Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Коррупсия - монеаи рушд

Коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст. 
Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои ҷаҳонӣ дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, содиршавии чунин ҷиноятҳо ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонанд. 
Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи чандҳазорсола дорад. Башарият, аз ҷумла гузаштагони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахӯриро чун як аъмоли касифи инсонӣ зери танқид қарор додаанд. Пас, маълум мегардад, ки мубориза бар муқобили порахӯриву ришваситонӣ реша бар умқи асрҳо дорад. 
Дар замони муосир низ коррупсия ва дигар ҷиноятҳои иқтисодии ба он алоқаманд ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудаанд. Феълан он ба худ хусусияти хос, аз ҷумла аз порагирӣ то суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ касб карда, ба институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷамъиятӣ ва арзишҳои волои маънавию ахлоқии ҷомеаи инсонӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир дар атрофи ақидаи муқовимат бо коррупсия чун монеаи рушд муттаҳид гардидаанд. 
Бо дарки хатари коррупсия ва оқибати манфӣ доштани он ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки санади байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсияро қабул намояд, то ки он тавонад муносибатҳои давлатҳоро дар самти муқовимат ба ин зуҳуроти манфур пурра ба танзим дарорад. 
Бо дарки ҷиддияти оқибатҳои хисороти коррупсия ба амнияти иқтисодии давлатҳои ҷаҳон, бо изҳори ташвиш аз воқеияти масъалаҳо ва таҳдидҳои коррупсия барои амният ва суботи ҷомеа, ки арзишҳо ва ниҳодҳои демократӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва адолатро халалдор месозанд, ба рушди устувор ва тартиботи ҳуқуқӣ зарар мерасонанд, бо нигаронӣ аз алоқаи байни коррупсия ва шаклҳои дигари ҷинояткорӣ, аз қабили ҷинояткории муташаккилона ва иқтисодӣ, ҳамчунин маблағгузории терроризм, паҳнкунии силоҳи қатли ом ва қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда 31 октябри соли 2003 “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия” қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои иштирокчӣ пешбинӣ шудаанд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия”-ро 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ (ратификатсия) намуд. Дар ин бобат меъёрҳои қонунгузории кишвар ба талаботи Конвенсияи зикршуда мутобиқ гардонида шуда, дар ин замина чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ қабул гардиданд. 
Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботи моддаи 6 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, ки ба масъалаи таъсиси мақомот оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ бахшида шудааст, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 
Мавриди зикр аст, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди дастҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст. 
Аз ин рӯ, даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд дар якҷоягӣ тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифода аз маҷмӯи тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб фаъолият ва корбарӣ намоянд. 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 7 августи соли 2020 ҳамчун санади мукаммали ҳуқуқӣ қабул гардид, ки заминаи ташкилию ҳуқуқии мубориза бо коррупсияро таъмин намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти иқтисодӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатиро аз таҳдиди ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро танзим менамояд. 
Барои муқовимат ба коррупсия ва рафъи ин падидаи номатлуб дар баробари такмили қонунгузории кишвар барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ дар ин самт қабул шудаанд, ки татбиқи онҳо ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар нигаронида шудааст. 
Мутобиқи бандҳои 12 ва 13-и Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар кишвар аз ҷумла андешидани тадбирҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд: 
— муайян намудани усулҳои муосири пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия; 
— мунтазам такмил додани қонунгузории зиддикоррупсионӣ бо назардошти рушди робитаҳо бо ҷомеа; 
— муайян намудани самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди коррупсия; 
— андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирии коррупсия, инчунин муайян намудани иҷрокунандагон ва муҳлатҳо; 
— муайян намудани тартиби назорат аз болои иҷрои тадбирҳои зиддикоррупсионӣ; 
— тақвият додани низоми ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди коррупсия; 
— муайян намудани шаклхои арзёбии вазъи коррупсия дар кишвар; 
— ташаккули мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба коррупсия; 
— ошкор ва мусодираи даромадҳои бо роҳи ҷиноят гирифта, мусодираи онхо ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа; 
— такмили низоми қонунгузории зиддикоррупсионӣ ҷиҳати риояи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ; 
— татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Хуллас, маърифатнокии зиддикоррупсионӣ дар татбиқи чораҳои зиддикоррупсионӣ бо дарки масъулият барои огоҳ намудан, пешгирӣ ва ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ташаккули муносибати оштинопазирона дар ҷомеа нисбат ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ нигаронида шудааст, ки нақши муҳим дорад. 
Дар баробари ин, таблиғи зиддикоррупсионӣ тадбири мақсадноки мубориза бо коррупсия мебошад, ки тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, вохӯриҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар усулҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 


Шарипова Р., Султонова С., Тилакмуродова С., устодони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ