Мақолаҳо
Паёми Пешвои миллат – дурнамои ҷомеа
Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти рӯзмарраи мардуми шарифи Тоҷикистон буда, дар ин санади муҳим дурнамои иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ бозгӯӣ мешавад. Бояд қайд намоем, ки дар Паём ба масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон диққати махсус дода мешавад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми соли 2021 чунин қайд намудаанд: «Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд». Бубинед, дар як соли сипаришуда мардуми шарифи Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, сатҳи зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтар гардида истодааст, барои таҳсил ба хонандагону донишҷӯён тамоми шароит фароҳам оварда шуда, низоми таълим низ мукаммал мегардад. Диққати коршиносони хориҷиро дастовардҳои иқтисодии мо барвақт ба худ ҷалб намудааст. Ба таври мисол, коршиносони Бонки рушди Авруосиё бар он ақидаанд, ки сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 аз 6,9%-и соли 2022 то 6% коҳиш хоҳад ёфт. Дар ин давра буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 ба тасвиб расид, ки ҳаҷми маблағи пешбинишуда дар он то 33 миллиардро ташкил дода, дар муқоиса ба буҷаи соли 2021 беш аз 19 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ин нишондиҳандаҳои иқтисодӣ аз пешрафти кишвари мо далолат медиҳанд ва моро уҳдадор месозанд, ки дар ин дастовардҳои бузург саҳмгузор бошем.
Сарвиноз Файзуллоева, н.и.и., муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ