Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Коррупсия ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои зиддикоррупсионӣ

Дар шароити имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва имкониятҳои иҷтимоиро боз медорад, боварии инсонҳоро ба худтакмилдиҳӣ коста гардонида, нияту орзуҳои ояндаи насли ҷавонро барҳам медиҳад. 
Коррупсия ҳамчун падидаи иҷтимоӣ бо иқтисодиёт, сиёсат, ҳуқуқ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, низоми ҳокимият ва идора, ниҳодҳои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, суннатҳои миллии кишвар робитаи печида дорад. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба коррупсия ҳамчун зуҳуроти хатарнок иттилои ҳамаҷониба дошта, пайваста чораҳои муассирро доир ба пешгирии он меандешад ва ҳамеша бо он дар муқовимати ҷиддӣ қарор дорад. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «... Чунин як падидаи манфӣ, ҳамчун коррупсия, дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем ...». 
Муқовимат бо коррупсия ва пайдоиши ҳуқуқи зиддикоррупсионӣ дар вазъияти хеле мушкили иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар оғоз ёфт. Аз замоне ки Тоҷикистони пасошуравӣ бо зуҳуроти воқеии калонҳаҷми коррупсия дучор шуд, зарурати воқеии истифодаи воситаҳои ҳуқуқӣ ва механизми муқовимат алайҳи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ҳам ба миён омад. 
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин лиҳоз, соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» мавриди амал қарор гирифт, ки он заминаи аввалини ҳуқуқи зиддикоррупсиониро ба вуҷуд овард. Айни ҳол қонунгузории зиддикоррупсионӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, такмили меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти зиддикоррупсионӣ идома ёфта истодаанд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ҳадаф як қатор санадҳои байналмилалӣ, қонунҳо, стратегияҳо ва лоиҳаҳои мушаххасро оид ба пешгирии коррупсия ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ таҳия намуда, барои давраҳои нисбатан дарозмуддат қабул намудааст. 
Яке аз ин санадҳои муҳимми байналмилалӣ, ин Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид аз 31 октябри соли 2003 оид ба муқовимат бо коррупсия ба шумор меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 онро маъқул шуморида, ба он ҳамроҳ гаштааст. 
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар оид ба масъалаи пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ се маротиба қонун дар ин самт қабул шуд, ки ин ҳам бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», аз 10 декабри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 ва баъдан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, №1714 мебошанд, ки ин иқдомот барои ташаккули минбаъдаи чораҳои пешгирии муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурӣ самараи дилхоҳ ба бор оварданд. 
Мувофиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 дар ҷумҳурӣ як қатор чораҳои пешгирии кирдорҳои зиддикоррупсионӣ муқаррар гардидаанд, ки барои аз байн бурдани ин зуҳуроти нанговар ҳамаҷониба мусоидат намуда, бо роҳҳои зерин амалӣ мегарданд. 
Ба ин чораҳо дохил мешаванд: 1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ; 2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ; 3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ; 4) мониторинги зиддикоррупсионӣ; 5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; 6) чораҳои назорати давлатии молиявӣ; 7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор; 8) мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда; 9) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда. 
Бо назардошти хусусиятҳои кирдорҳои коррупсионӣ ва мушкилоти муқовимат ба ин зуҳуроти нанговар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 – уми январи соли 2007, таҳти №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. 
Бо мақсади пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар се стратегияи миллии муқовимат бо коррупсияро дар солҳои зерин қабул кардааст, ки дар онҳо чораҳои зарурии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидошта роҷеъ ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд. 
1. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 бори якум «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул карда шуд. 
2. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 бори дуюм Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 қабул карда шуд. 
3. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 бори сеюм Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд. 
Қобили қайд аст, ки ҷараёни решакан кардани коррупсия ва сабабу омилҳои ба он алоқаманд, пеш аз ҳама, ба ташаккули давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи пурқуввати шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои шаҳрвандон ва фаъолияти озоди иқтисодию соҳибкорӣ, инчунин, масъулиятнокӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста аст. 
Аз ин лиҳоз, бояд ишора кард, ки аз рӯйи таҳлилҳои сотсиологӣ метавон якчанд чораҳои нисбатан самараноки иқтисодӣ ва иҷтимоию равонии мубориза бо коррупсияро дар шароити кунунии кишвар номбар кардан мумкин аст, ки то андозае ба коҳиш ёфтани хавфи коррупсия мусоидат менамоянд. Ба ин чораҳо дохил мешаванд: 
1. Баланд бардоштани шуури ҳуқуқии аҳолӣ; 
2. Бедор кардани ҳисси нафрат оид ба коррупсия дар вуҷуди насли наврас; 
3. Тарбия ва интихоби дурусти кадрҳои оянда ва омода будани онҳо дар муқовимат бо коррупсия; 
4. Бо шароити бозорӣ мувофиқ сохтани музди меҳнат; 
5. Муҳайё сохтани ҷойҳои кории нав ва ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони қобили меҳнат; 
6. Ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар мубориза бо коррупсия; 
7. Тарбияи таҳаммулнопазирӣ нисбат ба коррупсия; 
8. Бештар кардани иттилоотрасонии воситаҳои ахбори омма оид ба хавфи коррупсия дар байни аҳолӣ. 
Ҳамчун хулоса, мехоҳем иброз намоем, ки дар баробари самтҳои зикршуда яке аз чораҳои пешгирии коррупсия ин ҷараёни таҳкими қонунгузори зиддикоррупсионӣ ва бо талаботи ҷомеа такмилдиҳии он ба шумор меравад, зеро мукаммалии қонунҳои соҳавӣ дар ин ҷода ба рушди муътадили иқтисодиёт мусоидат намуда, вусъатёбии рақобати озодро дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ тақвият мебахшад. Дар ин самт аҳолӣ низ бояд фаъол ва ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худро ҳифз ва иҷро намояд. Зеро риояи қонунҳо дар ин самт имконият медиҳад, ки неруи эҷодии одамон инкишоф ёбад ва аҳли ҷомеа аз фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ истифода намуда, рушди рақобати одилонаро тақвият диҳад. 


Д. Хоҷазода, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ 
С. Мирзоев, муовини декан оид ба илми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ