Мақолаҳо
Паём - имрӯзу фардои миллати мо
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони соҳибистиқлолӣ ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар панҷ соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,3 фоиз ва дар соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 71 млрд сомонии соли 2018 то 115 млрд сомонӣ дар соли 2022 ё 1,6 баробар расонида шуд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид, ки ҳамаи ин дар натиҷаи истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ба даст омадааст.
Қобили зикр аст, ки баландтар намудани мақоми илму таълим ва, дар ин замина, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бинобар ин, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаи таҳсилот, муҳайё кардани шароити зарурӣ ва дар ин раванд боз ҳам баланд бардоштани масъулияти аҳли ҷомеа ва омӯзгорон аз ҷониби Сарвари давлат махсус таъкид гардид. Дар Паём Роҳбари давлат иброз намуд, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Мақсади асосии рушди илму маориф ин баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Дар Паёми Президенти мамлакат махсус таъкид шуд, ки соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Роҳбари давлат муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олиро вазифадор намуданд,ки саҳми худро дар рушди иқтисодиёти кишвар бо пешниҳоди кашфиёту ихтирооти соҳавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир ба воситаи ташкили конкурс ва чорабиниҳои дигари соҳаҳои алоҳида ва ҳавасмандгардонии онҳо гузоранд.
Вобаста ба ин дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, барои истифода пешниҳод шудааст.
Зимни ироаи Паём Пешвои миллат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ супориш доданд, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.
Аз гуфтаҳои Пешвои миллат бармеояд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат рушди соҳаи маориф, саҳми омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаҳои муҳим давлат ва Ҳукумат талоши бештар доранд.
Р. Тағоева, дотсенти кафедраи суғурта