Мақолаҳо
Бардоштҳо аз Паёми Пешвои миллат
Яке аз падидаҳои муҳим дар давлатҳои муосир институти Паёми Сарвари давлат ба Парламент мебошад, ки онро конститутсияҳои аксари кишварҳои ҷаҳон муқаррар менамоянд.
Бояд гуфт, ки санаи 23-юми декабри соли 2022 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид. Дар баромади ифтитоҳии худ Роҳбари давлат нисбати деҳқонону кишоварзон, саҳмгузории соҳибкорон вобаста ба бунёди иншооти гуногун, инчунин барои иҷрои дигар корҳои ободонии сокинони мамлакат изҳори сипос намуданд.
Дар Паёмашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Хурсандиовар аст, ки Паёми Сарвари давлат ба Парламент оид ба вазъи кишвар ва дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, имрӯз ҳукми анъанаро соҳиб шуда, дар як қатор кишварҳои олам ба маъракаи муҳими сиёсиву давлатӣ табдил ёфтааст.
Паёми Сарвари давлат ҳамчун санади муҳими ҳуқуқии Президенти мамлакат имрӯз мақому манзалат ва нуфузу эътибори бештарро касб намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба рушду тараққии минбаъдаи кишвар як қатор таклифҳои мушаххасу саривақтӣ пешниҳод намуданд, ки он қобили дастгирии тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.
Сарвари давлат зимни ироаи Паём таъкид доштанд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.
Паёми мазкур ҳамчун санади муҳими Сарвари давлат дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҷойи махсусро ишғол менамояд. Зеро солҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳон тағир ёфта, хавфҳои нави умумибашарӣ ба миён омадаанд. Дар ин раванд, аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам боло рафта, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа баргузории онро бесаброна интизорӣ мекашанд, тавассути воситаҳои ахбори омма матолиби онро бо таваҷҷуҳи хос тамошо ва мутоила мекунанд
Аз ҷумла, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.
Мо ҷавонон пайваста ба Пешвои миллат пайравӣ менамоем. Тавре Сарвари давлат таъкид менамоянд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Бояд хотирнишон сохт, ки насли ояндаи миллатро зарур аст, ки тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.
Сиёвуш Ҳабибов, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ