Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Паём муайянкунандаи рушди иҷтимоиву иқтисодист

Паёми Президенти кишвар ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, муайянкунандаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат як силсила масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба таҳлил ёфта, барои рушди устувори ҳар соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд. Паёми навбатӣ низ барномаи мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, нақшаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.
Аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво Паёми имсолаи Пешвои миллат мавзӯъҳоеро дар бар мегирад, ки барои рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд. Мавзӯъҳое, ба монанди таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар қатори бисёр масъалаҳои дигар муҳтавои Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳанд.
Дар заминаи мавҷуд будани имконият ва иқтидорҳои истифоданашуда рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Самаранок ва оқилона истифода бурдани ин захираҳо боиси он гардидааст, ки дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Тадбирҳои андешида имконият фароҳам оварданд, ки на танҳо вазъи иқтисодиро дар ҳолати мутавозун нигоҳ дорем, балки аксари нишондиҳандаҳоро зиёд таъмин намоем. Ин тадбирҳои ҳукумат  аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чандин паҳлӯҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд, ки: «Соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд».
Барои ҳар фарди равшанфикр возеҳ аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт беҳтар мешаванд. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату Ҳукумат — саноатикунонии босуръати мамлакат боз ҳам амиқтар мусоидат менамояд.
Таҳлилҳои масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас буданд ва нишондиҳандаву пешрафтҳо дар доираи далелу рақамҳо бисёр хуб нишон дода шудаанд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ- ин таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад.
Маълум аст, ки дар солњои охир бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён омаданд. Ин раванд имконият фароҳам овард, ки сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ низ коҳиш ёбад.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, «дар соли 2022 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар мамлакат мусоидат намуд».
Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии мамлакат тадриҷан амалӣ гашта, бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба он, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта зарурати боз ҳам беҳтар фаъолият намудани соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба миён омадааст.
Ҷаҳони имрӯза ва фазои иқтисодии зуд-зуд тағйирёбандаи минтақа моро ҳар лаҳза водор менамояд, то барои рақобатпазир сохтани иқтисодиёти миллӣ талош намоем. Ҳоло мамлакатҳои абарқудрат талош доранд бо ҳар роҳе, ки набошад, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатро нигоҳ доранд ва худ пешгом бошанд. Дар ин замина моро зарур меояд, ки барои рақобатпазир гардидани иқтисодиёт ва фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чаҳоруми миллӣ эълон карда шуд. Саноатикунонии босуръати мамлакат барои аз мушкилиҳои иқтисодӣ вораҳонидану таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кор ва ҳамзамон ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд, ки ин бисёр имконияти хуб ва саривақтӣ барои рушди соҳа мебошад.
Аз ҷониби дигар, саноатикунонии босуръати мамлакат ба чанд омил мусоидат менамояд, ки аз ин ҳам маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баланд мегардад ва ҳам ниёзмандии ҷомеа аз бозори берунӣ коҳиш дода шуда, имконияти  бештар барои такмил ва тағйиру идораи бозори соҳавӣ фароҳам меояд.
Ҳамаи ин талошҳо баҳри зиндагии шоистаи мардум нигаронида шуда, саноатикунонии мамлакат аз барномаҳоест, ки барои беҳбуд ёфтани вазъи зиндагии мардум рӯи даст гирифта шудааст  ва ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои болотар аз имрӯз дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барномаи мукаммал пешниҳод карда шудааст.
Ҳамин тавр, ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар бар гирифта, боиси сол то сол беҳтар шудани некуаҳволии сокинони ҷумҳурӣ ва татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ мегардад.


Саидбек Рофизода, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ