Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ҳифзи муҳити зист қарзи шаҳрвандии мост!

Сари таъзим ба табиати бою ғании кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвори буҳрони иқтисодӣ ва сиёсие, ки ба дӯши халқамон омад, имкони паси сар кардани онро таъмин намуд. 

Эмомалӣ Раҳмон 


Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, солимгардонии муҳити зист вазифаи умумидавлатӣ, кори тамоми мардум ва қарзи маънавии ҳар як шаҳрванд мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ки 27 декабри соли 1993 қабул шуда буд, фасли XII-и он пурра ба таълиму тарбия, тадқиқоти илмии экологӣ бахшида шудааст. 


Инсоният тавассути захираҳои табиат талаботи моддию маънавии худро қонеъ мегардонад. Бинобар ин истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Омӯхтани захираҳои табиат ва муносибати оқилона ба истифодаи онҳо боиси пешрафти зиндагии шоиста мегардад. Аз ин лиҳоз, таълими фанни экология барои муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарур дониста мешавад, зеро ҳифзи муҳити зист қарзи шаҳрвандии мо мебошад. 


Дар марҳалаи ҳозираи рушди ҷомеа таълиму тарбияи экологӣ, яке аз масъалаи муҳимми тамаддуни башарӣ ба шумор меравад. Масъалаи экологӣ имрӯзҳо яке аз муҳимтарин мушкилотҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, ба мо зарур аст, ки ба тарбия ва таълими фанни экология аҳаммияти ҷиддӣ дода, хонандагонро ба дӯст доштани табиат ҳидоят намоем, зеро таъсироти тағйирёбии иқлим метавонад ба саломатии одамон таъсири хатарнок расонад. Инсон, ки худ омили пешбарандаи иқтисодиёт мебошад, дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим ва моддаҳои ифлоси табиӣ саломатии худро аз даст медиҳад, ки ин метавонад сабабҳои таназзул ёфтани тараққиёти иқтисодиёт гардад. Далели асосии ин гуфтаҳо он аст, ки имрӯзҳо сатҳи дониши экологии сокинони сайёра коста гардидааст ва моро мебояд омӯхтани донишҳои экологиро аз боғча ба кӯдакон оғоз намоем. 


Инчунин, вобаста ба ҳамин масъала моро зарур аст, ки аз соли аввали таҳсил дар муассисаҳои таълимии муосир ба масъалаи таълиму тарбияи экологии хонандагон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. 


Ҳалли ин мушкилот дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба назари мо бояд бо ғанисозиии мазмун, шакл ва равишҳои чорабиниҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ фаъолиятҳои беруназсинфӣ сурат гирад, ки ин амр ба оғози тарбияи ахлоқӣ дар иҷрои фаъолияти экологӣ ва табиатдӯстдории талабагони хурдсол кӯмак мекунад. 


Лозим ба зикр аст, ки аҳаммияти бисёр зиёди тарбияи ахлоқӣ дар рушд ва ташаккули шахсият аз даврони бостон дар маҷрои таълим ва тарбия шинохта шудааст. 


Бисёре аз педагогҳои барҷастаи гузашта хотирнишон кардаанд, ки ташаккули ахлоқии инсоният дар раванди таълим ва тарбияи экологӣ мукаммал мегардад. 


Экология ва иқтисодиёт бо якдигар дар алоқамандии зич қарор доранд. Дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ 2 категорияи мушкилот ҷой доранд, ки онҳо мушкилоти дохилӣ ва иҷтимоӣ мебошанд, ки дар натиҷаи таъсироти инсон ба табиат ба вуҷуд омадаанд. Рушди устувори иқтисодӣ ба некуаҳволии аҳолӣ таъсир расонда, зиндагии шоистаро барои ҳар як сокини сайёра таъмин менамояд, аммо ин тарақкиёт мутаасифона ба рушди экологӣ таъсири манфӣ дорад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки талаботи инсон мунтазам меафзояд ва қонеъгардонии талаботи инсон боиси кам шудани захираҳои табиӣ мегардад. Буҳрони ҷаҳонии экологӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва таъмини амнияти озуқавории кишварҳои алоҳида ва ба мавҷудияти худи инсоният таҳдид мекунад. Аз миёни ин буҳронҳои ҷаҳонӣ, кам шудани захираҳои замин ва об, ифлосшавии муҳити атроф ва буҳрони демографӣ махсусан шадидтар аст. Бояд қайд намоем, ки намудҳои мушкилоти экологӣ ин - буҳрони захираҳои замин, кам кардани захираҳои энергетикӣ, нест кардани ҷангалзорҳо, ифлосшавии ҳаво, ифлосшавии объектҳои обӣ ва кам шудани захираҳои оби тозаи ошомиданӣ, мушкилоти демографӣ мебошад. Соҳаи кишоварзӣ як қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад ва аҳолиро бо ғизои солим таъмин менамояд. Замин воситаи муҳимми истеҳсолот ба шумор рафта, инсониятро бо маводи дар ҳаёти ҳаррӯзааш истифодашаванда таъмин менамояд, аммо он хеле пуршиддат ва нооқилона истифода мешавад. Масоҳати захираҳои замин имрӯз тақрибан 140 миллион метри мураббаъро ташкил менамоянд, ки 23% рӯ ба таназзул буда, 15%-и он хусусиятҳои худро комилан гум кардаанд. Дар натиҷаи афзоиши шаҳрсозӣ, миқдори заминҳои кишоварзӣ ба маротиб кам шуда, имконияти истифодабарии обҳо ва захираҳои обӣ маҳдуд мешаванд ва миқдори партовҳои маишию истеҳсолӣ нисбатан зиёд мешаванд. Рушди босуръати иқтисодӣ боиси зиёд шудани истеъмоли энергия мегардад. Конҳои нави нафт, газ ва ангишт доимо кашф карда мешаванд, аммо дар бисёр кишварҳо норасоии шадиди ин захираҳо идома дорад. Аз нуқтаи назари олимони соҳаи табиатшиносӣ бармеояд, ки то соли 2050 норасоии умумии захираҳои энергетикӣ пешбинӣ шудааст, бинобар ин афзоиши истеҳсоли онҳо бояд идома ёбад. 


Мушкилоти дигаре, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин нобудсозии ҷангалзорҳо мебошад. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, растаниҳои заминро шуши сайёра меноманд ва ин захираи пурарзиши табиат зери таҳдид қарор дорад. Захираҳои бемислу монанд, шуши сайёраи замин, яъне ҷангалзорҳое, ки дар кураи замин миқдори онҳо ба 6 миллиард гектар арзёбӣ мегардид, танҳо 4-миллиард гектари онҳо зинда мондаанд. Зиёд шудани миқдори партовҳои истеҳсолии зараровар ба атмосфера боиси тағйир ёфтани сифати ҳаво мегардад. Паст шудани сифати ҳавои атмосфера аз сӯзишвориҳои гуногун, аз корҳои сохтмонӣ, кофта баровардани канданиҳои фоиданок вобаста аст. Ҳамаи ин моддаҳо ба рушди газҳои гулхонаӣ замина мегузоранд. Ҳангоми чораандешӣ накардан оид ба коҳиш додани партовҳои зарарнок эҳтимол меравад, ки то соли 2100 ҳарорати ҳаво 4,50С баланд шавад. Барои зинда мондани организмҳои зинда аз ҷумла инсон ва қонеъ гардонидани ниёзҳои санитарию гигиенӣ ҳар рӯз об лозим аст. 


Оби тозаи ошомиданӣ танҳо 2,5%-и тамоми захираҳои обии ҷаҳониро ташкил медиҳад ва ⅔ аз он пиряхҳо мебошанд. Истифодаи об барои истеҳсоли хӯрокворӣ ва истеҳсолоти саноатӣ зарур аст. Соҳаҳое, ки бештар об истеъмол мекунанд, ин соҳаи энергетика, саноати коғазбарорӣ, химия ва металлургия мебошанд. Проблемаи ифлосшавии обҳо кайҳо ҷаҳонӣ шудааст. Дар бисёр минтақаҳо мардум маҷбуранд аз обҳое истифода намоянд, ки ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд. Афзоиши аҳолии ҷаҳон ба афзоиши истеъмолии тамоми захираҳо оварда мерасонад. Дар асри XX шумораи одамон дар сайёра чор маротиба ва ММД 20 маротиба афзудааст. Талабот ба захираҳои табиӣ 2000% афзуда, истифодаи онҳо ба ҳадде расидааст, ки барқароркунии стихиявӣ дигар имконнопазир аст. Илова бар ин, мушкилотҳо, инчунин кам шудани захираҳои табиӣ, мушкилоти шадиди ифлосшавии он бо партовҳо, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ, урбанизатсияи маҳаллӣ низ ҷой доранд. 


Мушкилоти экологӣ ба иқтисодиёт таъсироти номатлуб доранд. Кам шудани захираҳои заминӣ ва паст шудани сифати онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ инъикос карда мешавад. Мушкилоти номувофиқи талабот ва таъминоти манбаъҳои энергетикӣ, хусусан кишварҳое, ки иқтисодиёташон суст тараққӣ кардаанд, дар нимаи дуюми асри 20 ҷаҳонӣ гардиданд. Коҳишёбии майдони ҷангал, коҳиши манбаи озуқаворӣ, захираҳои энергетикӣ ва дигар маҳсулотҳое, ки аз ҷангал гирифта мешаванд ба иқтисодиёти бисёр кишварҳо таъсир мерасонад. Барқарорсозӣ ва ҳифзи ҷангал яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти экологӣ дар саросари ҷаҳон мебошад. Барои ин эҳтиёҷот солона миллионҳо доллар сарф карда мешавад, аммо дар 11 миллион гектар талафоти ҷангал танҳо 1 миллион гектар барқарор карда мешавад. Талафот аз нобудшавии ҷангалҳо ҳамасола 5 трлн. долларро ташкил медиҳад. Паст кардани ифлосшавии ҳаво як тадбири аз ҷиҳати молиявӣ гарон мебошад. 


Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст маърифати экологии шаҳрвандонамонро баланд намоем. Барои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳҳои олии кишвар нақши калидӣ доранд. Пешниҳод карда мешавад, ки барои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон тарбияро аз боғча оғоз намуда, ҳисси табиатдӯстдории кӯдакони боғчаро бедор намоем. Инчунин пешниҳод менамоем, ки ҳар як инсон новобаста аз вазифа, мансаб, бояд ба ҳифз намудани муҳити зист кӯшиш намояд ва дар ҳар як муассисаи таълимӣ новобаста аз шакли тахассус фанни экология ва ҳифзи муҳити зист ба таври бояду шояд омӯзонда шавад. 


Улуғов О. П. Мудири кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ