Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Оила макони зӯроварӣ нест!

«Оила кори хеле муҳим ва масъулиятноки одам аст. Оила ҳаётро пуру паймонтар карда, хушбахтӣ меорад. Вале ҳар як оила, хусусан дар ҳаёти ҷамъият, пеш аз ҳама, масъалаи бузургест, ки аҳаммияти давлатӣ дорад». А.С.Макаренко 

Яке аз ҷузъҳои муҳимми ҷамъият оила аст, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Инсон ба василаи оиладорӣ на танҳо хушбахтиро ба даст меорад, балки асосан ҳамаи мушкилию душвориҳои зиндагӣ пас аз оиладорӣ сар мешаванд. Зеро инсон баъд аз хонадор шудан ба тарбияи насли наврас мепардозад ва ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсоният аст. Тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзандон вазифаи падару мадар дар назди ватан, дар назди халқ мебошад ва бахту саодати ҳақиқии шахс ҳам маҳз аз ҳамин масъулияти бузург вобастааст, ки албатта, ҳар фарди соҳиби донишу маърифат ва ақлу ирода барои он кӯшиш мекунад. Мусаллам аст, ки ин гуфтаҳо баёнгари онанд, ки барои бахту саодати оила маданияти баланди инсонӣ, ҳисси олии вазифашиносӣ дар ҳаёту рӯзгори одамӣ ва дар назди ҷамъият масъулият ҳис кардан аст. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки барои никоҳ бояд на танҳо аз ҷиҳати моддиву маънавӣ, балки аз ҷиҳати рӯҳӣ низ тайёр бошанд. Чунки ақди никоҳ на танҳо шодмонии муҳаббати зану шавҳарӣ ва фарзанддорӣ, балки мушкилоти ҳақиқии зиндагӣ, ташвишу тараддудҳои зиёдеро ҳам дорост. Суханвари бузург, Самуэл Ҷонсон чунин гуфтааст: «Никоҳ бисёр ғамгинӣ меорад, вале баникоҳӣ ягон хурсандӣ намеоварад». 


Аз ин хотир, инсон бояд ҳамаҷониба омодаи зиндагии комил бошад ва баҳри расидан ба мақсадҳои неки зиндагӣ, ҳам аз ҷиҳати рӯҳони ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодию ҷисмонӣ омода бошад. Ин нуқтаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама баромаду ҷаласаҳояшон ба ҷавонон таъкид мекунанд. Аз ҷумла, зимни ироаи Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин баён карданд: «Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин дар кишвар «Соли оила» эълон шуда буд». Аз ин хотир, ҳар сол дар Тоҷикистон 15-уми май ҳамчун Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад. 


Пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил мекунад, зеро танҳо муҳаббати самимӣ метавонад оиларо мустаҳкам ва ҳама мушкилоти ба сар омадаро рафъ созад. Муҳаббат танҳо дар оила камолоту нафосати ҳақиқии маънавӣ пайдо мекунад. Муҳаббат маҷбур мекунад, ки одамон якдигарро авлотар донанд. Агар дар оила муҳаббат бошад, зану шавҳар ба хотири он аз баъзе талаботи худ гузашт карда, ҳамдигарро ба хубӣ дарк мекунанд ва мушкилоти дар оила ба вуҷуд омадаро ба осонӣ ҳал менамоянд. Фарзандоне, ки дар чунин оила тарбия меёбанд, метавонанд дар оянда соҳиби обрӯ ва зиндагии шоиста гарданд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳатто муҳаббати бепоёнро ҳам эҳтиёт кардан, ташкил карда тавонистан зарур аст. 


Зиндагӣ, эй зиндадил, дони кӣ чист, 
Ишқи якбин дар тамошои дуист. 


Зиндагии шоиста ва лоиқи инсон иборат аз гузаронидани умри инсон дар оромӣ, осудагӣ, сулҳу амонӣ, роҳату фароғат аст. Умри инсон ҳамеша дар ҳаракат аст ва, мутаассифона, он гузарон аст. Аз ин хотир, инсон бояд кӯшиш намояд, ки умри хешро ҳамеша ба осудагию хушҳолӣ сипарӣ намояд. Иҷрои ин вазифа ва қарзи муқаддас дар навбати аввал бар уҳдаи зан аст. Дар ҷараёни ҳаёти муштарак бо шавҳар дар оромӣ, рафоқат самимият ва дӯстӣ зиндагӣ кардан, зан мақоми хоса дорад. Дар баробари ин, шавҳар уҳдадор аст, ки барои осудагии оила шароити муносиб фароҳам орад. Бузурге гуфтааст: «Ҳеҷ касро ба никоҳ шудан маҷбур намекунанд, аммо ҳар касе, ки никоҳ шуд, бояд ба итоати қонуни никоҳ маҷбур карда шавад». 


Дар бораи ахлоқи оиладорӣ ниёгонамон дар осорашон бисёр суханҳои пандомӯз ва ибратнок иброз кардаанд. Вале пеш аз ин равшан кардан зарур аст, ки мо зери вожаи «бахт» чиро мефаҳмем? 


Бахт - ин дар натиҷаи ҳаракати инсонӣ ба даст овардани талаботи маънавӣ, иҷтимоӣ ва ноил гаштан ба мақсадҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. 


Бахт – зиндагӣ кардан ва мубориза бурдан. 


Бахт – ин барои дунё ҷавоб додан. 


Бахт – ин боварӣ ба ояндаи неки одамон. 


Дар зиндагии муштарак бо боварӣ умр ба сар бурдани зану шавҳар омили асосист, зеро боварӣ ва эътимод решаи вафо буда, нахли бовафоӣ аз ҳамин реша об мегирад, сабзу пурбор мешавад, ба камол мерасад. Нобоварӣ, беэътимодӣ меҳри дил ва сафои манзилро аз байн мебарад. 


Ба ақидаи Ибни Сино, вақте ки инсон хонаю манзил сохта, барои рӯзгор молро захира кард, ба каси харҷкунандаи он низ муҳтоҷ мегардад. Зани ҳақиқӣ шавҳари худро дӯст медорад ва ҳамеша дар хусуси муҳаббати ӯ фикр мекунад. Мутафаккир занҳои бешарму ҳаёро танқид намуда, собит кардааст, ки зани беишқу вафо эътибори оиларо ба нестӣ бурда, аз боварӣ ва муҳаббати шавҳар маҳрум мегардад. Мутаассифона, дар замони имрӯз муҳаббат муқаддасот ва қадру қимати худро аз даст додаст, ки ин боиси зиёд шудани оилавайроншавӣ дар миёни ҷавонон гаштааст. 


Хулоса, оилае, ки пояаш ба муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсонӣ бояд шукуфон бошад. Ишқ одамро ба роҳи мурод пухтаву мубориз мегардонад. Дар оилаҳое, ки ҳамдигарфаҳмӣ, ишқу муҳаббат, эҳтиром ба ҳамдигар ҳукмфармост, фарзандони неку хушрафтор, меҳнатдӯсту меҳрубон ба воя мерасанд. Меҳру муҳаббате, ки ҳамсарон ба фарзандонашон мебахшанд, дар оянда, дар наслҳои минбаъдаи онҳо низ боқӣ мемонад. 


Тахмина Умаралиева, раиси Шурои занон ва донишҷӯдухтарони ДДМИТ