Мақолаҳо
Таъсири тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои нохуши он ба рушду тараққиёти ҷомеа
Инсоният яке аз омили муҳимми экологӣ буда, барои рушду тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа замина мегузорад. Тамоми кашфиётҳои бузурге, ки дар ҷаҳон ба амал меоянд, қобилияти зеҳнии инсонҳо ба шумор мераванд. Қобилияти зеҳнии инсон ба дараҷае тараққӣ намуд, ки худи ӯро ба ҳайрат гузошт, яъне ин тараққиёт ба худи инсон шароит фароҳам овард то ин, ки ба кайҳон сафар намояд ва барои он, ки ӯ ин сафарро ба анҷом расонад, маҷбур шуд ба сохтани техника шуруъ намояд. Сохтани киштиҳои кайҳонӣ, нақлиётҳои заминию осмонӣ барои пешрафти ҷомеа ва ба дараҷаи боло расидани иқтисодиёт хизматҳои шоёне менамоянд, вале онҳо ҷойи дигар ба табиат таъсирҳои манфие доранд, ки боиси тағйирёбии иқлим мегарданд.
Проблемаҳои глобалии экологии садаи дуюми асри XX диққати олимону мутахассисони соҳаи табиатшиносиро бештар ба худ ҷалб намудааст. Барои ба танзим даровардани мувозинати экологӣ, ҳолати кунунии экосистемаҳо, буҳронҳою садамаҳои экологӣ, на танҳо олимону мутахассисони соҳаи табиатшиносӣ, балки ходимони давлатию сиёсӣ ва кормандони мухталифи хоҷагидорӣ низ машғуланд.
Асри XXI -ро асри илму техника меноманд, зеро дар ин аср тараққиёти техникаву технологияи муосир ба авҷи аъло расид. Инкишофи босуръати илму техника ба он боис гардид, ки дар табиати моро иҳотакунанда рӯз аз рӯз ифлосиҳои аз ҷониби техникаҳои муосир бавуҷудоянда, ки асоси пайдоиши онҳо аз омилҳои антропогенӣ вобастагӣ дорад, пайдо шуда истодаанд. Техникаҳои муосир муҳити зистро бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва биологӣ олуда месозанд, ки дар натиҷа боиси марги организмҳои зинда мегарданд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки алоқамандии байни организм ва муҳити зистро муайян намуда, барои нигоҳ доштани мувозинати экологӣ дар табиат саҳмгузор бошем, зеро ки инсон як ҳиссаи асосии табиат буда, берун аз он вуҷуд дошта наметавонад, саломатӣ, қобилияти фикронию ҷисмонӣ, ва зинда мондани он ба табиат вобаста мебошад.
Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, мушкилоти экологӣ, яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор мераванд, чунки ҳолати кунунии муҳити зист дар бисёр минтақаҳои сайёра инсониятро ба ташвиш овардааст.
Ҳар сол майдони зиёди ҷангалзорҳо нест карда шуда, ҷойи ҷамоаҳои организмҳои табииро сунъӣ иваз мекунанд ва баъзе намудҳои ҳайвонҳои миқдорашон замоне хеле зиёдбударо то ба нестӣ меоранд. Партовҳои саноатӣ, хусусан, радионуклеотидҳо ва карбогидридҳо тамоми экосистемаҳои обӣ, хокӣ ва ҳавоиро олуда мекунанд, ки ҳамаи ин ба вайрон шудани асоси биологӣ – ҳаёт ва ирсият таҳдид мекунад.
Норасогии об, ғизо ва дигар моддаҳои ҳаётан муҳим ҳақиқати воқеӣ шудааст ва бо афзоиши аҳолӣ боз ҳам шадидтар мегардад. Инсон метавонад бе истифодаи ғизо то 45 рӯз, бе об то 3 рӯз ва бе ҳаво то 5 дақиқа умр бинад.
Барои ҳамин, инсон бояд барои фаъолияти ҳаётии худ об, ғизо ва ҳаворо истифода барад. Аз рӯи ҳисоби олимони соҳаи табиатшиносӣ шароити имрӯзаи сайёра метавонад то 10-11 млрд. одамро бо ғизо таъмин намояд. Аз сабаби нобаробар тақсим шудани маҳсулоти биосфера қариб 1,5 млрд. аҳолии рӯи Замин, хусусан дар қисми ҷанубу-шарқии Осиё ва бисёр мамлакатҳои қитъаи Африқо норасогии ғизо мушоҳида карда мешавад.
Ҳар сол дар сайёра то 80-90 млн. нафар одам зиёд мешавад, ки ин дар оянда талаботи одамонро ба ғизо боз афзунтар мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи табиат, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии дахлдор баҳри беҳдошти вазъи экологии кишвар, ободии муҳити зист ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд. Сиёсати хирадмандона, ташаббуси судмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2003-юм «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» яке аз иқдомҳои наҷибу башардӯстона буд, ки ин иқдомро Созмони Миллали Муттаҳид пазируфт ва онро беш аз 193 давлати дунё дастгирии комил намуданд. Масъалаи оқилона истифода бурдани оби нӯшокӣ на фақат барои Тоҷикистон, балки дар доираи тамоми ҷаҳон яке аз масъалаҳои муҳими асри XXI ба ҳисоб меравад.
Муҳит ва табиате, ки моро иҳота кардааст, манбаи ҳаёт дар кураи Замин ва асоси тараққиёти ҷамъиятро ташкил карда, сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавии инсон ба ҳисоб меравад. Азбаски инсон шакли олии таҷассуми табиат аст ва берун аз он вуҷуд надорад, масъалаи экологӣ яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳастии ӯст.
Солҳои охир дар натиҷаи сиёсати носолиму тороҷгарона, бесалоҳиятии созмонҳои маҳаллӣ нисбати муҳити зист, истифодаи нодурусти доруҳои кимиёвӣ, ғайриоқилона ҷамъоварии растаниҳо ва шикори ҷонварон, истифодаи нодурусти замин, афзоши босуръати аҳолӣ, ба эътибор нагирифтани шароити муҳит ё мувозинати экологӣ, инчунин афзудани дахолати инсон ба табиат муҳити зист харобу олуда шудааст, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.
Масъалаи дигаре, ки мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ин аз таъсири гармии зиёд обшавии пиряхҳо мебошад. Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад.
Ҳолати кунунии вазъи муҳити зист дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ ба сабаби афзоиши тадриҷии аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни рушди саноат, густариши пайвастаи масоҳати заминҳои обӣ, фарсуда гардидани шабакаҳои обёрӣ, истифодаи ғайрисамараноки захираҳои об ва нокифоя будани имкониятҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ метавонад бештар осебпазир гардад.
Кишвари мо, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор аст, манбаи асосии захираҳои обии Осиёи Марказӣ буда, аз пиряхҳои он 60 фоизи захираҳои обии минтақа ташаккул меёбад. Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст.
Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад.
Ҳаво омехтаи газҳои гуногуне мебошад, ки атмосфераи Замин аз онҳо иборат аст. Инкишофи босуръати саноату нақлиёт боиси дар таркиби ҳаво зиёд гардидани ҳар гуна газҳо ва чангу ғубор гардид. Сарчашмаи асосии ифлосшавии сунъии ҳаво нақлиёт, неругоҳҳои барқӣ, амалиётҳои ҳарбӣ, саноати семент ва металлургия мебошад. Ифлосшавии табиӣ бошад, дар натиҷаи инкишофи вулқон, шамол, гирдоб ва сӯхторҳо ба вуҷуд меояд. Қариб 80% ифлосиҳоро ба фазо нақлиёт мебарорад. Мошини ҳозиразамон ҳангоми тай кардани 1000 км он миқдори оксигенеро нобуд месозад, ки худи ронанда дар муддати як сол онро нафас мегирад. Дар таркиби атмосфера бухори об ва гази карбонат мавҷуд аст, ки онҳо нурҳои гармидиҳиро қабул намуда, аз худ намегузаронанд ва дар натиҷа дар баландиҳои муайяни атмосфера эффекти гармиро ба вуҷуд меоваранд. Дар натиҷаи фаъолияти инсон баробари сӯхтаниҳои гуногун оксиген месӯзад, ки дар ин ҳолат гази карбонат зиёд шуда, оксиген кам мешавад. Бар асари баланд шудани ҳарорати рӯи Замин пиряхҳои дар қитъаи Антарктидаю уқёнуси шимолӣ буда об шуда, ҳаҷми оби уқёнусҳоро зиёд менамояд, ки ин падида хавфи ба амал омадани гурезаҳои экологиро ба вуҷуд меоварад. Ба таркиби атмосфера партовҳои гуногуни дорои моддаҳои заҳрнок, мисли оксиди сулфур (SO2), оксиди нитроген (NO2), оксиди карбон (CO2) ва гардҳои мухталиф таъсири манфӣ мерасонанд. Мушоҳидаҳои зиёд нишон медиҳанд, ки соле дар таркиби атмосфера шумораи метан (NH4) то 1%, гази карбонат (CO2) то 0,4 % ва оксиди нитроген (No2) то 0,2 % меафзоянд.
Ҳамаи он ифлосиҳои дарҷгардида аз таъсири худи инсон ба амал меоянд ва ин ифлосиҳо сифати муҳити зистро коста менамоянд.
Сифати муҳити зист ба таври қатъӣ ба саломатии аҳолӣ таъсир мерасонад. Амалан моддаҳо ва шуоъдиҳии физикавӣ дар ин ё он дараҷа ба саломатии одам таъсири зарарнок мерасонад. Аммо муҳимаш он аст, ки ин моддаҳо дар кадом сатҳ ва дар кадом муҳити атроф иштирок мекунанд ва консентратсияи онҳо, меъёри радиатсияи гирифташуда чигуна аст? Дар шароити номусоид ин моддаҳо ба организмҳо таъсири муттагенӣ ва консергенӣ доранд, ки оқибаташ хеле нохуб аст.
Қайд кардан зарур аст, ки ифлоскунандаҳо метавонанд ҳангоми таваллуд шудани кӯдак ба саломатии ӯ таъсирашонро расонанд. Аксари моддаҳои химиявӣ ба системаҳои иммунӣ, мубодилаи моддаҳо ва дигар системаҳо, ки вазифаи ҳимоя кардани организмро доранд, таъсир мерасонад ва тағйирёбии онҳо боиси инкишофи касалиҳои дилу рагҳо мегарданд. Тадқиқотҳои таҷрибавӣ-эпидемиологии олимон гувоҳӣ медиҳанд, ки омилҳои экологӣ ҳатто дар дараҷаи ками таъсир ҳам метавонад сабаби иллатнокшавии одамон гарданд. Ифлосшавии муҳит новобаста ба консентратсияи пасти он муддати тӯлонӣ (амалан дар давоми ҳаёт) метавонад ба вайроншавии ҳолати саломатӣ, махсусан дар гурӯҳҳои одамони масунияташон заиф, одамони калонсол, занҳои ҳомиладор ва одамони касалманд таъсир расонад.
Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда дар байни ифлоскунандаҳои кимиёвии барои саломатӣ бештар хатарнок ҷои якумро металлҳои вазнин, нитратҳо, нитропайвастагиҳо, пестисидҳо мегиранд.
Аз ҳама хатарнок ва заҳрнок барои организмҳо пайвастагиҳои симоб, қӯрғошим ва кадмий мебошанд. Заҳролудшавии организм асосан ба воситаи маҳсулотҳои ғизоӣ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷаи ифлосшавии хок обҳои равони нӯшокӣ ва дигар партовҳо, корхонаҳои саноатӣ инчунин дар вақти истифодабарии нуриҳои фосфордор, кадмий ба маҳсулоти озуқа мегузарад. Қисми зиёди кадмийро одамон ба воситаи хӯрокаҳои растанигӣ мегиранд.
Яке аз вазифаҳои муҳими инсоният ин ҳар чӣ камтар ба муҳити зист баровардани партовҳо, безараргардонии партовҳо ва дубора коркард кардани онҳо ба ҳисоб меравад.
Бояд хотирнишон намуд, ки ҳар як сокини сайёра новобаста аз шакли тахассус ва ё соҳаи фаъолияташ вазифадор аст, ки нисбат ба табиат ғамхор бошад, чунки табиат ба тамоми соҳаҳои мухталиф таъсири беназир дорад ва ин таъсири беназири табиат метавонад иқтисодиёти мамлакатро ғанӣ гардонда, давомнокии умри инсонро зиёд намояд. Инсон метавонад ҳам ободкунанда ва ҳам вайронкунандаи табиат бошад. Ободкориву созандагии инсон метавонад куллан иқлими сайёраро тағйир диҳад.
Аз ин хотир моро зарур аст чорабиниҳое ташкил намоем, ки раванди фалокатовари тағйирёбии иқлимро дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ пешгирӣ намоянд ва ин чорабиниҳо метавонанд пиряхҳоро аз нестшавӣ нигоҳ доранд. Барои бартараф намудани ин мушкилот чунин пешниҳодҳо карда мешавад:
- бунёд ва барқарор намудани бешазорҳо дар минтақаи шаклгирии дарёҳо:
- истифодаи маводҳои сохтмонӣ ва рӯйпӯшкунандаи роҳсозӣ, ки ба фурӯъ бурдани гази карбон аз муҳит мусоидат менамоянд:
- Кабудизоркунии муҳити атроф бо растаниҳои ҳамешасабз.
Мушкилотҳои дар боло дарҷгардидида масъалаи муҳим ва доғи рӯз буда, дар ҳолати садди роҳ нашудан метавонанд боиси таназзули иқтисодиёти миллӣ гарданд.
Улуғов О. П., Яқубов Р. Ш., устодони кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ