Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Истиқбол аз Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба самти маориф, илм ва таълим

Ҷойи хушнудист, ки Давлат ва Ҳукумати кишварамон зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ дар пайи беҳбуд бахшидан бар вазъи маориф, илм ва таълим ҳамвора кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Чигунагии раванди рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм дар Паёмҳои давраӣ ё марҳалаии Президенти кишвар дар анҷоми ҳар сол дар ҳузури вакилони Порлумони кишвар ироа мегардад, ки ин нишондиҳандаи матонати он кас нисбат бар ҳаёту фаъолияти аҳли зиё ва гузоштани қадамҳои устувор дар сиёсати маорифпарваронаашон мебошад. Дар Паёми анҷоми соли 2022 ва вуруди соли нав низ, чунонки аз мундариҷаи он дида мешавад, муҳтарам Президент дар баробари дигар соҳаҳои асосии иҷтимоӣ нисбат ба илму маориф низ суханони қобили таваҷҷуҳ изҳор намудаанд. Чунончи: “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.” 
Дар ҳақиқат, он муносибате, ки Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба аҳли зиё ва илм дар тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар менамоянд, далолат бар сидқи муҳтарам Президент нисбат ба қишри зиёии миллат намуда, исботи хешро дар кӯшишҳои бардавоми он кас дар пайи беҳбуд бахшидан бар вазъи ҳаёт ва рӯзгордории аҳли илму маориф пайдо намудааст. Чунончи, яке аз хуштарин паём дар Паёми нави Президент дар иртибот бо ҳаёти иқтисодии аҳли илму маориф он аст, ки эшон ба вакилони Порлумон пешниҳод намуданд, то дар баробари кормандони муассисаҳои тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати аҳли маориф ва илм низ ба ҳадди 20 фоиз зиёд карда шавад. Хушхабари дигар он аст, ки аз ин илтифоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯён низ бебаҳра намонданд, чун идрорпулии онон низ дар афзоиши фоизи мазкур ҳамроҳ буд. 
Муҳтарам Президент маорифро бунёд ва таҳкурсии миллати мутамаддин зикр карда, сармоягузорӣ кардан дар соҳаи маорифро ҳамчун ғамхорӣ нисбат бар ин қишри ахлоқсозу оянданигаҳдори ҷомеа арзёбӣ намуда, онро омили муҳимми рушди неруи инсонӣ шумурдаанд. 
Нуктаи дигари шоистаи арзёбӣ дар Паёми нав ин таваҷҷуҳи хоссаи муҳтарам Президент нисбат ба аҳли мактабу маориф мебошад: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”. Ин суханони воло, дар ҳақиқат, нуқтаи атфи муносибати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат дар иртибот бо бузургдошти муаллимону омӯзгорон ва, умуман, ҳар ки бо илму таълим фаъолият дорад, ба ҳисоб мераванд. 
Аҳли илму адаб дар ҳар ҷомеаи мутамаддин, бегумон, сутуни побарҷой дар эъмори фарҳангу огоҳӣ, хештаншиносӣ, тарбияи ватандорӣ, тавлиди ҳисси миллатдӯстӣ, эҳтироми арзишҳои милливу бостонӣ маҳсуб шуда, муҳимтарин ва шарифтарин инсони ҷамъият дар иқдос ва шиносондани Сарзамину Меҳан, Модар ва кулли мафҳумҳои муқаддас ба шумор хоҳад рафт. Нодида гирифтани бузургиву шарофати шахси муаллим муҷиботи бахтбаргаштагиву хештанситезии ҷомеаро ба бор хоҳад овард ва онро ба мунҷалоби ҷаҳолату гумроҳӣ ва бардагӣ хоҳад кашонид ва бесаводиву нодонӣ ва ҷаҳолату хурофот бошад, чунонки Пешвои азиз дар Паёмашон қайд намудаанд, “ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмондагии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”. 
Дар ҳар ҷомеаи мутамаддин нисбат ба ҷавонон, ки қишри ояндазо ва фардотавлидкунанда ба ҳисоб меравад, ҳатман таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ҷавонон махзану бунгоҳи ахлоқи ҳар ҷомеаанд, чи мустаҳсану шоиста, чи бадахлоқиву ношоиста. Ҷиҳати нигаҳдошти ахлоқи шоистаи ҷавонон онҳоро ба кору фаъолият, ки варзишу таҳсили дониш аз муҳимтарини онҳо маҳсуб хоҳанд шуд, машғул бояд дошт. Ба хушии ҷавонони мо, тайи чандин сол аст, ки Давлат ва Ҳукумати кишвар бо раҳнамоии Пешвои миллат муассисаҳои бешумори варзишиву таҳсилиро бунёд кардаанду ин бунёдкорӣ ҳанӯз ҳам мудовимат дорад. Чунончи дар Паёми нав дар иртибот бо муассисаҳои таълимӣ қайд гардидааст, дар панҷ соли охир дар кишвар 842 бинои таълимӣ барои 382 000 хонанда бунёд гардида, ки 190-тои он танҳо дар соли 2022 бунёд шудаанд, ки дар қиёс бо як сол пеши он басо беш аст. 
Дар нигоҳ бар Паёми нав илова бояд кард, ки дар соли 2022 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷиҳати рушди соҳаи маориф ҷудо гардида, ки ин, бешубҳа, ҳисоби каме нест ва сазовори арҷгузорӣ аст, чаро ки он дар қиёс ба соли гузаштааш (2021) 707 миллион сомонӣ руҷҳону бешӣ дорад. Ин ҳусни таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба аҳли илму адаб мебошад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш теъдоди муассисаҳои таълимии даврони қабл аз истиқлол ва пасошуравиро бо ҳам муқоиса намуда, қайд карданд, ки агар дар тамоми даврони шуравии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 70 соли пурраро фаро мегирад, 3229 муассисаи таълимӣ бунёд шуда бошанд, танҳо дар 31 соли истиқлоли кишвар 3430 муассисаи таълимӣ эъмор гардидаанд. Ин, агар аз як сӯ, ишорат бар шарофат ва баракати даврони истиқлол намояд, чун истиқлол озодӣ аст ва озодиро Худой низ дӯст дорад, аз сӯйи дигар, далолат бар сарсупурдагиву пойфишории садоқатмандонаи Пешвои миллат дар иртибот бо насли наврасу ҷавони миллат менамояд. Хушо, ки имрӯз дар Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёна 2 миллиону 300 ҳазор нафарро дар оғӯши худ парварида ва тарбият карда истодаанд, ки ин муҳимтарин ва беҳтарин роҳи рушди донишу фарҳанг ва, ҳамчунин, нигаҳдошти ахлоқи синни хурди қишри ҷомеа – наврасону ҷавонон ба ҳисоб хоҳад рафт. Чаро ки танҳо нишастан дар курсиҳои синфхонаҳо худ беҳтарин омили баркандан ва дур доштани ҷавонон аз фикри баду мағшуш ва, дар ниҳоят, аз аъмолу кирдори ношоиставу ҷиноятзо мебошад. Тавозуни ахлоқ ва нигаҳдошти ахлоқи ҷомеа ба нишастани ҷавонон дар курсиҳо сахт вобаста аст ва канда шудани онон аз ин курсӣ акси онро дар пай меоварад. Бинобар ин, ҳар қадар ки дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои таҳсилотӣ бисёр гардад, ҳамон қадар дар рушду инкишофи донишу фарҳанг ва ахлоқи ҷавонон судманд хоҳад буд. Аз сӯйи дигар, ҷойҳои корӣ барои муаллимон, ки тақдири донишу ахлоқи ҷавонон дар дасти эшон ва дар ихтиёри онон аст, меафзояд. Хушо Паёми нав ва хушо муаллим ё омӯзгор – фарди ҷонсупору мураббии миллату мардум, фарде, ки ҳар нафари миллат умрбод аз ӯ қарздор аст! 


Тифли миллат вомдори ақли донишзои ӯст, 

Модари огоҳии моро чу қалб омӯзгор. 


Озод Саидҷаъфаров, профессори кафедраи забони тоҷикӣ