолаи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ қариб ба 10 ҳаҷми миёнаи солонаи оби яке аз дарёҳои калонтарини олам - Колорадо баробар аст. Ҷойгиршавии оби тоза дар макон ва замон фавқулода нобаробар аст ва имрӯзҳо беш аз 2,5 млрд. одам дар рӯи замин аллакай камбудии шадиди онро ҳис мекунад. Ҳамзамон, бо рушди демографӣ ин масъала торафт мураккабтар мегардад, ки дар ин бобат минтақаи Осиёи Марказӣ истисно нест. Ба хотири ҷилавгирӣ аз оқибатҳои ногувори он мақомоти роҳбарии бисёр кишварҳо тадбирҳои муассиреро амалӣ карда истодаанд, ки аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёдеро барои ҳалли муаммоҳои обӣ дар сатҳи глобалӣ ба харҷ медиҳад. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ ташаббуси худро дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва «Об барои рушди устувор» (2018-2028) пешниҳод намуданд, ки ҳамаи давлатҳои аъзои СММ онро дастгирӣ намуданд. 
Бояд қайд намуд, ки ташаббуси пешгирифтаи Пешвои миллат саривақтӣ буда, барои рушди тамоми соҳаҳои мамлакати мо мусоидат менамояд ва ҳалли муаммои истифодаи оқилонаи захираҳои об, натанҳо дар сатҳи ҷумҳурию минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин дар сатҳи умумиҷаҳонӣ ва глобалӣ мегардад. 
Тибқи маълумоти СММ қисми зиёди обро соҳаи кишоварзӣ масраф мекунад. Дар сурати афзоиши рӯзафзуни аҳолӣ миқдори озуқа аз бисёр ҷиҳат ба мавҷудияти об вобастагӣ дорад. 
Бинобар ин, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳои табиат –захираҳои об бирасад. 


Азизаи Файзулло, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва бизнес