Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Арзёбии рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар замони истиқлоли давлатӣ ва рушди босуботи сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ҳамчун маводи арзишманди таҳлилӣ ва роҳнамо барои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равшангари имрӯз ва фардои кишвар ба ҳисоб меравад. 
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баррасии муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2022 оғоз шуда, дар он соли сипаришуда, сарфи назар аз таҳаввулоти иқтисодиёти ҷаҳон, бахусус, вусъати гирифтани таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо дар маҷмуъ, ҳамчун соли бобарор барои тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ низ арзёбӣ карда шуд. 
Илова ба ин, ҳамасола дар баробари дигар соҳаҳо, таҳлилу арзёбии вазъи иқтисодии мамлакат ва таъмини дурнамои рушди минбаъдаи он, аз ҷумла рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ яке аз бахшҳои калидии Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳад. 
Бинобар ин, бояд қайд намуд, ки таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аз фаъолияти босамари бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ вобаста аст. Махсусан рушди соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои фаровонии бозорҳои кишвар бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ ба шумор меравад. Бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат фазои соҳибкории истеҳсолӣ тайи солҳои охир дар мамлакат шумораи корхонаҳои хурду миёнаву бузурги истеҳсолӣ афзуда, ба зиёд гардидани маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуд. 
Вобаста ба ин масъала, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ нахуст аз дастовардҳои соҳаи мазкур сухан карда, зикр намуданд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст: 
- мутобиқ ба ин санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои субъектҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорон 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ гардидаанд; 
- танҳо дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки ин рақам дар давоми солҳои 2016–2018 ба 15 миллиард сомонӣ баробар буд; 
- ҳоло аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад; 
- шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст; 
- дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки ин нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад; 
- танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Ин, бешубҳа, аз саҳми назарраси соҳибкорони мамлакат дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла тавассути бунёди корхонаҳои иҷтимоию истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав дарак медиҳад; 
- бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ, дар давоми соли 2022 як қатор ҳамоишҳои иқтисодӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор гардиданд. Дар ин раванд, танҳо дар натиҷаи баргузории Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб–2022», Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-инвест–2022» ва бизнес форуми Тоҷикистону Белорусия 65 санади ҳамкорӣ дар ҳаҷми беш аз 9,1 миллиард сомонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ва созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расидаанд; 
- дар панҷ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 55 миллиард сомониро ташкил кард, ки 36 фоиз ё беш аз 20 миллиарди он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд. Доир ба ин масъала Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо ҳоло ҳам барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мо, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ҳоло ҳам нокифоя мебошанд. 
Умуман, дастовардҳои ноилгардида ва вазифаҳои барои оянда гузошташуда собит месозанд, ки масъалаҳои ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дахлдошта таҳти назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дода шуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароит, баланд бардоштани иқтидори содиротии давлат, рақобатнокии молу маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва умуман, инкишофи иқтисодиёт мусоидат менамояд. 


Шодиев Кӯҳзод, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ