Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Рушди саноаткунонии босуръат – ҳадафи чоруми миллӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Вобаста ба ин, дар суханронияшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози ақида карданд: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ–индустриалӣ ба индустриалӣ–аграрӣ амалӣ гардонида истодаем. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт». 
Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ соли 2018 Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шавад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. 
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корхонаҳои соҳавӣ дар семоҳаи аввали соли равон ҷиҳати татбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии давлат - яъне гузориши иқтисодиёти мамлакат аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ–аграрӣ, инчунин, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 анвари соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» корҳои муайянеро ба анҷом расонид. 
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 5 млрд 721 млн сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 115,9% баробар шуда, афзоиш 792,9 млн сомониро ташкил дод. 
Ҳиссаи соҳаҳо дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тариқи зайл ба назар мерасад: электроэнергетика 31,3%, саноати маъдан 25,6%, саноати хӯрокворӣ 19,0%, саноати масолеҳи сохтмон 8,7%, саноати сабук 7,1%, саноати мошинсозӣ 6,1%, табъу нашр 0,9%, саноати ангишт 0,7% ва газ 0,5%. 
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 152,4%, саноати маъдани кӯҳӣ 115,0%, саноати масолеҳи сохтмон 111,1%, саноати сабук 113,5%, саноати мошинсозӣ 110,6%, саноати табъу нашр 169,8%, саноати хӯрокворӣ 118,4% корхонаҳои пахтатозакунӣ 67,9%, нафт ва газ 124,5% ва электроэнергетика 123,3%-ро ташкил дод. 
Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ қисман таъмин гардида истодааст. 
Дар ин давра маҳсулоти нави саноатии воридотивазкунанда, ба монанди халта, риштаи полипропиленӣ, ротбанд, хишти сабук, гаҷкартон, халтаҳои полиэтиленӣ, собуни мушкин, гӯшти мурғ, сачоқчаҳои хушк, эмулсия, бозичаҳои кӯдакона, трактор, ядак (прицеп), автобус, фойтунчаҳои кӯдакона, аробачаҳои кӯдакона, пахтаи тиббӣ, гирдакҳои пахтагин ва чӯбчаҳои пахтагини нафис истеҳсол карда шуданд. 
Хушбахтона, солҳои охир як қатор корхонаҳои саноатии пуриқтидор ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар рафти саноатикунонии кишварамон саҳми беандозаи худро гузоштаанд. Аз ҷумла, гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои азими саноатӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт фаъолияти пурсамар дошта, давра ба давра вобастагии бозори ҷумҳуриро аз маҳсулоти сохтмонӣ ва нассоҷии хориҷӣ коҳиш дода истодааст. 
Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки нақши гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бозомӯзии мутахассисон, вориди технологияҳои муосири инноватсионӣ, ғанӣ намудани буҷет бо андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, беҳтар кардани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ назаррас аст. 
Дар айни замон, маҳсулоти корхонаҳои сементбарорӣ талаботи аҳолии Тоҷикистонро пурра қонеъ намуда, қисми боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Узбекистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Федератсияи Россия содирот карда мешавад. 
Ҷиҳати ноил гардидан ба саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат нисбат ба соҳибкорони ватанӣ дар Паёми соли гузашта имтиёзҳои зеринро пешбинӣ намуданд: 
Саноаткунонии босуръати кишвар яке аз он масъалаҳои асосие ба ҳисоб меравад, ки Пешвои миллат дар Паём ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. 
“Мо, - омадааст дар Паём, - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат бо ғизои хушсифат, инчунин. вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодаем”. 
Бо назардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди шунидан ва мутолиа намудани матни Паём аз тарафи мардуми шарифи мамлакат якдилона пазируфта шуд. Пешвои миллат вазифа гузошт, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. 
Ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар бо дигар ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар вобастагии калон дорад. Агар мо ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ нарасем, корхонаҳои сохтаамонро ба кор дароварда наметавонем. Ва ё агар роҳи ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй надошта бошем, маҳсулоти истеҳсолнамудаамонро ба хориҷи кишвар бароварда наметавонем. 
Як чизро дар хотир доштан зарур аст, ки дар саноатикунонии босуръати кишвар ҳама, аз ҷумла соҳибкорон, одамони доро, касоне, ки имконияти бунёди корхона ва коргоҳҳоро доранд, фаъолона иштирок карда метавонанд. Ҳамаи онҳо аз тарафи давлат ва Ҳукумат дастгирӣ ва пуштибонӣ меёбанд. 


С.З. Нуриддинов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ