Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад ё мубориза бо зуҳуроти номатлуб кори ҳамагон аст

Воқеан, ҳар давлатро таҳдидҳое фаро гирифта метавонад, ки хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ доранд… Ба гурӯҳи таҳдидҳои дохилӣ экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти ба ин монанд шомиланд, ки метавонанд амнияти давлат ва ҷомеаи моро халалдор созанд. 
Эмомалӣ Раҳмон, 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ба таври маълум, бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони тиҷорат ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин, бартараф намудани такрори вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ барои муқобилият бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, таҳти №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ҳадафҳои асосии он аз пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор сохтани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин, гузарондани назорати давлатии молиявӣ иборат мебошад. 


То ин муддат, вобаста ба ин масъала, Агентии мазкур баҳри татбиқ кардани вазифаҳои дарпешгузоштаи хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, аксар ҳуқуқвайронкуниҳои дар ҷомеаамон рухдодаро ошкор намуд. 


Сари масъалаи баррасии роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, таъмин намудани талаботи қонунгузорӣ, ошкорсозии сабаб ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд байни муассисаҳои мухталифи давлатӣ ва оммаи мардум ҳамеша гуфтугузор ба миён меояд. Ба таври маълум, коррупсия - истифодаи мансаб ва ё мавқеи худ аз тарафи шахсоне, ки барои иҷро намудани вазифаҳои давлатӣ ва ё ба он баробаркардашуда, бо мақсади ғайриқонунӣ гирифтани имтиёзҳои моддӣ ва ё дигар бартариҳо, инчунин, муҳайё намудани онҳо ба шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқиро мефаҳмонад. 


Коррупсия бештар дар ҳамдастии кормандони мақомоти давлатӣ бо гурӯҳҳои ҷинояткор дар содир намудани ҷиноят, ришвахӯрии кормандони давлатӣ ва дигар кормандон, ки ғайриқонунӣ ваколатҳои мансабии худро истифода менамоянд, ифода меёбад. Ҳамчунин, коррупсия дар шаклҳои гуногун содир шуда, дар андозае, ки амалӣ мешавад, дар гирифтани пора бо мақсади ба даст овардани фоида барои худ мебошад. Дар тӯли фаъолият аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиноятҳои зиёд, ба монанди азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ ошкор карда шудаанд, ки дар натиҷа, зарари ба буҷети давлат расондашуда барқарор карда шудааст. Мутаассифона, ин намуди ҷиноятҳо асосан аз тарафи шахсони масъул бо сӯиистифода аз мансаби ишғолнамуда содир карда мешаванд. 


Зикр кардан бамаврид аст, ки муқовимати коррупсия ва паст кардани сатҳи он аз омилҳои зиёде вобастагӣ дорад. Беҳтарини онҳо дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зидди коррупсионӣ, шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як узви ҷомеа ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки дар кори пешгирии коррупсия ва ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии мамлакат принсипҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои судманд метавонад намунаи омилҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ бошад. 


Коррупсия зуҳуроти зишту номатлуби ҷомеа буда, дар қатори дигар хатарҳо ба давлат ва ҷамъият, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон зарари худро мерасонад.Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии худ сиёсати самаранокро бар зидди коррупсия таҳия ва амалӣ менамояд. Дар ин замина он ба иштироки ҷомеа мусоидат карда, равандҳои устуворӣ, шаффофият ва ҷавобгариро инъикос менамояд. Роҳбарияти сиёсии кишвар аз рӯзҳои аввали ноил шудан ба соҳибихтиёрӣ ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия ва пеш аз ҳама ба нест кардан ва пешгирии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ба он хотир, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ фаъолияти мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. 


Баҳри дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ, бартарафсозӣ ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ бояд дар ҳар як корхонаву муассиса, байни аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Бо мақсади пешгирӣ ва бартарафсозии зуҳуроти коррупсионӣ, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия бояд ҷоннок намуд. 


Тавассути расонаҳои хабарӣ қариб ҳамарӯза доир ба ин зуҳуроти нангину номатлуб ахбор паҳн мегардад. Имрӯзҳо ҳолатҳои ришваситонӣ дар тамоми соҳаҳои мамлакат ба вуқӯъ меояд, ки боиси таассуф аст. Воқеан ҳам, коррупсия зуҳуроти ҷамъиятӣ аст ва ҳеҷ кас кафолати мутлақо аз байн бурдани онро дода наметавонад. Ҳатто дар давлатҳое, ки 200-300 сол бо низоми демократия пеш рафтаанд, ин зуҳурот вуҷуд дорад ва наметавонанд онро пурра аз байн бубаранд. Танҳо то андозае метавон нуфузи онро кам кард ва давра ба давра онро аз байн бурд. 


Унсурҳои коррупсионӣ имрӯзҳо дар давлатҳои мутараққии дунё низ мавқеи худро дорад. Умуман, то вақте ки инсон ҳасту «бар сари нафси худ амир нест», ин одати бад ба ӯ ёр аст. Ҳатто дар Шветсария барин давлати демократитарини дунё ҳам одати ногувори ришваю фасод дида мешавад. Дар «Авасто», Қуръони Маҷид оламшумултарин ва серхонандатарин китобҳои олам гирифтани ришва мазаммат гардидааст, аммо боз ҳолат тағйирнопазир аст. Аксар онҳое, ки пора гирифтаанд, онро туҳфа маънидод карда, гӯё ҷинояте содир накарда бошанд, вале дар асл байни пора ва ришва тафовути калонест ва инро содиркунандагони ҷиноят ҳам худашон хуб медонанд. Набояд фаромӯш кард, ки туҳфа ошкоро, самимият, нишонаи эҳтиром аст ва туҳфагиранда дар оянда бояд минбаъд масъулиятро ҳис намояд. Арзиши туҳфа вобаста ба ҳаҷми минималии маош баробар аст. 


Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад. Мушкилоти коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Коррупсия ба сулҳу субот, ба иқтисодиёт, маънавиёт, сиҳатии омма, ба оромӣ ва сатҳи зиндагии ҳар як халқу миллат зиёни барқарорнашаванда расонида, пешрафти босуботи ҷомеаро халалдор менамояд. Гузашта аз ин, пояҳои низоми давлатдорӣ ва боварии мардумро ба давлат ва сохторҳои он коста мегардонад. 


Бояд гуфт, ки сари вақт ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ ва татбиқи чораҳои қонунӣ нисбати ашхоси даст ба қонуншиканиҳо зада ин худ яке аз роҳҳои самарабахши пешгирии коррупсия ва махсусан ҷиноятҳои коррупсионӣ аст. Дар ҳолати пеши роҳи онҳоро нагирифтан аксари онҳо метавонанд то ба дараҷаи ҷиноятҳои коррупсионӣ рафта расанд. Ё худ шахсе, ки бори аввал ё якчанд маротиба даст ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ задааст, аз беҷазо мондан истифода намуда, баъдан ба ҷиноятҳои коррупсионии вазнин даст мезанад. Яъне, ин ҳамон қоидаи маъмулӣ аст, ки сари вақт ошкор накардан ва ба ҷавобгарӣ накашидани шахси даст ба қонуншиканӣ зада, қонуншиканиҳои бештарро такрор мекунад. Мубориза бар зиди коррупсия кори дастҷамъона буда, дар ин амр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои давлатӣ дар такя ва ҳамдастӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешравиҳо ноил шуда метавонанд. Дар ин раванд бештар ба масоили пешгирии омилҳои ба пайдоиш ва густариши коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва рафъи онҳо диққати хоса додан лозим аст. 


Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 сол аст, ки дар фазои истиқлолияти сиёсӣ рушд мекунад. Пешрафти мустақилона баробари афзалиятҳо баъзе омилҳои манфӣ низ дорад, ки яке аз онҳо коррупсия аст. Бо назардошти хатарнок будани ин масъала 25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он вазифаҳои асосии ин самт муайян шудаанд. Мавҷуд будани тасаввуроти гуногуни истилоҳӣ дар бораи коррупсия ба қадимӣ будани ин амали номатлуб далолат мекунад. Аз ин рӯ, дар забони тоҷикии муосир ва лаҳҷаҳои он, миқдори фаровони вожаву истилоҳҳо барои ифодаи ҳамин калимаи «коррупсия» истифода мешавад. Ин фикрро натиҷаи пурсишҳои иҷтимоӣ (сотсиологӣ), ки дар минтақаву ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз тарафи мутахассисон гузаронида шудаанд, собит мекунад. Рост аст, ки дар навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ барои тавсифи калимаи «коррупсия», «ришва» ва «пора» истилоҳу вожаҳои ҳархела истифода мешавад. Вале як чиз бегумон аст, ки дар марҳилаи ҳозира ба назар гирифтани фаҳмиш ва баҳодиҳии масъалаи мубориза бо коррупсия аз нигоҳи динӣ – ахлоқӣ барои осон шудани дарёфти давои ин вабои номатлуб мусоидат хоҳад кард. Агар дар ояндаи наздик мавзуҳои вобаста ба пешгирии коррупсия дар барномаи таълимии макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар доираи фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» барои синфҳои болоӣ тарҳрезӣ ва амалӣ карда шаванд, нуран алонур мешуд. Чунки ба тарбия, таълим ва ташаккули фарди солими ҷомеа, фарде, ки нисбат ба коррупсия бетараф набошад, аз рӯзҳои аввали таҳсил шурӯъ бояд намуд. 


Мавзуи пораситонӣ дар адабиёти классикии тоҷик низ зикр ёфтааст. 


Масалан, Аҳмади Дониш дар хусуси замони фасодзадагии давраи зиндагии худ дар «Наводир-ул-вақоеъ» ном асари худ овардааст: «…Эшон низ кӯрона тараддуд ва такопу ҳамекунанд ва аз мадхале, ки онҳо даромадаанд, инҳо низ ба зӯру заҷр худро меандозанд, аксаре дар ин савдо сармоя нобуд кунанд ва баъзе то бад-он ҷоҳу мансаб ва мартаба бирасанд». Ё худ Унсурии Абевардӣ фармудааст: 


Ҳар он ҷо, ки пора шуд аз дар дарун, 
Шавад устуворӣ зи равзан бурун. 


Бинобар ин, бояд бо истифода аз чунин суханони пандомез фарзандон ва насли наврасро аз хурдӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, дарёфти бо меҳнати ҳалол пайдо кардани нон, тоқатнопазирӣ ба коррупсия ва пешбурди тарзи ҳаёти солим тарбия намудан вазифаи ҳар кадоми мо, вазифаи ҳар як шахси солиму бохиради миллати мо бошад. 


Амрулло Нурализода, декани факултети молия ва қарз 
Ҷаъфар Қодиров, устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон