Мақолаҳо
Аҳамияти захираҳои обии Тоҷикистон дар ташаккули неругоҳҳои барқӣ-обӣ ва рушди устувори иқтисоди сабз
Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои дастрасии беназири экологӣ ҳаҷми бузурги захираҳои гидроэнергетикӣ ва оби тоза, гуногунии сарватҳои зеризаминӣ, рушди сайёҳӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат мекунад.
Тайи даҳсолаи охир мавзӯи «Иқтисодиёти сабз», мавқеъ ва нақши он дар ҷомеаи муосир дар вохӯрию мулоқотҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби сарони давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон пайваста мавриди баррасӣ қарор гирифта, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об соли 2012 вобаста ба масъалаи иқтисоди сабз ва рушди устувор таклифҳои судманд намуда, ташаббусҳои беназирро дар ин самт барои солҳои минбаъда аз минбарҳои баланд пешниҳод намудаанд.
Дар шароити муосири иқтисодӣ омилҳои экологӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Ин омилҳо рӯз то рӯз аҳамияти калон пайдо карда истодаанд, зеро аз ибтидои инқилоби саноатӣ дар ҷаҳон инсоният ба онҳо диққати даркорӣ намедиҳад. Инқилоби саноатӣ мушкилоти муайянеро ба вуҷуд овард, ки дар навбати аввал он бо муҳити зист алоқаманд аст. Инсоният аллакай дарк кардааст, ки модели ҳозираи тараққиёт чӣ гуна оқибатҳо дошта метавонад. Дар ҳазорсолаи нав ҷаҳон бояд ин моделро ба нафъи моделе тағйир диҳад, ки омилҳои экологӣ ва иҷтимоиро ба инобат мегирад.
Аммо дар ҷаҳон модели универсалии рушди иқтисодиро пешниҳод накардаанд, ки таносуби манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро вайрон накунад. Аммо инсоният дар ин самт пеш рафта истодааст. Миқёси оқибатҳои ҷиддии манфии амали модели кунунии рушди иқтисодиро дарк намуда, ҷаҳон барои гузаштан ба модели нав омодагӣ мегирад. Модели нави рушди иқтисодӣ «Иқтисоди сабз» номида мешавад. Дар бораи иқтисоди сабз ҳарчи бештар сухан меравад, ки ин тааҷҷубовар нест, зеро ин иқтисоди оянда аст. Гузариш ба иқтисоди сабз ногузир аст ва аз ин рӯ бисёр кишварҳо стратегияҳои худро барои гузариш ба ҳамин модел омода мекунанд ва кишварҳои пешрафта аллакай дар ин самт иқдомоти амалӣ андешидаанд.
Иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳамчун як назария пешниҳод гардидааст. Дар Стратегияи миллии рушди устувор Ҷумҳурии Тоҷикистон нияти пешрафт дар ин самтро нишон додааст. Дар воқеъ, ҳар кишвар манфиатдор аст, ки иқтисодаш сабз бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид истисно нест, зеро кишвар бар асари гармшавии глобалӣ пиряхҳои худро аз даст медиҳад. Ин дар навбати худ метавонад боиси оқибатҳои манфии иҷтимоӣ ва экологӣ ва инчунин боиси оқибатҳои манфии иқтисодӣ гардад.
Дар замони муосир бештари олимон бо масъалаҳои «Иқтисоди сабз» машғуланд. Аммо дараҷаи тараққиёти ин соҳа паст аст. Дараҷаи коркарди мавзӯи иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ҳам камтар аст.
Мафҳуми иқтисоди «сабз» ба истилоҳи илмӣ соли 1989 ворид гаштааст ва баъдан дар адабиёт ба таври васеъ истифода шуда, ба қатори мақсадҳои Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) дар доираи СММ дохил мешавад.
Рушди устувори иқтисодӣ ба некуаҳволии аҳолӣ таъсир расонда, зиндагии шоистаро барои ҳар як сокини сайёра таъмин менамояд, аммо ин тараққиёт мутаасифона ба рушди экологӣ таъсири манфӣ дорад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки талаботи инсон мунтазам меафзояд ва қонеъгардонии талаботи инсон боиси кам шудани захираҳои табиӣ мегардад. Буҳрони ҷаҳонии экологӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва таъмини амнияти озуқории кишварҳои алоҳида ва ба мавҷудияти худи инсоният таҳдид мекунад. Аз миёни ин буҳронҳои ҷаҳонӣ, кам шудани захираҳои замин ва об, ифлосшавии муҳити атроф ва буҳрони демографӣ махсусан шадидтар аст.
Дар ташаккул ва тараққиёти иқтисоди сабз захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.
Айни замон бо сабаби афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди иқтисодӣ ва дигар мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ таъсир мерасонанд, арзиши об ба маротиб меафзояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии худ дар Саммити обии Осиё ва Уқёнуси Ором дар соли 2007 қайд карда буданд, ки «...тамоюли рушди ҷаҳонӣ чунин аст, ки арзиши об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангишт ва дигар захираҳои барои рушди устувори об зарурӣ зиёд бошад».
Таҳқиқоти сершумори тайи 10 соли ахир ҳақиқати ин гуфтаҳоро бо далелу рақамҳо тасдиқ мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилоти об тамаркуз кардааст.
Об ҳамчун манбаи муҳими рушди устувор ба ҳуҷҷатҳо ва стратегияҳои зиёди рушд дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ дохил карда шудааст. Дар натиҷа, ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои об ба Ҳадафҳои рушди устувор дохил карда шуданд. Ин муваффақият ба шарофати меҳнат ва саъю кӯшиши монданашавандаи тарафҳои гуногуни манфиатдор муяссар гардид.
Рушди энергетика дар Тоҷикистон барои нигоҳдории устувории иқтисодиёти давлат, афзоиши неруҳои содиротии кишвар, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, коҳиш додани таъсири хатарҳои иқтисодӣ, пурзӯр кардани қурби пули миллӣ ва монанди инҳоро фарогир буда, Тоҷикистонро метавонад дар арсаи байналмилалӣ ба яке аз давлатҳои азими содиркунандаи нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил диҳад.
Расидан ба имкониятҳои васеи гидроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз имкониятҳои васеи расидан ба иқтисодиёти сабз мебошад. Иқтисодиёти сабз инъикосгари расидан ба афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар: ба монанди рушди нерӯи инсонӣ, баланд бардоштани иқтидори воридотивазкунии молҳо, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, истеҳсол намудани молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза вобаста ба талаботи сершумори давлатҳои хориҷӣ, пурра маҳдуд кардани ҷойҳои молҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ ва монанди инҳо мебошад.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи иқтисодиёти сабз маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.
Табиат барои соҳаи гидроэнергетика имкониятҳои бузург фароҳам овардааст. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бепоёни гидроэнергетикӣ мебошад. Захираҳои обии Тоҷикистон пиряхҳо буда, онҳо дар қуллаҳои баландтарини Осиёи Марказӣ хобидаанд. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳои калонтарин ба шумули Панҷ-(921км), Вахш-(524км), Сир-(185км), Кофарниҳон-(387км), Зарафшон-(306км), Аму-(65км), Бартанг-Мурғоб-(491км), Ғунд-(296км) мебошанд, ки солҳои тӯлонӣ ҷорианд ва миллионҳо гектар заминҳои минтақаро шодоб мегардонанд. Аҳолӣ ва корхонаву идораҳо низ аз ин неъмати бебаҳо истифода мебаранд. Ин дарёҳо аз пиряхҳои қуллаҳои баланди кишвар амсоли «Исмоили Сомонӣ» баландиаш (7495 метр), «Федченко» (7134 метр), «Истиқлол» (6974 метр), «Москва» (6785 метр) ва ғайраҳо сарчашма мегиранд. Шумораи пиряхҳо дар ҷумҳурӣ 13000-ро ташкил дода, масоҳати умумии майдони яхбастаи онҳо зиёда аз 13,1 ҳазор километри мурабба мебошад. Ҳаҷми умумии онҳо 550 километри мукаабро ташкил мекунад.
Ба ҳама маълум аст, ки наваду се фоизи каламрави Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад ва вобаста ба хусусиятҳои географии худ дар рӯ ба рӯи пайомадҳои харобиовари офатҳои табиӣ осебпазир мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки раванди тағйирёбии иқлим боиси босуръат обшавии пиряҳҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила ба бахшҳои асосии иқтисодиёти миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзию саноат, таъсири манфӣ мерасонанд. Солҳои охир шумораи офатҳои табиии марбут ба об афзоиш ёфтааст, ба мисли обхезӣ, селу ярчу тармафароии ҳамасола ба иқтисодиёт ва аҳолии кишвар ҳисороти зиёд ворид мекунанд. Танҳо дар 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ тақрибан 25 фоиз афзудааст, ки боиси ҳалокати тақрибан 200 нафар гардида, шароити мусоиди зиндагонии зиёда аз шашсад ҳазор нафарро таҳти хатар гузошт ва зиёда аз 600 миллион доллари ИМА маблағи умумии талафот гардид.
Инчунин дар 30 соли охир пиряхҳо, ки сарчашмаи муҳими захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, зиёда аз ҳазор адади онҳо пурра нобуд гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об унсури калидӣ дар роҳи ноилшавӣ ба рушди устувор аст». Пешвои миллат чунин ақида доранд, ки «ҳамкории самараноки фаромарзӣ метавонад ба мудирият ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об мусоидат намуда, боиси коҳиши хатари хароҷоти беасос ва таъмини тавозун байни шаклу навъҳои гуногуни истифодаи захираҳои об шавад».
Агар сухан дар бораи захираҳои табиӣ равад, бояд гуфт, ки дар ҷаҳон давлатҳое ҳастанд, ки аз захираҳои табиӣ бой буда, онро дар истеҳсолот фаровон истифода мебаранд. Дар ҷаҳон аз рӯи истеҳсоли қувваи барқ давлатҳои Фаронса, Австралия, Канада ва Россия дар зинаҳои баланд қарор доранд. Агар захираҳои нафту газро гирем, давлатҳои Арабистони Саудӣ, Россия, Туркманистон, Эрон ва Қатар дар ҷои аввал мебошанд. Аз нигоҳи технология давлатҳои Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва Германия дар соҳаи мазкур пешсафанд.
Дар баъзе кишварҳо барои истеҳсоли қувваи барқ, аз нерӯи ҳастаӣ (атомӣ) истифода менамоянд. Барқи ҳастаӣ ҳам нумӯи зироати кишоварзӣ ва ҳам муҳити экологии зистро заҳролуд месозад. Давлатҳое, ки тавассути нерӯгоҳи ҳастаӣ барқ истеҳсол мекунанд, мисли мо шароит ва имкониятҳои барқистеҳсолкуниро надоранд.
Бояд гуфт, ки дар баъзе давлатҳои ҷаҳон обро то 3 маротиба тоза карда, баъд аз он истифода мебаранд. Масалан, барои исифодаи об дар мамлакатҳои араб чунин тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд. Чунки дар он давлатҳо оби нӯшокӣ хеле кам аст. Бинобар ин якчанд фоизи маблағи буҷет барои соҳаи мазкур масраф мегардад. Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин технология эҳтиёҷ надорад, зеро оби Тоҷикистон аз қаторкӯҳҳо ҷорӣ шуда, ҳоҷат ба корбурди технологиро надорад. Айни замон 60 дар сади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Шароити кӯҳсори Тоҷикистон барои истеҳсоли қувваи барқ хеле мусоид буда, аз нигоҳи илмӣ, дар ин ҷо сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ нисбат ба дигар давлатҳои ҷаҳон камхароҷот аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамагӣ 4-5 фоизи захираҳои обии кишварамонро истифода мебарему халос. Дар маҷмӯъ 65 фоизи оби баҳри Аралро обҳои Тоҷикистон ташкил мекунанд ва боқимондаи он барои эҳтиёҷи давлатҳои ҳамсоя масраф мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи энергетикаи кишвар, ки яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба шумор меравад, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон калонтарин истгоҳҳои барқи обӣ ба тарзи силсила сохта шуда, фаъолият доранд. Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқӣ-обии Норак бо иқтидори 3000 мВт, Бойғозӣ (600 мВт), Сарбанд (240 мВт), Сангтӯда-1 (670 мВт), Сангтӯда-2 (220 мВт), Шаршар (29,95 мВт), Марказӣ (15,1 мВт), дар дарёи Вахш, Помир бо иқтидори 28 мВт дар дарёи Панҷ, Варзоб бо иқтидори 25 мВт дар дарёи Душанбе ва Қайроққум бо иқтидори 216 мВт дар дарёи Сир, амал мекунанд. Инчунин бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоту ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат аз ҷумла дар дарёҳои Зарафшон, Ванҷ, Бартанг, Ғунд, Сир ва ғайра нерӯгоҳҳои хурд сохта ва ба истифода дода шуда истодаанд. Айни замон дар кишвар миқдори НБО зиёда аз 285 ададро ташкил медиҳад.
Тибқи нақшаи лоиҳа дар силсилаи Вахш 9 адад НБО бо иқтидори умумии 9195 мВт бояд сохта шаванд, ки аз ин миқдор ҳафт адади он фаъолият доранд.
Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар дарёи Вахш, ҷой гирифта, ҳамасола 13 миллиарду 1 миллион кВт/соат қувваи барқ истеҳсол мекунад.
Мақсади бунёди НБО-и Роғун таъмини эҳтиёҷоти аҳолии Тоҷикистон ва минтақаро бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин содироти он ба хориҷи кишвар мебошад.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки сохтмони он ҳанӯз соли 1976 оғоз ёфта буд, яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт ва он дар зарфи 7-8 сол бояд сохта ва ба истифода дода мешуд. Сохтмони сарбанди он соли 1987 шурӯъ гашта, то соли 1993 баландиаш ба 40 метр расида буд. Аз соли 1976 то соли 1993 корҳои зиёди сохтмони нерӯгоҳи мазкур, аз қабили кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто анҷом ёфта буд.
Дар ин муддат зиёда аз 43 фоизи тамоми корҳои сохтмонии ин иншооти азим анҷом дода шуда буд. Вале баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сохтмони он қатъ гардид.
Тибқи нақшаҳои рушди энергетикии ҷанубӣ, дар асоси ҳисобу китоби техникӣ, танҳо дар сурати сари вақт сохта ва ба истифода додани обанбор ва агрегатҳои аввали нерӯгоҳи Роғун, муҳлати фаъолияти нерӯгоҳи Норак то 80 сол тамдид мешавад.
Роғун барои ҳамаи мо мактаби бузурги омӯзиш, истифода ва баҳрабардорӣ ва дар айни замон равнақи иқтисодиёти Тоҷикистон мегардад.
Бонки ҷаҳонӣ ташхиси иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии лоиҳаи Роғунро гузаронида, баҳои хуб доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарварони давлатҳои минтақа дар ин бора иттилоъи расмӣ додаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар байни иншоотҳои мавҷудаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, нерӯгоҳи Роғун аз ҷиҳати иқтисодиву экологӣ афзалияти калон дорад.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ аввалин нерӯгоҳи калони барқӣ-обии «Сангтӯда-1», дар дарёи Вахш бунёд гардид, ки ҳамасола 2 миллиарду 733 миллион киловатт/соат қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мекунад, ки манбаи энергия ва рушди иқтисоди сабз ба шумор меравад.
16 октябри соли 2004 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Созишнома барои сохтани нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба имзо расида буд, ки агрегати якуми нерӯгоҳ охирҳои моҳи декабри соли 2007 ба кор шурӯъ карда буд, ки иқтидори он ба 670 мегаватт баробар аст.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» моро ба яке аз ҳадафҳои олӣ ва стратегиамон-таъмини истиқлолияти энергетикии кишвари азизамон хеле наздик овард. Илова бар ин, аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи Россия масъалаи бунёди се нерӯгоҳи барқи обии бо иқтидори миёна мавриди баррасӣ қарор дорад.
Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар дарёи Вахш, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷой гирифта, дар силсилаи нерӯгоҳҳои барқии обии Вахш шашум буда, иқтидори лоиҳавии ин нерӯгоҳ 220 мегаваттро ташкил медиҳад.
Моҳи июни соли 2005 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Созишнома барои сохтани нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда-2» ба имзо расид.
Яке аз калонтарин нерӯгоҳи барқӣ дар Осиёи Миёна нерӯгоҳи барқии обии «Даштиҷум» мебошад. Он дар дарёи Панҷ, ноҳияи Ш. Шоҳин вилояти Хатлон ҷой гирифта, дар силсилаи нерӯгоҳҳои барқии обии Панҷ чорум буда, ҳар сол 15 миллиарду 600 миллион кВт/соат қувваи барқ истеҳсол мекунад.
Мутахассисон ва муҳаққиқони тоҷик исбот кардаанд, ки яке аз лоиҳаҳои ҷолиби диққат сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Даштиҷум бо иқтидори 4000 мВт ва обанбори ҳаҷмаш 17,6 километри мукааб мебошад. Ин нерӯгоҳ дар наздикии сарҳади Афғонистону Тоҷикистон ҷойгир шуда, барои давлати Афғонистон низ манфиати зиёде меорад. Аз ҷумла, 1,5 миллион гектар заминҳои хушку ташналабро бо об таъмин месозад. Инчунин аҳолии ин минтақаро бо қувваи барқи арзон таъмин хоҳад кард. Бунёди ин нерӯгоҳи азим ба беҳтар шудани таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва шароити хуби зиндагӣ мусоидат мекунад.
Коркарди техникӣ-иқтисодии пешакӣ нишон медиҳад, ки сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Даштиҷум» яке аз нерӯгоҳҳои обӣ-барқии камхарҷ ва самараноктарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Бо шарофати мавқеи хуби ҷуғрофии Тоҷикистон содироти нерӯи барқ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, ҳам ба мамлакатҳои хориҷи наздик ва ҳам ба мамлакатҳои хориҷи дур манфиатовар аст.
Ба андешаи мо барои гардиши пул ба соҳибкорон зарур аст, ки ба сохтани нерӯгоҳҳои обӣ шурӯъ намоянд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ мебошад. Бунёди нерӯгоҳ ҳам ба соҳибкор ва ҳам ба давлат манфиати калон меорад. Масалан, соҳибкори Мексика Карслос Слим барои гардиши сармояи худ аввал ба сохтани мағоза дар ҳудуди кишвари худ шурӯъ карда, баъдан бахшҳои мағозаро берун аз марзи давлаташ кушод. Ҳоло бошад, Карлос Слим соҳибкори ҷаҳонист ва дороиаш ба маблағи 72,4 миллиард доллари ИМА расидааст. Соҳибкорони тоҷик тавассути сохтани нерӯгоҳ соҳиби маблағҳои калон шудан метавонанд.
Пешниҳод карда мешавад, ки барои сохтани нерӯгоҳҳои хурду калон соҳибкорон ҷалб карда шаванд. Зеро дар ҳудуди Тоҷикистон имконияти бунёди зиёда аз 900 нерӯгоҳҳои обии хурду калони иқтидорашон 100-3000 кВт/соат мавҷуд аст ва то ҳол 200 нерӯгоҳҳои обии хурду калон сохта ба истифода дода шуданд.
Коршиносон чунин меҳисобанд, ки барои сохтани нерӯгоҳҳо дар дарёҳои зерин аз ҷиҳати потенсиалӣ ва иқтисодӣ хеле муфид аст.
Номгуи дарё |
Миқдори нерӯгоҳи барқӣ-обӣ |
Иқтидори умумии кВт/соат дар як соат |
Панҷ | 14 | 86,3 |
Вахш | 9 | 9195 |
Сурхоб | 4 | 1077 |
Хингоб | 5 | 712 |
Зарафшон | 6 | 6400 |
Фондарё | 4 | 510 |
Мастчоҳ | 5 | 5000 |
Бартанг | 5 | 485,9 |
Кофарниҳон | 5 | 411 |
Ғунд | 13 | 354,4 |
Варзоб | 3 | 100 |
Баъди сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обии банақшагирифташуда дар Тоҷикистон истеҳсоли солонаи қувваи барқ ба 527 миллиард кВт/соат мерасад. Аз ин миқдор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 2025, 27 миллиард кВт/соат басанда аст. Боқимонда, яъне 500 миллиард кВт/соат қувваи барқро ба давлатҳои ҳамсоя интиқол додан мумкин аст. Агар мо ин миқдор қувваи барқро ба ҳисоби миёна бо нархи 25 дирамӣ ба бозор ҷаҳонӣ барорем, яъне дар як сол 125 миллиард сомониро ташкил мекунад, ки ба сари ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол 17857 сомонию 15 дирам рост меояд.
Номи нерӯгоҳ |
Иқтидори муқарраргардида ҳазор кВт |
Истеҳсоли нерӯи барқ ба ҳисоби миллиард кВт/соат дар як сол |
Даштиҷум | 4000 | 15,6 |
Роғун | 3600 | 13,1 |
Рӯшон | 3000 | 14,8 |
Норак | 3000 | 11,2 |
Дарвози Лавардӣ | 2100 | 10,5 |
Ҷумар | 2000 | 8,2 |
Ширговат | 1900 | 9,7 |
Нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ-ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад.
Нерӯгоҳҳои барқӣ - обӣ воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад.
Нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ иқтисодиёти давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Аз ин рӯ, саҳмгузорӣ ба ин иншоотҳои муҳим қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси кишвар ба шумор меравад.
Улуғов О. П. Мудири кафедраи фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон