Мақолаҳо
Самараи дарсҳои кушод дар таълими забонҳои хориҷӣ
Дар замони муосир донистани якчанд забон имкониятҳои насли ҷавонро бештар васеъ гардонида, шароит муҳайё месозад, ки неруи хешро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият самаранок татбиқ намояд.
“Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438 қабул гардидааст, заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки мақсаду вазифа ва самтҳои татбиқи онро дар раванди таълиму тарбия, кафолати давлатӣ ба таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илмӣ, таъминоти кадрӣ, моддӣ-техникӣ ва молиявии Барномаро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ фаро мегирад.
Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон, дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омӯхта шаванд.
Забонҳои хориҷӣ хусусан забони англисӣ, яке аз забонҳои маъмул ва мондагори олам маҳсуб ёфта, дар раванди ҷаҳонишавии ҷомеа нақши қобили таваҷҷуҳ дорад. Мақсади асосии таълими забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ истифодаи амалии он мебошад, то ки забон чун воситаи муошират аз худ гардад ва маҳорати зарурӣ барои бомуваффақият ёд гирифтани забон ба даст ояд. Муоширати амалии забони хориҷӣ аз худ намудани малакаҳои нутқро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии омӯзиши забонҳои хориҷӣ ин баланд бардоштани савияи забондонӣ, инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттӣ мебошад.
Дар кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ 14 нафар омӯзгор кор ва фаъолият менамоянд, ки омӯзиши ду забони хориҷӣ: забони англисӣ ва фаронсавиро бар ӯҳда доранд. Вазифаи асосии фанҳои омӯхташаванда, тибқи талаботи стандарти давлатии таълимӣ, аз омӯзиши масъалаҳои асосии зерин иборат аст: баланд бардоштани савияи забондонӣ, рушди пайвастаи нутқи даҳонӣ ва хаттӣ, мутолиаи рӯзномаву маҷалла ва адабиёти бадеӣ бо забони хориҷӣ, вохӯрӣ ва суҳбат бо меҳмонони хориҷӣ, ирсоли иттилоот ба воситаи почтаи электронӣ ва истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет ва ғайра.
Ҳамасола устодони кафедра аз курсҳои такмили ихтисос ва забономӯзӣ гузашта, маҳорати педагогӣ ва забондониашонро мустаҳкам менамоянд. Солҳои қаблӣ якчанд устоди кафедра ба давлати Ҳиндустон барои гузаштан аз курси такмил ва забономӯзӣ ба муддати ду ва се моҳ сафар намуда буданд.
Дар кафедраи “Забонҳои хориҷӣ” аввали соли хониш ҷадвали баргузории дарсҳои кушод ва маҳфилҳои фаннӣ тартиб дода шуда, аз тарафи муовини таълимӣ тасдиқ карда шудааст. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар давоми соли хониш дар кафедра чор дарси кушод ба нақша гирифта шудаанд. Дарси кушод воситаи паҳн намудани таҷрибаи пешқадам, натиҷаи корҳои методии омӯзгорон ва унсури таъсирбахши раванди таълиму тарбия ба ҳисоб меравад. Дар соли хониши равон ассистенти кафедра Орзуева Парвина Ҷамолиддиновна дар таърихи 13 октябр 2022 дар факултаи молия ва қарз, гурӯҳи 1 25 01 04 01 “В” ва номзади илмҳои филология, муаллими калони кафедра Диловаров Манучеҳр Мазамович дар таърихи 27 ноябр дар факултаи ҳисобдорӣ ва омор дар гурӯҳи 1 25 01 08 03 “Б” дарси кушод гузарониданд. Дар нимсолаи дуюм асситенти кафедра Ҳамроев Манучеҳр моҳи март ва номзади илмҳои филология, муаллими калон Фатҳуллоева Шарофат моҳи апрел дарси кушод хоҳанд гузаронд. Ногуфта намонад, ки дарсҳои гузаштаи устодони кафедра бо як маҳорати баланди педагогӣ гузаронида шуда, аз тарафи мониторинги сифати таълими бисёр хуб арзёбӣ гардиданд. Омӯзгорон аз методу усулҳои самараноки таълим, видеопроектор, наворҳои таълимӣ, саволномаҳо, матнҳои тайёр истифода бурда, воситаҳои грамматикии дар замонҳои гуногун сохтани ҷумлаҳоро ба донишҷӯён фаҳмониданд. Матнҳо ба ихтисоси донишҷӯён мувофиқ буда, забономӯзӣ ва касбияти онҳо ба инобат гирифта шуд.
Мақсад аз баргузории дарсҳои кушод ва маҳфилҳои фаннӣ мукаммал гардонидан ва мавриди истифода қарор додани методҳои пешқадами раванди таълиму тарбия, таҳлили самаранокии усулҳои таълим ва назорати сифати таълим мебошад.
Ҳангоми гузаронидани дарсҳо бо мақсади ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши ин фанҳо омӯзгорон вобаста ба мавзуи дарс аз видеопроекторҳо, видеороликҳо ва ҳар гуна маводҳои дидактикӣ истифода менамоянд, ки ин такя ба барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассиаи таълимӣ мебошад.
Мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, н.и.ф., дотсент Ҳусейнова Г. А.