Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Неруи офтоб - манбаи неруи барқароршаванда

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 зарурати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз “энергияи сабз” истеҳсолшавандаи кишварро нишон дода, иброз доштанд: “Корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати “истеҳсоли сабз” аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷӯӣ намоянд”. 
Имрӯз, дар ҳоле ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ аксулалоқаҳо ва аксулпуррасозиҳои энергетикии дар даҳсолаҳо бавуҷудомада хароб гаштаанд, таъмини амнияти энергетикӣ ва самаранокии энергетикӣ масъалаи асосии сиёсӣ барои Тоҷикистон гардидааст. Вобаста ба ин, зарурати рушди манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ ҳамчун ҷузъи таркибии иқтисоди миллӣ ба миён омадааст. 
Дар солҳои охир деҳот ва махсусан мавзеъҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба норасоии неруи барқ, ки манбаи асосии гармӣ ва ҳаловати маишӣ мебошад, дучор мешаванд. Ин мушкилотро метавон бо роҳи бунёди неругоҳҳои дар заминаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи неру коркунанда ҳал намуд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои калони барқароршавандаи неру мебошад, ки ҳатто қисман мавриди истифода қарор додани онҳо имкон медиҳад дастрасии аҳолӣ ба захираҳои неруӣ ба таври назаррас беҳтар гардонида шуда, суботнокии тавозуни неру таъмин карда шавад. 
Яке аз чунин манбаъҳо неруи офтоб мебошад, ки он алҳол дар кишварамон мавриди истифодаи умум қарор нагирифтааст. 
Тибқи ҳисобҳои мумайизони ботаҷриба, дар байни манбаъҳои барқароршавандаи неру аз ҳама аҳаммиятноктаринаш захираҳои неруи офтобӣ мебошад, ки 4790,6 млн т. сӯзишвории шартиро дар як сол ташкил менамояд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати пурра мавриди истифода қарор гирифтани неруи офтоб, аз як метри мураббаъ метавон то 1700 кВт соат неру дар як сол ба даст овард, яъне, зиёдтар аз оне, ки имрӯз ҳар як нафар барои эҳтиёҷоти маишӣ истифода мебарад. Аз ин сабаб, истифодаи неруи офтоб барои ба даст овардани неруи барқӣ дар кишварамон басо ояндадор мебошад. 
Алҳол дар ҷумҳурӣ ширкати «Системавтоматика» ва «Green Tech», инчунин, Ассотсиатсияи назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмии Тоҷикистон ба роҳандозӣ намудани манбаъҳои неруи барқароршавандаи барқ машғуланд. Тибқи ақидаҳои коршиносони соҳа, дар тӯли 10 моҳ дар як сол 60-80% талаботи мардумро метавон бо неруи офтобӣ таъмин намуд. Олимон ҳисоб кардаанд, ки потенсиали неруи офтоб дар Тоҷикистон метавонад соле ба 25 млрд кВт/соат расад, ки ин баробари 400 ҳаз. т. сӯзишвории шартӣ ваё баробарвазни 460 млн метри мукааб газ ё 528 ҳаз. т. мазут аст. 
Мавриди истифода қарор додани неруи мавҷудаи офтоб метавонад 10-20% талабот ба неруро қонеъ намояд. Ин имконият амалан истифода нагардидааст, агар андаке истифодабарии онро барои гармкунии об ба назар нагирем. 
Бонки осиёгии рушд лоиҳаҳои оид ба рушди неруи офтобро барои Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар маблағрасонӣ менамояд ва барои татбиқи ин лоиҳаҳо мебоист 2,25 млрд доллар маблағ ҷудо мекард. 
Олимон ҳисоб кардаанд, ки дар шароити Тоҷикистон ҳар як метри мураббаъ гелиоколлектор имкон медиҳад 150-200 кг ангиштсанг ё наздики 100 кг маводи нафтӣ сарфа карда шавад. Алҳол дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 2 млн гелиодастгоҳҳои оид ба таъмин бо оби гарм мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳанӯз 10 сол муқаддам майдони коллекторҳои офтобӣ дар ИМА 10 млн метри мураббаъ, дар Япония бошад - 8 млн метри мураббаъро ташкил медод. Дар ИМА ва Япония зиёда аз 5 млн адад обкашакҳои гармидиҳанда кор мекарданд. 
Дар Тоҷикистон, бо мақсади намоиш додани имкониятҳои истифодабарии коллекторҳои офтобӣ, чанде аз системаҳои чунин коллекторҳоро дар бозорҳо, масҷитҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар гузошта буданд.Соҳаҳои корбаст намудани коллекторҳои офтобӣ метавонанд инҳо бошанд: таъмин бо оби гарм ва гармкунии хонаҳои шахсӣ ва бӯстонсаройҳо, хонаҳои бисёрошёна, бо оби гарм таъминнамоии меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо,обгармкунӣ дар ҳавзҳои шиноварӣ, таъмин бо оби гарм ва гармидиҳӣ ба объектҳои саноатӣ, муассисаҳои тиббӣ, касалхонаҳо ва ғайра. 
Васли коллекторҳои офтобӣ имкон медиҳад то 60% талаботи истефодабарандагони фардӣ ба гармӣ қонеъ гардонида шавад, ки ин боиси сарфа намудани неруи барқ ё сӯзишворӣ мегардад. Олимон исбот кардаанд, ки умуман, батареяҳои офтобӣ ноилгардӣ ба нишондиҳандаҳои зеринро таъмин менамоянд: аз 1 метри мураббаъ коллектор – неруи гармӣ ба ҳисоби миёна 600-800 кВт соат дар як сол, сарфаи сӯзишвории органикӣ - 100 кг сӯзишвории шартӣ ё 260 кг – ангиштсанг. 
Шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар аксар ноҳияҳои кишварамон ба ҳар метри мураббаъ 1000 кВт, ҳаҷми солонаи радиатсия аз 2000 кВт ҳам зиёдтар аст. Ин нисбат ба хати миёнаи Аврупо, ки дар он ҷо неруи офтобӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад, ду маротиба баландтар аст. 
Дар шароити Тоҷикистон баромад аз ҳолати ногувори вобаста ба гармшавии умумиҷаҳонӣ, ки мушкилотро оид ба захираҳои об эҷод менамояд, тақозо дорад, ки корҳо оид ба истифодаи неруи офтоб фаъол гардонида шаванд. Неруи офтоб бошад, ҳамеша ва махсусан дар фасли тобистон, фаровон мебошад. 
Хусусияти хоси Тоҷикистон - ин мавҷудияти миқдори зиёди истеъмолкунандагони хурд-хурди неруи барқӣ - деҳаҳо, фермаҳо, хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, ки аз манбаъҳои истеҳсоли неру хеле дур ҷойгир шудаанд, мебошад. То ба ин гуна истеъмолкунандагон кашида овардани хати интиқоли қувваи барқ хароҷоти калонро талаб намуда, ниҳоят беманфиат мебошад. Аз ҷумлаи чунин минтақаҳо ВМКБ мебошад, ки зиёда аз 97,5% қаламравашро кӯҳҳои дар баландии зиёда аз 1400 м ҷойгирифта ташкил медиҳанд. Дар ин вилоят ноҳияи Мурғоб, ки 24% қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад, оид ба таъминот бо неруи барқ бештар ба мушкилоти калон дучор меояд, зеро мавзеъҳои аҳолинишин аз ҳамдигар дар масофаи 50 то 150 км дур ҷойгир шудаанд ва то ба онҳо кашида овардани хати ҳавоии ЛЭП 10 - 6/0,4 кВт, вобаста ба нархҳои кунунии масолеҳи сохтмонӣ, барои ҳам ноҳия ва ҳам вилоят хеле гарон мебошад. Неруи офтоб бошад, дар ин ҷо хеле фаровон аст. Дар хоҷагиҳои хонагӣ алҳол 800 адад дастгоҳҳои фотоэлектрикии маҳаллӣ гузошта шудаанд, аммо ин тамоман кофӣ нест. Ҳамин тавр, неруи офтоб якҷоя бо неруи бод якдигарро пурра намуда, метавонанд муаммои норасоии неруи барқро дар ноҳия ҳал намоянд. 
Хулоса, дар Тоҷикистон имрӯз, аз як тараф, зарурат барои истифодаи неруи офтоб ба миён омадааст, аз тарафи дигар бошад, захираҳои ин неру дар кишварамон фаровонанд. Вазифа дар он аст, ки дастовардҳои имрӯзаи илму техника ва технологияи ҷаҳонии истифодаи неруи офтобро дар амал татбиқ намуда,барои пурра намудани тавозуни неруӣ ва беҳтар намудани талаботи ба неруи барқ доштаи кишварамон, махсусан ноҳияҳои дурдасти он, тадбирҳои ҷиддӣ андешида шаванд. 


Аслон Ҳомидов, н.и.и., дотсенти кафедраи аудит ва ревизияи ДДМИТ