Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ёди кӯдакӣ ё таърихи як расм

Бо хаёле банд гоҳе менишинам то саҳар, 
Кӯдакиям бигзарад чун турна аз пеши назар… 


Фикр мекунам ҳар шахс вақте овони кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавониашро паси сар менамояд, баъд ба қадри он солҳои тиллоӣ мерасад. Мехоҳад он айёмро ҳар лаҳза ба хотир оварад ва лаззати маънавӣ бубарад. 
Банда низ аз он рӯзҳои хотирмону бебозгашт гоҳе ёдовар мешавам. Бояд гуфт, ки айёми кӯдакиам дар хонадони бобои модариам гузаштааст, ки ба ёд овардани он рӯзҳоро хеле дӯст медорам. Бобоям (рӯҳашон шод бод!) яке аз шахсони фарҳангии ҷумҳурӣ буданд. Боре модарам чунин нақли аҷиберо баҳрам гуфта буданд: 
- «Яке аз рӯзҳои истироҳатии тобистони соли 1953 буд. Офтоби оламоро аз паси дарахтони шамшоду сада, ки атрофи боғамонро ҳалқавор печонида буданд, саховатмандона нурпошӣ мекард. Мо як гурӯҳ бачаҳо, дар гирди ҳавзи сердолу дарахт саргарми бозӣ будем. Якбора занги дар баланд шуду марди миёнақади чашму абрӯсиёҳ, ки ҷомадони начандон калони сафарӣ дар даст дошт, дохили ҳавлӣ гардида, падарамро пурсон шуд. Падар, ки гулқайчӣ ба даст ба буридани шохчаҳои хушкшудаи ниҳолҳо машғул буданд, ба истиқболи меҳмон тохтанд. Ӯро сахт ба оғӯш кашида, пас аз пурсупоси гарму ҷӯшон, ба кати зери дарахти себ таклиф намуданд. - Ин мард кӣ бошад? – бо ҳисси кунҷкобӣ аз ҳамдигар мепурсидем мо. Аммо падарам ва меҳмон ба мо заррае эътибор надода, саргарми сӯҳбат буданд. Дар ҳамин вақт модарам дастархон ба даст назди меҳмон омаданду «Хуш омадед!»-гӯён ба сӯйи ман чашм дӯхта илова карданд: 
- Ин кас додархонди падарат, амакмуллои Муҳаммадҷон Раҳимиат мешаванд. Мо дар бораашон нақлҳои аҷоиб карда будем-ку! 
Ман аз ин вохӯрии ногаҳонӣ бо устоди сухан, олим, забоншинос ва шоири маъруфи тоҷик ниҳоят шод шудам. Устод Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар боғи мо як моҳ истироҳат намуда, ҳамроҳи падарам ба сайру гашти шаҳр ва атрофи он баромаданд. Аз боду ҳавои форами шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) ва меваҳои шаҳдомези он лаззат бурданд. Шабҳо ҳамроҳи падарам байтбарак ва шеърхонӣ мекарданд. Ман дар ҳамин ҷо фаҳмидам, ки ин мусофирати устод Раҳимӣ ба Ӯротеппа бори аввал набудааст. Пеш аз ин ҳам борҳо меҳмони хонадони мо шудаанд. Вале барои ман як чиз муаммо буд. Мехостам бифаҳмам, ки ин дӯстии падарам ва устод Раҳимӣ кай пайдо шудааст?! Чунки Раҳимӣ дар Бухоро таваллуд ёфтаанду ҳоло дар Сталинобод зиндагӣ менамоянд ва падарам дар Ӯротеппа истиқомат ва кор мекунанд. Баъд маълумам гардид, ки падарамро охирҳои соли 1923 пас аз хатми курси ҳуруфчинтайёркунии шаҳри Ӯротеппа ҳамчун мутахассиси ҷавон ба рӯзномаи «Озодии Бухоро», ки матбааш дар Когон будааст, мефиристанд. Падарам дар ҳамон ҷо бо устод Раҳимӣ шиносоӣ пайдо кардаанд. Устод ҳам дар ҳамон рӯзнома кор мекардаанд. Баъд риштаи дӯстиашон мустаҳкам гардида, ҳарду охирҳои соли 1924 аз Бухоро ба Сталинобод меоянд ва ба Комиссариати молия ба кор даромада, барои пеш бурдани корҳои комсомолии ин муассиса фаъолона иштирок менамоянд. Дере нагузашта падарамро ба котибии ячейкаи комсомолӣ интихоб менамоянд. Азбаски он солҳо кадрҳои ихтисосноки соҳаи молия дар Тоҷикистони ҷавон кам будааст, ташкилоти комсомолӣ ва комиссариати молия падарам Маъмурҷон Сафаров ва устод Раҳимиро барои таҳсил ба Академияи молияи назди комиссариати Молияи СССР, ба шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) мефиристанд. Онҳо соли 1923 ба Академия дохил шуда, соли 1931 Академияи молияро хатм намуда, ба Сталинобод меоянд ва падарам ба вазифаи мудири шуъбаи маҳсулоти давлатӣ ва давраи мол таъин мешаванд. Устод Раҳимӣ низ дар ҳамин Вазорат кор мекунанд. 
Mamr401.jpgСоли 1941Ҷанги Бузурги Ватанӣ оромии халқи моро барбод дод. Баҳри торумор кардани душмани ғаддор, баҳри ғалабаи қатъӣ тамоми халқи советӣ чун як ҷону тан ба по хест. Падарам ҳам ба фронт рафта, дар муҳорибаҳои назди Москва ва Курск иштирок карда, дар яке аз ҷангҳо захмдор шуда, баъд аз табобат ба Ӯротеппа баргаштанд. 
Баъди ҷанг ҳам ин ду дӯст якдигарро фаромӯш накарда, аз аҳволи ҳамдигар тез-тез хабар гирифта меистоданд. Ин аст, ки устод Раҳимӣ истироҳати навбатии худро дар Ӯротеппа, дар ҳузури падарам гузарониданӣ шуда, ба ҳавлии мо омада буданд». – нақлашро хотима бахшид модарам. 
Вақте кас ин гуна нақлҳоро мешунавад, ба чунин дӯстиву рафоқат ва қадрдонӣ аҳсан мехонад. 
Бояд гуфт, ки бобоям Маъмурҷон Сафаров сараввал солҳои 1927-28 маркази курсҳои молияи назди комиссариати молияи собиқ СССР-ро дар шаҳри Ленинград аз рӯи сикли андоз ба итмом мерасонанд, ки ҳуҷҷатҳояшон аз 26 майи соли 1928 таҳти №340 аз он шаҳодат медиҳад. Баъдан соли 1929 ба Академияи молияи ш.Ленинград ба шуъбаи молия ва иқтисодиёти назди комиссариати халқии молияи СССР дохил шуда, онро соли 1931 бо дипломи Акдемияи молияи шаҳри Ленинград аз 5-уми августи соли 1931 таҳти №13640 ба итмом мерасонанд. 
Сафаров Маъмурҷон пас аз чандин соли фаъолият дар Вазорати молияи Тоҷикистон солҳои 50-уми қарни ХХ ба зодгоҳаш шаҳри Ӯротеппа омада, ба вазифаи сардори шӯъбаи молияи шаҳр кор кардааст. Аз ҳамин ҷо ба нафақа баромада, соли 1987 дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. 
Барои хизматҳояш дар назди халқу Ватан бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Аз он ҷумла «Барои хизмати шоиста соли 1941-45», «20-солагии Ғалаба 1944-65», 50-солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР», «30-солагии Ғалаба», «50-солагии СССР» ва ғайра… 
Пас аз нақли модарам фаҳмидам, ки дар ин расми таърихӣ як гурӯҳ ҷавононе, ки аз Осиёи Миёна барои таҳсил ба шаҳри Ленинград рафта буданд, аксбардорӣ шудааст. 
Номи неку кори некашон дар қалбҳо абадӣ боқӣ хоҳад монд. 
Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист, 
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро. 


Дар расм аввалин хатмкунандагони Академияи молияи СССР дар Шаҳри Ленинград (қатори якум: аз чап ба рост Сафаров Маъмурҷон, қатори дуюм аз рост ба чап Муҳаммадҷон Раҳимӣ). 


Аслонова Н.Н. – профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ, Аълочии маорифи ҶТ.