Мақолаҳо
Паём ва ташаккули иқтисоди рақамӣ
Инкишофи пешрафти илму техника ва ҷаҳонишавии соҳаҳо моро водор месозанд, ки ба таври ҷиддӣ муносибатҳои худро дигаргун созем. Тағйирёбии баъзе масъалаҳо дар миқёси байналмилалӣ ба монанди рушди технологияҳои пешрафта, тағйирёбии иқлим, сиёсати геополитикии кишварҳои ҷаҳон, фақру гуруснагӣ ва дигар омилҳои таъсиррасонанда ба ҷомеи ҷаҳонӣ мисоли онанд.
Пайваста кӯшиш ба он бояд кард, ки ҳамеша қобилияти идора кардани воситаҳои ақлонӣ ва пешрафти баъзе масъалаҳоро ба инобат гирем. Муносибати инсон имрӯз дар асоси технология ва интернет шавқманд шуда истодааст, ки ин ҳама аз пешрафти шабакаи ҷаҳонии интернет ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ гувоҳӣ медиҳад.
Иқтисоди рақамӣ тақозои муҳими рушди даврони муосир мебошад. Бинобар ин, яке аз манбаъҳои асосии рушди минбаъдаи институтсионалии кишвар табодули рақамӣ буда, барои ташкили иқтисоди рақамӣ заминаи муосири меъёрии ҳуқуқӣ, низоми нави самараноки идоракунии давлатии захираҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва технологияҳои рақамӣ ва механизми нави ҳамкории шабакавӣ дар ҷомеаи иттилоотиро талаб мекунад.
Иқтисоди рақамӣ як фаъолияти иқтисодиест, ки ба технологияҳои рақамӣ асос ёфта, бо тиҷорати электронӣ, интернет-хизматрасониҳо ва молу хизматрасониҳои рақамӣ истеҳсол ва ба бозор бароварда мешаванд. Пардохтҳо барои хизматрасониҳо ва молҳои иқтисоди рақамӣ аксар вақт бо асъори рақамӣ (пулҳои электронӣ) анҷом дода мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд карданд, ки бояд ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Пешвои миллат ин тавсеаҳоро ба тамоми сохторҳо оид ба рушди иқтисоди рақамӣ пешниҳод карданд, аз ҷумла ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳо, Хадамоти алоқа, маориф, илм ва дигар сохторҳои давлатӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молия ва Хадамоти алоқа дастур доданд, ки тибқи принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ минбаъд низ доир ба масъалаҳои интизоми молиявӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, шаффофияту тобеият ва таҳияи босифати буҷети давлатӣ, инчунин, рақамикунонии соҳа чораҳои амалӣ андешанд. Бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ дар кишвар барои рушди шабакаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, таъмин намудани гуногуншаклии хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад.
Раванди рақамикунонӣ на танҳо дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, балки хизматрасониҳои бонкӣ, идоракунии истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф, савдо ва логистика, инчунин дигар соҳаҳо ба таври васеъ инкишоф ёфта истодааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои меъёрии ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ ташаккул ёфта истодааст ва якчанд ҳуҷҷатҳои давлатӣ, аз ҷумла Консепсияи ҳукумати электронӣ, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди истифода қарор доранд. Вале истифодаи технологияи рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ҳанӯз назаррас нест.
Бо вуҷуди дастовардҳои назарраси таҳияи заминаи ҳуқуқии соҳа, истифодаи тиҷоратӣ ва таъсири иқтисодии бахши ТИК дар Тоҷикистон масъалаҳои таъмини шароити рақобати озод, дастрасӣ ва истифодаи инфиродии алоқаи интернет дар муқоиса ба кишварҳои минтақа беҳбудиро тақозо менамоянд.
Чунончи индекси омодагии шабакавӣ (Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ) Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,3 холро соҳиб буда, байни 139 кишвари ҷаҳон мавқеи 114-умро ишғол менамояд.
Фарогирии алоқаи мобилӣ то 6,9 млн. муштарӣ ё 73 фоизи аҳолӣ дар соли 2020 расида, истифодабарандагони шабакаи интернет дар ин давра ба 3 млн муштарӣ ё ба 31 фоизи аҳолии кишвар баробар гардид. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон ҳанӯз марҳилаи аввали рушди иқтисоди рақамӣ қарор дошта, сатҳи фарогирии интернети фарохмавҷ паст ва арзиши он нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбатан баланд аст.
Тибқи таҳлилҳои ташкилоти иқтисодиву молиявии байналмилалӣ дар ҳолати ба 10 фоиз афзоиш ёфтани сатҳи фарогирии аҳолӣ бо алоқаи интернети фарохмавҷ суръати рушди иқтисодии кишвар иловатан 1,4 фоиз зиёд мегардад. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имкониятҳои васеи татбиқи технологияҳои рақамиро дар раванди идоракунии давлатӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо ва дигар самтҳо дорад. Дар баробари ин, иқтисоди рақамӣ дар шароити дастрасӣ надоштани кишвар ба роҳҳои баҳрӣ барои рушди барномасозии ватанӣ, таҳия, содирот ва роҳандозии фосилавии барномаҳои электронӣ дар ташкилоти кишварҳои хориҷӣ замина фароҳам меорад.
ассистенти кафедраи молияи ДДМИТ Давлаталӣ Қурбонализода