Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Паём ҳуҷҷати таҳкимбахши сиёсати иқтисодию хориҷии мамлакат

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояи баланди милливу хештаншиносӣ асос ёфта, ҷузъи таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба шумор рафта, мардуми шарафманди мамлакатро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш ҳидоят менамояд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввали пас аз истиқлолият, ки давраи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, «сиёсати дарҳои боз», робитаи байналмилалиро барои муаррифии кишвар дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои азнавсозии низоми иқтисодии мамлакат оғоз намуд, ки сиёсати мазкур то ба имрӯз идома дорад. Имрӯз мо самараи чунин муносибатҳои гуногунҷабҳаро дар арсаи мухталиф бе ягон мамоният мушоҳида менамоем. 
Маҳз ин сиёсат боис гардид, ки кишвари маҳбуби мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавӣ сохт, балки бо ёфтани равиши хоси дипломатии худ, дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии Президенти кишвар имрӯз дар арсаи байналмилалӣ як кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст. 
Бо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти мамлакат, Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардида, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои кӯҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи барқароршаванда мавқеи фаъолро ишғол намудааст. Вобаста ба ин аз тарафаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати нуқтаи муҳимме қайд гардид, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Ва 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул гардид. Яъне, ин ташаббуси сатҳи байналмилалӣ боиси ифтихори ҳар як фарди миллати тоҷик мебошад. Ҳамчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе вобаста ба ин мавзуъ конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. 
Дигар самти сиёсати хориҷии мамлакат дар шароити имрӯза ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад. 
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба муносибатҳои тиҷоратӣ гардиши тиҷоратии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 ба 6359,1 млн дол. ИМА расид, ки нисбат ба соли гузашта 39,5% афзоиш ёфт. Ва ё ин ҳаҷми содирот соли 2022 ба 2149,6 млн дол. ИМА-ро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,8% зиёд гардид. 
Ҳаминро бояд қайд кард, ки Тоҷикистон бо сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ муносибатҳои берунии худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ густариш дода, аз имкониятҳои ҷорӣ ва оянда ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад. 
Имрӯз ҷомеа дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси геосиёсӣ ва мураккаби пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ қарор дорад. Дар ин маврид аз тарафи Пешвои муаззами миллат дар Паём чунин нуктаҳо қайд гардиданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”. 
Ҳамин тавр, Паём ҳуҷҷати асосии стратегии тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро фарогир буда, вазифаҳо ва амалҳои дарпешистодаро бо маҷмуи том мураттабу матраҳ месозад, ки ҳолати кунунӣ ва фардоро бо дарназардошти раванди тағйирёбӣ муайян менамояд. 


Абдукарим Муминов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ