Мақолаҳо
Зуҳуроти хатарноки умумибашарӣ
Таърихи инсоният гувоҳи он аст, ки терроризм ва экстремизм ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд доштанд ва дар шаклу усулҳои гуногун содир мешуданд. Дар охири асри ХХ дар қатори дигар мушкилот, терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти хатарноки умумибашарӣ табдил ёфтанд.
Терроризм ва экстремизм дар радифи масъалаҳои доғи рӯз боқӣ монда, мубориза алайҳи ин зуҳурот дар сархати вазифаҳои асосии мақомоти дахлдор ва тамоми аҳли башар қарор дорад.
Экстремизм ва терроризм ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, зеро маҳз экстремизм боиси ба вуҷуд омадани амалҳои террористӣ мегардад. Имрӯз терроризм ва экстремизм на танҳо ба давлати алоҳида, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, новобаста ба дараҷаи тараққиёти онҳо таҳдиди бевосита мекунанд. Бинобар ин, тамоми кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки дар самти мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сулҳу субот, ягонагӣ ва амният, пешгирии сокинони сайёра ва безараргардонии экстремисту террористон чораҳои қатъӣ андешида, қонунгузории кишвари хешро ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатовару нафратовар такмил диҳанд.
Бояд зикр кард, ки ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар ноболиғону ҷавонон, ки аз табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, ҷалб карда мешаванд, ки ин хеле нигаронкунанда ва ташвишовар мебошад. Зеро сабабҳои асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани шаҳрвандон, алалхусус ноболиғон ва ҷавонон истифода аз алоқаи барқӣ, интернет, аз ҷумла расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан, ноболиғон ва ҷавононро ба барҳам додани асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои гуногун даъват менамоянд.
Маълумоти воситаҳои ахбори омма шаҳодати он мебошад, ки махсусан, солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ даҳшатовару бераҳм гардида, хатари ҷиддиро ба мустақилият ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд овардаанд.
Чунин хатарҳои мудҳишу манфурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳамасола зимни ироаи паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар аз оқибатҳои номусоиду даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон содир мегарданд, бо нигаронӣ ёдовар мешаванд ва баҳри мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок дидгоҳу назар ва афкору андешаҳои аз назари илмиву амалӣ асосноки хешро баён месозанд. Ҳамзамон, баҳри ҳифзу таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат таъсиси Маркази ягонаи иттилоотиро пешниҳод намуданд: «…мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад». Албатта, таъсиси ин гуна марказ барои пешгирӣ ва мубориза бо ин гуна зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда мебошад ва вазъи ҷаҳони имрӯза ва пешрафти илму технологияҳо низ инро тақозо менамояд.
Ба назари мо, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон корҳои фаҳмондаиҳиро дар байни ҷавонон бояд бештар намоем. Робитаи мактаб, оила ва ҷомеаро тақвият бахшем, зеро танҳо дар мавриди иҷрои ин корҳо мо метавонем ҳушёрии сиёсии эшонро таҳрик диҳем.
Мастура Буриева, мудири кафедраи муносибатҳои қарзӣ-байналмилалӣ